Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба қонунмандии давлати нави Украина шубҳа дорад


Нахуствазири Русия мегӯяд, ки ба қонунӣ будани ҳукумату ниҳодҳои давлатии Украина "шубҳаи ҷиддӣ" дорад.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ин суханонро дар ҳоле иброз дошт, ки Кумиссиёни Аврупо, Олександр Турчиновро ба ҳайси раиси ҷумҳури муваққати Украина эътироф кард. Дмитрий Медведев гуфт, ҳеҷ касе дар Украина нест, ки бо онҳо гуфтугӯ кунанд ва бо афроди мусаллаҳу ниқобпӯш муколама сахт аст. Нахуствазири Русия эътироф шудани раҳбарони муваққат дар Украина аз тарафи баъзе аз кишварҳоро, «гумроҳӣ» хонд.

Дмитрий Медведев афзуд, Русия тамоми қарордодҳояш бо Украинаро иҷро хоҳад кард, вале гуфт, ӯ созишнома дар бораи фурӯши газ бо қимати поинтар ба Украина абадӣ нест ва метавонанд, бознигарӣ шаванд. Созишномаи мазкур дар аҳди Виктор Янукович баста шуда буд. Дигар ин ки вазири муваққати умури дохилии Украина амр додааст, ки раиси ҷумҳури пешинро бо иттиҳоми қатли тазоҳургарон боздошт кунанд.

Амри боздошти Янукович содир шудааст

Мақомоти Украина амри боздошти раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи ин кишвар Виктор Януковичро содир карда, ӯро таҳти пайгард қарор додаанд. Кафили вазири умури джохилаи Украина Арсен Аваков рӯзи 24 феврал гуфт, раисиҷумҳури собиқ Виктор Янукович ва атрофиёни ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Аваков аз ҷумла гуфт: "Дар робита ба куштори ҷамъии мардуми осоишта парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Янукович ва як силсила мансабдорони дигар таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуданд."

Дар хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар пойтахти Украина беш аз 80 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо эътирозгароне буданд, ки бо талаби истеъфои Виктор Янукович ба майдон рехта буданд.

Виктор Янукович рӯзи 22 феврал қароргоҳаш дар минтақаи Межигорйе, дар канори Киевро тарк гуфт. Ӯ ҳамон рӯз дар телевизиони Харков сӯҳбати кӯтоҳе дод ва баъдан ба самти номаълум ғайб зад. Ҳамон рӯзи 22 феврал порламони Украина Януковичро ба далели беамалиаш аз мақоми раёсат барканор кард.

Аваков гуфт, Янукович бори охир дар нимҷазираи Қрим, ки мақомоташ аз Русия ҳимоят мекунанд, зоҳир шудааст. Ба гуфтаи кафили вазири умури дохилаи Украина, Янукович рӯзи якшанбе ба Қрим омада, ҳайати амниятиашро инҷо раҳо кард ва ба самти номаълум ғайб зад.

Русия сафирашро барои машварат аз Киев ба Маскав фаро хонд

Русия сафири худ дар Киев-пойтахти Украинро барои машварат ба Маскав даъват кардааст. Дар ҳамин ҳол ҳазорон нафар аз мардум дар Симферопол-шаҳри бандарии Украина дар эътироз ба тағйир ва таҳаввулоти ахир дар Киев, даст ба тазоҳурот заданд. Севастопол дар минтақаи худмухтори Қрими Украина қарор дорад ва бештари сокинони он аз Русия тарафдорӣ мекунанд.

Дар ду рӯзи ахир раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Олмон ва Лаҳистон бар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Украина таъкид карда ва ба таври зимнӣ аз Русия хостаанд ба тамомияти арзии он кишвар эҳтиром бигузорад.

Дар ҳамин ҳол дафтари Кэтрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки рӯзи душанбе барои гуфтугӯ бо раҳбарони нав ва мухолифони он кишвар ба Киев меравад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико барои додани кӯмакҳои молӣ ва қарз ба Украина омодагии худро эълон кардаанд.

Пешгирӣ аз талоши "фирор"-и Янукович аз Украина

Марзбонони Украина дар фурудгоҳи Донетск ба ҳавопаймои Виктор Янккович имкон надодаанд, ки бидуни иҷозат ба хориҷ парвоз кунад.Верховни Рада - порламони Украина тасмим гирифт, ки ба таври муваққат салоҳиятҳои раиси ҷумҳури ин кишвар ба раиси порламон Олександр Турчинов вогузор шавад.

Турчинов рӯзи сешанберо охирин рӯзи ташкили ҳукумати ваҳдати мардумӣ эълон кард. Порламон ҳамчунин барои дороии давлатӣ эълон кардани иқоматгоҳи Виктор Янукович раъй медиҳад.

Порламони Украина Леонид Кожара, яке аз ёрони наздики Виктор Януковичро аз симати вазири хориҷа барканор кард. Порламон ҳамзамон чанде дигар аз вазирони давраи Януковичро берун кард,

Раиси Верховни Рада раҳбари муваққати Украина шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Бо вуҷуди ин ки порламони Украина ба барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ раъй дод, хонум ЮлияТимошенко - нахуствазири пешин аз эътирозгарони зиддидавлатӣ хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд. Тимошенко аз Янукович ва ҳампаймонҳои вай тақозо кард, ки барои куштори даҳҳо нафар эътирозгарон тавассути нируҳои амниятӣ дар давоми як ҳафтаи гузашта ҷавоб диҳанд.

