Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Туркия ба Сурия сулҳ меорад?


Руасои ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ.
Руасои ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Нишасти раҳбарони Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия имрӯз, чаҳоршанбеи 4-уми апрел дар Анқара -- пойтахти Туркия баргузор мешавад. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Владимир Путин ба ин манзур рӯзи сешанбе вориди Туркия шуданд. Ин се кишвар дар қазияи Сурия таъсиргузор ҳастанд ва интизор меравад, ки дар ин гуфтугӯҳо роҳҳои ҳалли берун рафтан аз бӯҳрони ҳафтсола дар ин кишвари арабӣ, баррасӣ шаванд.

Дар низоъҳои Сурия, Русия ва Туркия ҷонибҳои бо ҳам мухолифро пуштибонӣ мекунанд, вале ин ду кишвар ва ҳам Эрон дар заминаи эҷоди минтақаи амн ба хотири коҳиши низоъҳо кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, хабар хабаргузории Франс-пресс бо ишора ба ҳузури низомии ҳар се кишвар дар Сурия гуфтааст, изҳороти моҳи гузаштаи Доналд Трамп дар бораи хуруҷуи эҳтимолии Амрико аз Сурия, нияти ин се кишварро барои тақвияти ҳузури низомиашон дар Сурия афзоиш додааст. Аз сӯи дигар ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, дар ҳошияи ин нишасти сеҷониба, қарор аст дидорҳои дуҷонибаи руасои ҷумҳури ин кишварҳо баргузор шавад.

Сурия, Эрон ва Туркия аз моҳи январи соли 2017 нишастҳоеро дар Остона --пойтахти Қазоқистон барои барқарории сулҳи Сурия баргузор карданд, ки эҷоди чаҳор минтақаи маъруф ба "минтақаи коҳиши таниш" дар хоки Сурия аз натиҷаҳои он мебошад. Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон - ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон пеш аз сафар ба Туркия эълом кард, ки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Сурия бидуни иҷозаи ҳукумати ин кишвар "ғайриқонунӣ аст ва бояд ба он хотима дода шавад".

Гӯшае аз вайронаҳои шаҳри Ҳумси Сурия.
Гӯшае аз вайронаҳои шаҳри Ҳумси Сурия.

Суханони Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоле баён шуд, ки Эрон ва Русия барои ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҳузури низомӣ доранд. Туркия ду моҳ қабл ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминиро дар Сурия алайҳи гурӯҳҳои курд оғоз кард ва номи ин амалиётро "Шохаи зайтун" гузошт. Теҳрон, Димишқ ва Маскав бо амалиёти "Шохаи зайтун" мухолифат кардаанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотии муштарак бо Владимир Путин гуфт, "ояндаи Сурия муҳим аст ва наметавон онро ба гурӯҳҳои террористӣ вогузор кард."

Пойгоҳи интернетии "Daily Sabah" рӯзи душанбе ба нақл аз яке аз мақомҳои ин кишвар эълом карда буд, ки Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, "хостори ширкат дар нишасти сеҷонибаи Туркия, Эрон ва Русия дар бораи Сурия буд, аммо ин хостаи вай аз сӯи Эрон радд шуд". Аммо хабаргузории ИРНА рӯзи сешанбе ба нақл аз "коршиноси наздик ба вазорати хориҷии Эрон" ин гузоришҳоро радд кард ва эълом намуд, ки Ҷумҳурии исломӣ мухолифате бо баргузории ин нишаст надорад."

Русия Владимир Путин рӯзи 3 апрел бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Анкара дидору мулоқот кард. Ин нахустин сафари хориҷии Путин баъди пирӯзии навбатиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи гузашта мебошад. Кремлин гуфт, ки Путин ва Эрдуғон аз маросими шурӯи кори як нерӯгоҳи ҳастаӣ тавассути конфронси видеоӣ назорат карданд.

Ин пойгоҳ бо ширкати ҷониби Русия бунёд шудааст. Дар ҷаласаи ду президент ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба, ҷузъиёти харидории системаи дифои ҳавоии мушакӣ аз Русия ва ҳам вазъи Сурия баррасӣ шуданд. Туркия нахустин кишвари узви НАТО хоҳад буд, ки пешрафтатарин таҳҷизоти низомии Русияро дар ихтиёр мегирад.

Дар низоъҳои Сурия, Русия ва Туркия ҷонибҳои бо ҳам мухолифро пуштибонӣ мекунанд, вале ин ду кишвар ва ҳам Эрон дар заминаи эҷоди минтақаи амн ба хотири коҳиши низоъҳо кор мекунанд. Чанд музокироти байни ин ҷонибҳо то ҳол дар Остонаи Қазоқистон ҳам баргузор шуд.

Русияву Эрон ба президенти Сурия Башор Асад ва ҳукумати ӯ дар ҷангҳои охир пуштибонӣ нишон дода, дар саркӯби мухолифонаш кумак кардаанд. Дар ин ҷангҳо ҳазорҳо нафар кушта шуданд. Туркия ҷангиёни мухолифи ҳукумати Асадро пуштибонӣ мекунад, ки дар фикри сарнагунии режими Димишқ мебошанд.

XS
SM
MD
LG