Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги тиҷоратӣ" миёни Пекин ва Вашингтон поён меёбад?


Раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, бо президенти Чин дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар Ҷопон мулоқот хоҳад кард ва масоили тиҷоратӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд намуд. Ин эҳтимол, ки мумкин аст ин мулоқот сурат нагирад, танишҳоеро ба миён оварда буд.

Доналд Трамп рӯзи 18-уми июн дар "Твиттер"-и худ навишт, бо Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонии "хеле хубе" доштааст ва ду тараф дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20", ки ба наздикӣ дар Ҷопон баргузор мешавад, мулоқот хоҳанд кард. Трамп афзудааст, ҳайатҳои ду кишвар пеш аз анҷоми мулоқоти ӯ бо Си Ҷинпин, масоили иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

Нишасти сарони бист иқтисоди бузурги ҷаҳон рӯзҳои 28-29 июн дар Ҷопон баргузор мешавад. Аммо гузоришҳо дар мавриди ин, ки мумкин аст дар нишасти Ҷопон мулоқоте байни Трамп ва Си Ҷинпин сурат нагирад, танишҳоеро ба миён овард. Ба тавре, ки президенти Амрико чанд рӯз таҳдид кард, ки агар Си Ҷинпин дар ҷараёни ин саммит бо ӯ мулоқот накунад, тарофа ё нархномаи молу колоҳои воридотӣ аз Чинро афзоиш хоҳад дод.

Чанд рӯз пеш аз ин низ оқои Трамп гуфта буд, агар лозим бошад, Амрико дар бораи ҷорӣ кардани тарофаҳо бар 300 миллиард доллари дигар аз молу колоҳои воридотӣ аз Чин, тасмим хоҳад гирифт. Аммо раиси ҷумҳури Амрико авохири ҳафтаи гузашта ширкат кардан ё накардани Си Ҷинпин дар нишасти Ҷопонро "беаҳамият" хонда буд.

Ҳукумати Трамп бар иловаи мушкили тиҷоратӣ бо Чин, аз Пекин интиқодҳои дигаре низ дорад, ки аз "дуздӣ"-и моликияти маънавӣ то масоили амниятӣ ва истихборотӣ дар мавриди ширкатҳои бузург, чун "Huawei"-ро дар бар мегирад. Чин аммо ин интиқодҳоро рад карда ва мегӯяд, ҳарду кишвар аз муомилаҳои тиҷоратӣ фоида мебаранд, ҳарчанд мегӯяд, аз ворид шудан ба як "ҷанги тиҷоратӣ" бо Амрико тарс надорад.

Танишҳои тиҷоратӣ миёни Чину Амрико дар моҳҳои гузашта идома пайдо кард. Дар ҳоле, ки ҳанӯз созиши расмии наве байни Пекин ва Вашингтон сурат нагирифтааст, ҳар ду кишвар ва ба таври мушаххас Амрико тарофаи миллиардоллларии молу колои воридотӣ аз якдигарро, афзоиш додаанд.

Расонаҳои давлатии Чин ба нақл аз раиси ҷумҳури ин кишвар мегӯянд, "калиди мушкилот ин аст, ки ду тараф ба нигарониҳои машруи якдигар аҳамият диҳанд". Си Ҷинпин афзудааст, "мо ҳам умедвор ҳастем, ки Амрико бо ширкатҳои чинӣ одилона бархӯрд кунад". Раиси ҷумҳури Чин оғози музокироти ҳайатҳои ду кишварро низ таъйид кардааст.

Охирин бор ҳайатҳои иқтисодии ду кишвар як моҳ пеш сари мизи музокирот нишастанд, аммо ба натиҷае нарасиданд. Аз он вақт то ба ҳол ҳеҷ гуна тамосҳое байни Пекин ва Вашингтон сурат нагирифтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG