Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамлаи артиши Туркия ба нерӯҳои Сурия


Артиши Туркия дар Сурия. Акс аз ноябри 2020.
Артиши Туркия дар Сурия. Акс аз ноябри 2020.

Вазорати дифои Туркия рӯзи панҷшанбеи 20-уми феврал аз оғози ҳамлаи артиши Туркия ва мухолифони ҳукумати Сурия ба нерӯҳои Башор Асад хабар дод. Рӯзи чаҳоршанбе Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфта буд, ки "амалиёт алайҳи артиши Сурия дар ҳар лаҳза метавонад оғоз шавад". Вай аз нерӯҳои артиши Сурия даъват карда буд, ки аз минтақаи Идлиб берун шаванд.

Дар гузорише, ки вазорати дифои Туркия нашр кард, гуфта шудааст, ки нерӯҳои Туркия ва мухолифони ҳукумати Сурия рӯзи панҷшанбе як деҳаро, ки 17 рӯз пеш ба ихтиёри артиши Сурия даромад, баъд аз даргириҳои сахт озод карданд. Ин деҳа дар 10-километрии шаҳри Идлиб қарор дорад.

Бар асоси созиши моҳи сентябри соли 2018 байни Туркия ва Русия, қарор шуд минтақаи Идлиб ҳамчун охирин пойгоҳи мухолифон аз ҷангҳо эмин бимонад. Аммо аз декабри соли гузашта артиши Сурия бо пуштбонии ҳавопаймоҳои русӣ пешравӣ ба тарафи Идбилро оғоз кард.

Туркия мегӯяд, дар ин муддат 1700 нафар дар Идлиб кушта шуданд ва беш аз 1,7 миллион нафар маҷбур шуданд ба тарафи марзҳои Туркия фирор кунанд. Туркия дар ҳоли ҳозир мизбони беш аз 3,7 миллион суриягӣ мебошад.

Аввалҳои моҳи ҷорӣ бар асари ҳамлаи нерӯҳои Асад ба низомиёни Туркия дар Идлиб, 12 сарбози турк кушта шуданд. Вазорати дифои Туркия мегӯяд, дар вокуниш ба ин ҳодиса, ба пойгоҳҳои артиши Сурия ҳамла карда, даҳҳо танро куштааст.

Рӯзи панҷшанбеи 20-уми феврал ҳамчунин Вазорати дифои Туркия аз кушта шудани ду сарбози ин кишвар ва захмӣ шудани 5 тани дигар дар даргириҳои Идлиб хабар дод ва эълон кард, ки дар ҳамлаи интиқомҷӯёна 5 тонк, ду мошини зиреҳӣ ва дигар васоили ҷангии нерӯҳои Сурияро аз байн бурдааст.

Ҳамзамон, Русия бо нашри як баёния аз ҳамлаҳои низомӣ ба "террористҳо" дар Идлиб хабар дода ва гуфтааст, ин амалиёт боис шуд, ки нерӯҳои Башор Асад бомуваффақият ҳамлаҳои мухолифонро дафъ кунанд.

Туркия ва Русия дар низои Сурия аз гурӯҳҳои гуногун, мутаносибан аз мухолифон ва ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунанд. Ду ҷониб ҳамчунин кафили оташбас дар вилояти Идлиби Сурия ҳастанд. Туркия дар нақзи оташбас ҳукумати Сурия ва Русия мухолифони Асадро айбдор мекунанд. Гуфтугӯҳои Русия ва Туркия барои ба эътидол овардани вазъ то ҳол натиҷа надодаанд.

Туркия мегӯяд, ба хотири ҳимояти сокинони осоиштаи Идлиб ва низомиёнаш дар постгоҳҳои назоратие дар ҷанги Сурия дахолат мекунад, ки дар мувофиқа бо Русия ташкил шудаанд. Русия мегӯяд, ҳукумати Сурия зидди террористон мубориза мебарад. Созишномаи оташбас ба "террористон" дахл нахоҳад дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG