Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи мамнӯи духтари туркман ва писари тоҷик


Хонаводаҳои туркман умдатан аз издивоҷ бо миллатҳои дигар парҳез мекунанд.
Хонаводаҳои туркман умдатан аз издивоҷ бо миллатҳои дигар парҳез мекунанд.

Дар ҷануби Тоҷикистон бештар аз 5 ҳазор туркман зиндагӣ мекунанд, вале бо вуҷуди наздикии урфу одат ва ҳаммазҳабӣ издивоҷи онҳо бо тоҷикон аҳёнан дида мешавад.

Дилдораи 30-сола, духтари туркмантаборе аз ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон бехабар аз пофишории волидайнаш рӯи урфу одатҳои миллӣ ҷавони тоҷикеро дӯст дошт, вале волидайнаш мухолифи ишқи онҳо шуданд ва нахостанд, ки дасти духтарашонро ба дасти ҷавони тоҷик диҳанд. Дар давоми 8 соли дӯстии духтари туркману ҷавони тоҷик хостгорҳо бисёр ба хонаи Дилдора омаданд, вале то охир ҷавоби рад шуниданд ва ноумед шуданд. Дилдора мегӯяд, аз ин урфу одатҳои нонавишта ба танг омадааст:

“Вай зиёд мехост, ки арӯсӣ кунад, вале хешу табори худамон туркманҳо намехостанд, ки тоҷикро гирем. Урфу одатҳо ҳаст, ки агар тоҷикро гирӣ, аз болоят механданд. Ман намехоҳам, ки ҳамин урфу одатҳо бошад, дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва ҳақ дорем, ки бачаи тоҷикро дӯст дорем ва издивоҷ кунем”

Дилдора мегӯяд, мисли ӯ духтарҳои зиёди дигари туркмантабор ҳастанд, ки натавонистанд бо дилдодаҳои тоҷики худ оила барпо куннад. Як дугонаи Дилдора бо сабаби мухолифати волидон ба шахси мавриди назари онҳо расид, вали билохира аз ҳамсар ҷудо шуд.

Исмоил Сардоров, марди туркмантаборе аз ноҳияи Ҷилликул мегӯяд, ки онҳо бо тоҷикҳо дӯстӣ доранд, вале барои онҳо одат шудааст, ки танҳо бояд бо ҳаммилатони худ арӯсӣ кунанд:

“Бобоён ва гузаштагони мо розӣ набуданд ва намемонданд, ки бо дигар миллат арӯсӣ кунем. Мегуфтанд, ки агар касеро гиред, оқ мекунем ва аз хонаҳоямон пеш мекунем барои ҳамин аст.”

Истодагии рӯи урфу одат ва қонуни нонавиштаашон даҳҳо ҷавони ошиқро дар ин ноҳия ноумед кардааст.

Зебо Шарипова, мегӯяд суннати туркманҳл суннати баде нест.
Зебо Шарипова, мегӯяд суннати туркманҳл суннати баде нест.

Зебо Шарипова, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷилликул дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Сару либос, урфу одат ва анъанаҳои худашонро нигоҳ доштаанд. Тӯйҳояшонро мисли тӯйҳои туркманҳо мекунанд. Туркманҳои худашонро дӯст медоранд ва барои ҳамин бо ҳаммиллатони худ арӯсӣ мекунанд.”

Ҳасан Бафоев, корманди идораи сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Ҷилликӯл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ёд надорад, ки онҳо тоҷику туркманро никоҳи расмӣ карда бошанд:

“Тоҷику туркманро никоҳ кардагӣ нестам, охир ба мо муроҷиат накардаанд ва мониз никоҳ накардаем. Онҳо урфу одати худро доранд.”

Рустам Сафаров, як таҳлилгари хатлонӣ мегӯяд, ки туркманҳои ноҳияи Ҷилликул ба хотири ҳуввияти миллӣ аз издивоҷҳои пайвандонашон бо тоҷикҳо ва дигар милатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, худдорӣ мекардаанд.

Ҷаноби Сафаров гуфт, онҳо дар мавриди урфу одати туркманҳо соле қабл назарпурсӣ анҷом дода будаанд: “Туркманҳо мардуми пешрафтае ҳастанд, ки дар ноҳияи Ҷиликул дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, вале дар назарпурсии мо гуфтанд, ки онҳо намехостаанд, ки бо дигарон издивоҷ кунанд. Онҳо дар урфу одатҳои худ содиқ ҳастанд. Онҳо дар деҳаи худ калон ё роҳбарҳое доранд, ки гапи онро гӯш мекунанд ва мехоҳанд, ки тозагии миллати худро ҳифз кунанд. Агарчӣ ба назари аввал ин миллатчигӣ менамояд, вале фикр мекунам, ки онҳо кори хубе мекунанд.”

Дар ҷануби Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуроди ноҳияи Ҷилликул ҳудудан 5 ҳазор туркмантаборон зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд пажӯҳиши хосе дар заминаи тарзи зиндагии аққалияти туркман дар ин деҳоти ҷануби Тоҷикистон анҷом нашудааст, вале худи онҳо мегӯянд, ки на камтар аз 300 соли охир дар ин минтақа сукунат доранд.

Туркманҳо дар ноҳияи Ҷиликул дар бахши тандурусӣ, маориф ва кишоварзӣ кор мекунанд ва айни замон, расму оинҳои миллии худ, сару либос ва оини хонадориро ҳифз кардаанд. Дар Ҷилликул ду қабилаи туркманҳо “ҷой” ва “такатуркман” сукунат доранд.

XS
SM
MD
LG