Ҳизби минтақаҳои Янукович рӯзи якшанбе бо пахши изҳороте гуфт, ки “ҳамаи масъулияти хунрезиҳо дар Украина“ бар дӯши Виктор Янукович ва ҳамдастони наздикаш аст.

Виктор Пшонка
Виктор Пшонка
Верховни Рада рӯзи 23 феврал бо раъйи худ иҷоза додааст, ки Олександр Клименко - вазири пешини молиёт ва даромадҳои молӣ ва Виктор Пшонка – собиқ додситонии кулли Украинаро ба ҳабс бигиранд. Раиси порламон Олександр Турчинов гуфт, Пшонка ва Клименко як рӯз қабл талош кардаанд, аз марзи вилояти Донетск ба Русия гузаранд, вале муваффақ нашудаанд. "Онҳоро мехостанд дастгир кунанд, вале дар пайи тирандозии муҳофизонашон тавонистанд фирор кунанд," - афзудааст Турчинов.

Арсен Аваков - иҷрокунандаи мақоми вазири корҳои дохила гуфт, ки бар зидди тақрибан 30 нафар кормандони вазорати дохила барои саркӯбии бераҳмонаи эътрозгарон парванда боз шудааст.

Талоши "фирор"-и Янукович тавассути ҳавопаймо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки дар даргириҳои байни эътирозгарон ва пулис 82 нафар ба қатл расида, 645 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Тимошенко
Тимошенко
Юлия Тимошенко хитоб ба эътирозгарон гуфт, ки барои чунин кушторҳо Виктор Янукович ва ҳампаймонҳояш бояд ҷавоб диҳанд: “Вақте ки ман дар зиндон будам, фикр мекардам, ки бузургтарин хушбахтӣ ба дунё омадан ва дар байни шумо будан аст, зеро шумо беҳтаринҳоед. Аммо ҳоло мо бояд ду кори муҳимро бикунем: Пеш аз ҳама мо бояд Янукович ва ҳамаи дору дастаи атрофи вайро ба ҳамин майдон орем.” Тимошенко ҳамчунин аз эътирозгарон хост, ки ба эътирозҳо хотима надиҳанд.

Юлия Тимошенко рӯзи 23 феврал дар як баёнияи нашршуда аз сӯи ҳизби Баткившина эълон кард, ки ҷӯёи мақоми сарвазирӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ нест. Ёрони ӯ субҳи имрӯз гуфта буданд, ки Тимошенко яке аз се номзади асосӣ ба мақоми сарвазирист. Ӯ рӯзи 22 феврал баъди раҳоияш аз зиндон билофосила эълон кард, ки дар и нтихоботи президентии рӯзи 25 май ширкат хоҳад кард.

Радиои Озодӣ дар як Timeline роҳи зиндагии Юлия Тимошенкоро ба риштаи тасвир кашидааст:



Виталий Кличко - раҳбари дигари мухолифон низ ба ҳамин нукта ишора кард ва гуфт, ки бояд эътирозгарон ҳузури худро дар кӯчаву хиёбонҳо нишон диҳанд: “Ман фикр мекунам, ки бояд эътирозгарон дар хиёбонҳо бимонанд ва тамоми рӯйдодҳоеро, ки дар Украина пеш меояд, зери назорат дошта бошанд. Нирӯи инсонӣ хеле муҳим аст. Ҳар сиёсатмадор, ҳар ҳукумати нав бояд бидонад ва дар ёд дошта бошад, ки агар бо бозии касиф машғул мешавад, ин ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд.”

Аз сӯи дигар, хадамоти марзбонии Украина изҳор доштааст, ки аз талоши Виктор Янукович барои парвоз ба самти номаълум пешгирӣ кардаанд. Рӯзи шанбе ҳавопаймо бо Янукович хостааст аз фурудгоҳи Донетск бидуни асноди зарурӣ парвоз кунад. Дар ин бора Сергей Астахов - ёвари раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ хабар додааст.

Бино ба хабари марзбонон, вақте ки гурӯҳи нозирони парвоз барои таҳияи ҳуҷҷатҳои парвоз омадаанд, онҳоро гурӯҳи мусаллаҳе пешвоз гирифтааст ва барои парвоз пул пешниҳод кардааст. Аммо марзбонон бидуни ҳуҷҷат ба парвоз иҷоза надодаанд. Дар ҳамин ҳангом, ду автомобили зиреҳпӯш ба ҳавопаймо наздик шудааст ва Виктор Янукович бо яке аз онҳо нишаста, фурудгоҳро тарк кардааст. Марзбонон мегӯянд, Янукович дар посгоҳҳои дигари марзӣ пайдо нашудааст.

Олександр Турчинов
Олександр Турчинов
Рӯзи шанбе порламони Украина Януковичро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор ва 25 майро рӯзи интихоботи зудрас эълон кард. Худи Янукович дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии URB-и Украина изҳор дошт, ки Украинаро тарк намекунад ва аз мақомаш истеъфо намедиҳад. Вай ҳамчунин тасмимҳои ахири порламонро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Ҳоло салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба раиси порламон Олександр Турчинов ба гузаштааст.

Николай Азаров - нахуствазири пешин қаламрави Украинаро тарк кардааст. Як манбаъ дар нирӯҳои интизомӣ ба хабаргузории «Интерфакс-Украина» гуфтааст, ки Азаров “ба Русия рафтааст.” Вале ин манбаъ нагуфтааст, ки сарвазири собиқ дақиқан кай аз қаламрави Украина хориҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG