Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзилҳои бегази сокинони Кӯлоб


Интиқоли гази табиӣ ба манозили сокинони Кӯлоб қатъ шудааст ва иллати ин амр пардохт нашудани маблағи истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ гуфта мешавад.

Бахтиёр Ҷалолов, сардори идораи "Кӯлобгаз" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинони Кӯлоб барои истифодаи гази табиӣ маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ҷалолов, "Кӯлобгаз” ҳар моҳ дар чорчӯби шартнома барои интиқоли газ ба ширкати “Ҷалолӣ” маблағи 220 ҳазор сомонӣ бояд пардохт кунад. Аммо ин идора ахиран танҳо 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст, ки ин амр боиси қатъи интиқоли газ ба манзилҳои сокинони Кӯлоб шудааст.

Бахтиёр Ҷабборов.
Бахтиёр Ҷабборов.

Бахтиёр Ҷалолов афзуд, “даҳ рӯз шуд, ба кор омадам. Идора дар буҷааш як тин надорад. Ҳол он, ки идораи “Кӯлобгаз” бо ширкати “Ҷалолӣ”, ки шартнома дошт, онҳо газро аз чоҳҳояшон таъмин мекарданд. Ба ин далел, ҳар моҳ бояд 220 ҳазор сомонӣ пардохт мегардид, аммо 20 ҳазор сомонӣ пардохт шуду халос. Аз ин рӯ газ қатъ шуд. Ҳоло мо таблиғ дорем ба сокинон, агар сокинон розӣ бошанд ва пешниҳоди моро пазиранд, мо то чанд рӯзи интиқоли газро аз сар мегирем. Аммо баъзе одамон бовар надоранд, лекин мо онҳоро мумтаин мекунем, ки то панҷ соли оянда газ барои сокинони Кӯлоб дар чоҳҳо вуҷуд дорад.”

Дар пайи қатъи интиқоли газ ба манозили сокинони Кӯлоб, баъзе аз сокинон дигар бовар надоранд, ки гази табииро дубора дастрас мекунанд. Ба гуфтаи ин сокинон, чор соли пеш низ ба хонаҳои онҳо ҳудуди 2 моҳ газ ворид шуд, аммо баъдан қатъ гардид ва ҳамин тавр то соли 2015 аз гази табиӣ хабаре набуд. Аз моҳи ноябри соли гузашта то авоили марти соли ҷорӣ сокинон бо гази табии таъмин шуданд ва ҳоло аз чаҳор моҳ ба ин тараф интиқоли он қатъ шудааст.

Сайёҳат, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, интиқоли газ дар фасли сармои имсола хуб буд, аммо якбора қатъ шуд. Хонум Сайёҳат мегӯяд, ки агар дубора гази табиӣ дода шавад, мушкилоти рӯзгорашон ҳал хоҳад шуд. Зеро ба таъкиди ин хонум, бе газ омода кардани хӯрок дар аёми Рамазон душворӣ пеш меорад. "Ҳамин зимистон интиқоли газ хуб буд ва сари ҳар моҳ 30 сомонӣ пардохт мекардем. Аммо ҳамакнун пас аз чор моҳ боз қатъ шуд. Ҳоло бовар надорем, ки газ шавад"- гуфт Сайёҳат.

Сайёҳат, сокини шаҳри Кӯлоб.
Сайёҳат, сокини шаҳри Кӯлоб.

Зимнан, дар гузашта идораи «Кӯлобгаз» сокинони шаҳри Кӯлоб ва гирду атрофи онро бо гази табиии чоҳи «Хоҷасартез», ки дар кӯҳҳои ноҳияи Балҷувон воқеъ аст, бо газ таъмин мекард. Дар пайи ба итмом расидани гази табиии чоҳи «Хоҷасартез», сокинони Кӯлоб аз газии табиӣ маҳрум шуда, аксар қубурҳои газро аз хонаҳои худ канданд. Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб чоҳи "Каримбердӣ" баъди чоҳҳои бузурги «Хоҷасартез» панҷумин чоҳе мебошад, ки дар наздикиҳои кӯҳҳои Балҷувон ҷой гирифтааст.

Кофтукови захираи газро дар ин макон ширкатҳои чинӣ дар идома медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бояд дар ноҳияи Данғара корхонаи бузурги полоиши нафт бунёд шавад. Ба иттилои мутахассисони чинӣ, зарфияти солонаи чоҳи гази “Каримбердӣ” 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт мебошад.

Ширкати канадагии "Тетис Петролеум”, яке аз фаъолтарин ширкатҳо дар бахши истихроҷи нафту гази Тоҷикистон, ду сол пеш бо нашри як гузориши вижа гуфт, пажӯҳишҳо мавҷудияти захираҳои “хеле азим”-и нафту газро дар бистари хоки Тоҷикистон ошкор кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, захираҳои гази Тоҷикистон ба 3 миллиарду 228 миллион метри мукааб баробар буда, захоири нафт ва гази моеаш метавонад беш аз 8,5 миллиард бушкаро ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG