Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи Туркия чист, ҳатто Эрдуғон намедонад


Ҳизби ҳокими Туркия дар интихобот раъйи кофӣ ба даст наовард ва барои ташкили ҳукумат бояд бо ҳизбҳои дигар иттиҳод бандад. Ин ҳолат Туркияро ба як марҳалаи номуайянӣ ворид мекунад.

Туркия баъд аз бохти ҳизби ҳокими Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихобот барои ҳафтаҳо вориди як давраи нооромӣ хоҳад гашт ва таҳлилгарон ҷоҳталабиҳои Эрдуғонро сабаби асосии шикасти ҳизби ӯ меноманд.

Вай ва ҳизбаш орзу доштанд, аз се ду ҳиссаи порлумонро ба даст оранд ва бо тағйир додани қонуни асосӣ Туркияро ба кишвари президентӣ табдил диҳанд. Вале бо вуҷуди он ки Ҳизби адолат ва тавсеа (ҲАТ) аз бузургтарин ҳизбҳои Туркия аст, натавонист, ҳатто аксари одиро ба даст орад. Ҳоло он бояд барои ташкили ҳукумат бо ҳизбҳои дигар иттифоқ бандад. Ин равандест, ки мумкин аст, ҳафтаҳо идома кунад.

Агар дар заминаи хусумате, ки байни аҳзоб мавҷуд аст, ҳукумати эътилофӣ ба зудӣ таъсис наёбад, мумкин аст, дар Туркия интихоботи такрорӣ баргузор гардад.

Натиҷаҳои интихобот ҳамчунин ҲАТ-ро, ки дар зиёда аз даҳ сол ҷунбиши ҳоким дар Туркия буд, водор хоҳад кард, ки сиёсати худро бознигарӣ кунад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳизб қурбони худхоҳии Эрдуғон шуд, зеро барои ҳимоят аз густариши ҳокимияти раисиҷумҳур аз арзишҳои гузаштаи худ дур рафт.

Дар авҷи корзори интихоботӣ раиси Маркази омӯзишҳои иқтисодӣ ва сиёсати дохилӣ дар Истанбул Сиган Улген мегуфт, Эрдуғон, ки дар моҳи августи соли гузашта дар интихоботи президентии он кишвар ба пирӯзӣ расид, ҷонибдори тағйири низоми парлумонӣ ба президентӣ аст ва мехоҳад бахши умдаи ҳукуматро дар ихтиёр бигирад. Дар асоси қонуни Туркия, салоҳиятҳои раисиҷумҳури он кишвар бештар рамзиянд ва Эрдуғон мехост, ин нуктаҳои қонуни асосии кишварашро тағйир диҳад. Барои ин ҳимояти аз се ду ҳиссаи порлумон кофӣ буд, вале дар ҳолати феълӣ танҳо назархоҳии умумӣ метавонад, конститутсияро “ислоҳ” намояд.

Интихоботи рӯзи якшанбе пирӯзмандиҳои гузаштаи ҲАТ-ро беқадр кард ва аввалин бор дар 13 соли охир дар Туркия ҳолате шуд, ки як ҳизб наметавонад ба танҳоӣ ҳукуматро таъсис диҳад. Чунин натиҷаҳо лаҳни Эрдуғонро низ тағйир доданд. Агар чанд рӯз пеш ва дар бораи ҳизбҳои дигар назарногирона сӯҳбат мекард ва гоҳе онҳоро хоинони Туркия меномид, ҳоло мегӯяд, “ақидаи миллат аз ҳама чиз болотар аст” ва ҳизбҳо бояд тасмимҳои солим ва воқеъбинона гиранд.

Натиҷаҳои ноустувор мумкин аст нигарониҳои Ғарбро ба бор орад, ки Туркияи узви НАТО-ро як ҷазираи эътидоли сиёсӣ дар ҳамсоягии Сурия, Ироқ ва Эрон медонад. Наздик ба 2 миллион гурезаи сурёнӣ ҳоло дар урдугоҳҳои Туркия ба сар мебаранд ва ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар марзҳои Туркия ҷойгир шуда, Иёлоти Муттаҳида дар ҷанубу шарқи он пойгоҳи ҳавоии Инчирликро дорад.

Ояндаи норӯшан худи туркҳоро ҳам ба изтироб меорад, ки давраи кӯтоҳи кори ҳукуматҳои эътилофӣ дар ин кишвар бӯҳрони иқтисодӣ ва табаддулотҳои ҳарбиро дар пай доштаанд. Ин ҳолат аллакай ба қурби пули миллии Туркия лира таъсир расондааст.

Ба андешаи коршиносони Ройтерз, Эрдуғон сарвари замонавист, аммо касе нест, ки мусолиҳа ва гуфтушунидро ба кор барад. Вай бо пойфишории оштинопазир хостори тағйири низоми кишвар ва бунёди як ҳокимияти президентии қавӣ буд. Бархе аз интихобкунандагон мегуфтанд, аз лаҳни ҷанговаронаи Эрдуғон ва талошҳои ӯ барои дар қабзаи худ гирифтани ҳамаи қудрат дилсард шудаанд. Бархи дигар аз моҷароҳои зиёди атрофи ҳукумат ва поккорӣ дар ниҳодҳои қудратӣ, ки гӯё дар пайи сарнагун кардани Эрдуғон буданд, хаста шудаанд. Пирӯзии мухолифони тарафдори курдҳо зимни паҳн кардани ақидаҳои чапгароёнаро дар ҷомеа ба даст омадааст.

Акнун ҲАТ-и шикастхӯрда маҷбур аст, бо ҳизбҳои дигар барои ташкили ҳукумати эътилофӣ вориди гуфтугӯ шавад. Таҳлилгарон ба комёбии ин музокирот зиёд умедвор нестанд ва мегӯянд, Туркияро як интихоботи дигар дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG