Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон: Ҳадафҳои сиёсати хориҷии Трамп номуайян монд. ВИДЕО


Президенти Амрико Доналд Трамп ба пуштибонии НАТО, маблағгузории бештар ба соҳаи низомӣ ва “таҷдиди рӯҳияи Амрико” даъват кард. Зимни суханронӣ дар баробари ҳарду палатаи Конгресс шоми 28 феврал президент ваъдаҳои қаблии пешазинтихоботии худро дубора такрор кард, ки бештар марбут ба масоили дохилӣ буд. Вай таъкид кард, ки шаҳрҳои амрикоӣ нодида гирифта шудаанд, коргарони амрикоӣ азият мешаванд, хароҷот ба соҳаи тандурустӣ осмонбӯс шудааст ва ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда дар ҳоли афзудан аст.

Дар суханронии Доналд Трамп, ки ҳадафҳои сиёсати хориҷиро танҳо бо чанд нукта дар бар гирифт, ӯ ваъдаи “нобуд кардани терроризми исломӣ” ва бахусус гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дубора такрор кард.

“Ман аз вазорати дифоъ хостам, нақшаи нобудсозии ДИИШ – як шабакаи ғайриқонунии ваҳшиҳоро бикашад, ки даст ба қатли мусалмонҳову масеҳиҳо, мардону занон ва кӯдакони мазҳабҳои мухталиф мезанад”, гуфт ӯ. Вай гуфт, барои аз байн бурдани ин гурӯҳи

Мо аз ҳамкоронамон дар НАТО, Ховари Миёна ва ҳам Уқёнусия даъват мекунем, ки хароҷоти амалиёти стратегиву низомиро баробар пардохт кунанд

душмансифат ҳамроҳ бо муттафиқон, аз ҷумла дар ҷаҳони Ислом кор хоҳанд кард.

Дар маъракаи интихоботии соли гузаштааш Трамп рисолати НАТО-ро дар заминаи ин ки таҳдид ба як кишвари узв ба маънои таҳдид ба ҳамагон аст, зери суол бурда буд. Ин изҳороташ муттафиқони зиёди НАТОро ба ташвиш овард ва дар суханронии якунимсоатааш президент талош кард, ин нигарониҳоро рафъ созад. Вале айни замон ӯ дар бораи хароҷот ва ё саҳми кишварҳои узв ҳам сӯҳбат кард. Вай гуфт, “мо НАТО-ро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем. Ин эътилоф баъди ду ҷанги ҷаҳонии нобудкардаи фашизм, ҷанги сард ва коммунизм” арзи ҳастӣ кардааст.

“Вале мо аз ҳамкоронамон дар НАТО, Ховари Миёна ва ҳам Уқёнусия даъват мекунем, ки хароҷоти амалиёти стратегиву низомиро баробар пардохт кунанд”.

Вале бо вуҷуди ин ки дар суханронии ӯ мавзӯи ДИИШ ва НАТО садо дод, Трамп аз таваҷҷӯҳ ва ё зикри пешниҳод ва ё дидгоҳҳои вижаи марбут ба сиёсати хориҷӣ худдорӣ кард. Ӯ аз Русия аслан ном набурд, ва дар робита бо Украина, Сурия, танишҳои афзоянда бо Чин ва ё барномаи таслеҳотии Кореяи Шимолӣ ҳарф назад.

Дар як вокуниш ба ин изҳороти президенти ҷумҳурихоҳ, намояндаи демократҳо – собиқ волии Кентаккӣ Стив Бишер Трампро дар “нодида гирифтани таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ аз сӯи Русия” ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, “бо душманони мо дӯстӣ мекунад”. Вай бо интиқод аз нияти Трамп барои маҳрум кардани амрикоиҳо аз суғуртаи тиббии дастрас гуфт, президент бештар дар фикри бизнесу тиҷорат аст.

Стив Бишер
Стив Бишер

Таҳлилгари пажӯҳишгоҳи Брукингз Ҷон Ҳудак гуфт, ба ҳайси президент Трамп бояд ба масоили ҳассоси байналмилалӣ, аз қабили Эрон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва Русия муроҷиат мекард, вале ӯ ин ҳамаро нодида гирифт. Вай гуфт, набуди сиёсати тадриҷии хориҷӣ боиси эҷоди номуайянӣ мешавад.

Дар оғози суханрониаш Трамп ҳамлаҳои ахир ба ҷомеаи яҳудиёнро ҳамчун як амали ваҳшиёна ва тирандозӣ ба сӯи ду марди ҳиндиро дар Канзас маҳкум кард. Ӯ ба наздикони ходимони полис, ки дар ин ҳодисаҳо кушта шуданд, изҳори тасаллият кард.

Трамп гуфт, ки ба Конгресс буҷаи таҷдиди артишро фиристодааст, ки аз назари хароҷот дар соҳаи дифоъ баландтарин нишондод дар таърихи Амрико хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳарду палатаи Конгресс, ки ҳоло аз ҷониби ҷумҳурихоҳҳо назорат мешавад, одатан мухолифи ҳама гуна коҳиш дар буҷа мебошад ва муҳим нест, ки дар маъмурияти Кохи Сафед чӣ нафаре нишастааст. Бархе пешниҳодҳои Трамп аллакай расонаӣ шудаанд ва яке аз онҳо то 37 % кам кардани хароҷоти дипломатҳои амрикоиро дар назар мегирад. Вале ин пешниҳод мавриди интиқоди қонунгузорон шуд.

Девид Петреус
Девид Петреус

Яке аз онҳое, ки мухолифи кам кардани буҷаи дипломатҳо садо баланд кардааст, собиқ раиси Маркази истихбороти Амрико Девид Петреус аст. Ӯ гуфт, дипломатия дар таъмини амнияти Амрико хеле муҳим аст.

Трамп баъди 40 рӯзи ба иҷрои салоҳиятҳои президентиаш оғоз кардани ӯ дар Конгресс ҳозир шуд ва, ба қавли таҳлилгарон, ин марҳилае буд, ки аз назари тасмимҳову қарорҳои президент хеле ноҳамвор ва гоҳо моҷаробарангез гузашт.

Дар ин муддат моҷарои марбут ба гӯё дар тамос бо русҳо будани ёварон Трамп бархост ва қарори манъи вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусалмоннишин ба ИМА аз ҷониби Трамп имзо шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG