Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ақӯй", китобҳои Бердимуҳаммадов... Туркманҳо ба Тоҷикистон чӣ оварданд? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Туркманистон бо ҳузури беш аз 350 ҳунарманду овозхон баргузор шуд.

Аммо он чизе, ки аз ин чорабинӣ ба хотири бисёриҳо мондааст, ин мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон буд, ки бархе тамошобинони тоҷикро дар ҳайрат гузошт. Баробар бо исми президенти кишвари ҳамсоя бисёр тамошобинон бо вожаи Арқадаг ҳам шинос шуданд, ки унвони дигари пешвои мардуми Туркманистон будааст.

“Туркманистон зери роҳбарии Арқадаг гул мекунад”

Онҳо мегуфтанд, дар Туркманистон мардум хушбахтона зиндагӣ доранд ва ягон мушкили ҷиддии иҷтимоӣ надоранд. Ҳатто вақте мо аз онҳо суол кардем, ки “оё дар вилояти Дашоғуз (Тошҳавз) мардум барои нон навбат меистанд?”, қатъан посухи рад дода гуфт, “ин афсонаро кӣ ба шумо гуфтааст?”

Бар асоси барнома, ҳунармандони туркман дар шаҳри Душанбе нахуст намоиши ҳунарҳои мардумии Туркманистонро пешниҳод ва баъдан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, “Туркманистон қалби Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” муаррифӣ карданд. Ҳунармандони Туркманистон баъд аз зуҳри 15-уми октябр дар театри Лоҳутии шаҳри Душанбе намоишномаи “Гулпам”-ро намоиш доданд. Шоми 15 октябр дар “Кохи Борбад”-и Душанбе ва ҳам дар ноҳияи Дӯстӣ, макони зисти 30 ҳазор аққалияти туркман дар Тоҷикистон, консерти калони ҳунармандони Туркманистон баргузор шуд.

Туркманистон бори охир тобистони соли 2014 рӯзҳои фарҳангии худро бо иштироки 60 нафар аз ҳунармандони туркман дар Тоҷикистон баргузор карда буд. Бар асоси созишномаҳои байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ҳар ду сол рӯзҳои фарҳанги кишварҳои узв дар қаламрави якдигар баргузор мешавад ва рӯзҳои фарҳангии Туркманистон бахше аз онҳост.

Дар бораи ташкили рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон як соли пеш дар ҷараёни боздиди расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2017 хабар доданд. Дар пайи сардии равобит дар муносиботи Душанбеву Ашқобод чунин эҳтимолҳо низ вуҷуд дошт, ки Туркманистон баргузории рӯзҳои фарҳангашро дар Тоҷикистон ба таъхир мегузорад. Вале чанд рӯз пеш аз баргузории ин барномаи ҳунарӣ маълум шуд, ки Туркманистон ҳайати 350-нафарии сафирони фарҳангашро ба Тоҷикистон мефиристад. Бархе дар ҳукумати Тоҷикистон умедворанд, ки ин иқдом метавонад оғози хубе барои дубора оддӣ шудани муносибатҳои байни ду кишвар шавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо либоси миллии туркманӣ
Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо либоси миллии туркманӣ

Мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз сӯи ҳунармадони туркман ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали берун шудани онҳо аз қатори роҳи оҳан шоми 14 октябр шуруъ шуд. Тақрибан ҳамаи ҳунармандони туркман бахши асосии суҳбаташонро ба тавсифи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида буданд.

Амонеллӣ Аралов, ходими фарҳангии Туркманистон аз ҷумлаи вассофони Арқадаг аст. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ, аз сиёсати Бердимуҳаммадов батакрор васф мекард ва ба эътиқоди ӯ, кишвараш таҳти роҳбарии Арқадаг тараққӣ дорад.

“Арқадаги меҳрубони мо барои пешрафти фарҳанг хеле таваҷҷуҳи зиёд доранд. Китобҳои он кас бозгӯкунандаи таърихи ғании Туркманистон аст. Мо мехоҳем халқи тоҷик аз китобҳои муҳтарам Бердимуҳаммадов огоҳ шаванд,” - гуфт Аралов.

Аммо тавсифи Бердимуҳаммадов бо суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом наёфт. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии китобҳои раисҷумҳури Туркманистон мадҳу санои Бердимуҳаммадов ба авҷи аъло расид.

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:25 0:00

“Китоби Арқадаг туҳфа ба ҳамаи ҷаҳониён аст”

Атаҷон Бурунов, академики Туркманистон китобҳои Бердимуҳаммадовро «як туҳфа на танҳо ба халқи туркман, балки ба тамоми ҷаҳониён» хонд.

Ӯ, ки суҳбати қариб 15-дақиқагии худро пурра ба мадҳи Бердимуҳаммадов бахшида буд гуфт:

“Аз сиёсати бохирадонаи муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин аст, ки он кас дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти Туркманистон китоберо таҳти унвони “Туркманистон дар қалби Шоҳроҳи Абрешим” ба халқи худ тақдим намуданд. Агар шумо бо китоби он кас шинос шавед, мефаҳмед, ки дар шароити имрӯз дар қалби Шоҳроҳи Абрешим чӣ мегузарад. Мо аз сиёсати хирадмандонаи Арақадаг миннатдорем, ки имконият медиҳад тамоми мардуми кишвар хушбахтона зиндагӣ кунанд”.

“Туркманҳо дар мадҳу сано тоҷиконро ба як нӯл заданд”

Дар рӯзҳои фарҳангии Туркманистон Амангузел Шакулиева, қаҳрамони Туркманистон ва нависандаи халқии ин кишвар ҳам қариб 20 дақиқа баромади худро ба васфи роҳбари кишварашон бахшида буд.

Ӯ бо забони туркманӣ шеър мехонд ва ибораҳои “Меҳрубон Арқадаг” ва “Қаҳрамон Арқадаг”-ро батакрор ба забон мебурд. Ба ҳар шеъри хондаи ӯ, аҳли ҳунари Туркманистон ва донишҷӯёни он кишвар дар Тоҷикистон кафкӯбӣ мекарданд.

Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар муаррифии китобҳои Бердимуҳаммадов ҳузур доштанд, аз ҳамсабақони туркмани худ суол мекарданд, ки «Арқадаг кӣ аст?», ки ин қадар зиёд номи ӯ бурда мешавад.

Мадҳу санои шахси аввал дар Тоҷикистон ҳам чизи нав нест. Аммо як иштирокдори рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Душанбе гуфт, “туркманҳо дар мадҳ тоҷиконро ба як нӯл заданд.”

“Ин афсонаро ба шумо кӣ гуфт?”

Ҳамсуҳбатони мо аз ҳайати фарҳангиёни Туркманистон ба суолҳои мо дар бораи мушкилоти иқтисодии кишварашон посухи рад медоданд. Онҳо мегуфтанд, дар Туркманистон мардум хушбахтона зиндагӣ доранд ва ягон мушкили ҷиддии иҷтимоӣ надоранд. Ҳатто вақте мо аз онҳо суол кардем, ки “оё дар вилояти Дашоғуз (Тошҳавз) мардум барои нон навбат меистанд?”, қатъан посухи рад дода гуфт, “ин афсонаро кӣ ба шумо гуфтааст?”

Туркманистон аз камтарин кишварҳои худкомаест, ки дар он мадҳу санои шахси аввал ба қавли таҳлилгарон ба ифрот расидааст. Телевизионҳои давлати ин кишвар шабонарӯз барномаҳои худро ба мадҳи шахси аввали ин кишвар мебахшанд. Чунин вазъ дар замони роҳбари аввали Туркманистон Сафармурод Ниёзов шуруъ шуд ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ онро идома дод. Тафовут дар ин аст, ки баъди марги Ниёзов дар соли 2006, ки худро Туркманбошӣ ё Пешвои туркманҳо гуфта буд, мардумро ба парастиши шахсияти президенти нав водор карданд.

Фаррух Юсуфӣ, раҳбари бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, низоми худкомаи Туркманистон ба шакле аст, ки наметавонад ба мардум чизи беҳтаре пешниҳод карда, аз ин роҳ ба ҳокимияти худ идома диҳад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, дар Туркманистон ҳама ҳарфу таваҷҷуҳ дар атрофи шахси аввал мечархад.

“Дар Туркманистон ҳоло буҳрони иқтисодие давом дорад, ки аз замони касби истиқлоли ин кишвар бесобиқа аст. Аммо ҳар қадар, ки мушкилоти иқтисодӣ бештар шавад, васфи роҳбари худкома ҳам зиёд мешавад. Мадҳу санои шахси аввал дар Туркманистон бисёр вақт хандаовар ва ғайримуқаррарӣ аст.”

Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, парастиши шахсият хости режимҳои худкома аст ва ин як методи дигари тақвияти қудрат мебошад, ких еле шабеҳ ба Кореяи Шимолӣ ва Зимбабве мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG