Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Мулоқоти хеле хубе доштем


Президенти ИМА Доналд Трамп баъди анҷоми мулоқоти рӯбарӯ бо президенти Русия Владимир Путин, ки беш аз 2 соат идома кард, гуфт, ки музокироти онҳо "хеле ва хеле хуб" гузашт.

Мулоқоте, ки қарор буд 90 дақиқа идома кунад, беш аз ду соат тӯл кашид.

Равобити мо ҳеҷ гоҳ поинтар аз сатҳи кунунӣ набуд, вале ҳама чиз чор соат пеш дигар шуд

Дар нишасти хабарие, ки баъди ин мулоқот шурӯъ шуд, президенти Русия Владимир Путин аз ин музокирот ҳамчун "як нишасти хеле хуб" ва "пурбор" ситоиш кард.

Путин гуфт, ки дар ин мулоқот Трамп ба мавзӯи иттиҳоми мудохилаи Русия ба интихоботи ИМА муроҷиат кард. "Мавқеи мо тағйир наёфтааст. Такрор мекунем, ки мо ба ин чиз даст надорем". Путин гуфт, ки Русия омода аст дар таҳқиқи иттиҳомоти рахнагариҳои компютерӣ ба Амрико кӯмак ва ҳамкорӣ кунад.

Путин гуфт, ки аз натиҷаҳои музокироти нахустин розӣ аст, "ҳарчанд на ҳама масъалаҳои дарднок баррасӣ шуд". Вале, гуфт Путин, фурсати он расидааст, ки яхҳои "ҳамкорӣ дар байни созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар самти башариву фарҳангӣ об шавад".

Трамп: Дипломатия ва муколама беҳтар аст

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ӯ ҳам аз натиҷаҳои музокироти имрӯза розӣ аст ва мулоқоти мазкур бори дигар собит кард, ки "дипломатия ва муколама" беҳтар аз ихтилоф аст.

"Равобити мо ҳеҷ гоҳ поинтар аз сатҳи кунунӣ набуд, вале ҳама чиз чор соат пеш дигар шуд", гуфт ӯ.

Трамп гуфт, ки ҳамеша бо назардошти манфиати Амрико кор кардааст.

Трамп гуфт, ки мулоқоти имрӯза оғози музокиротҳои баъдии байни раҳбарони ИМА ва Русия мешавад. Вай гуфт, ки идомаи музокирот ба манфиати ҳарду кишвар аст.

Ба гуфтаи Трамп дар ин нишаст иттиҳоми Русия дар мудохила ба ҷараёни интихоботи Амрико, мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳамкории ИМА ва Русия дар амри ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террристӣ дар Санкт-Петербург, барномаи ҳастаии Эрон, ҷанги дохилии Сурия баррасӣ шуд.

"Путин - рақиб аст ва ин сифати мусбат аст"

Дар посух ба саволи як хабарнигори рус дар бораи "рақиб" номидани Путин, Доналд Трамп гуфт, ки ин сифат "мафҳуми мусбат аст" ва ӯ ин сифатро ба ҳамин хотир дар робита ба Путин ба кор бурдааст.

Ба саволи як хабарнигори амрикоӣ дар бораи он ки "чаро мо бояд ба ҳарфи Путин дар бораи даст надоштани Русия дар мудохилаҳои интихоботӣ бовар кунем", Трамп гуфт, ки "ҳеҷ гуна созише набуд" ва ӯ пеш аз интихобот "ҳеҷ гоҳ бо Путин шинос набуд". Ин ҳарфҳоро Путин ҳам такрор кард ва бори дигар ин иттиҳомро "як сафсатта" номид.Путин гуфт, вақте дар маъракаи интихоботии ИМА як номзад ошкоро ба беҳбуди равобит бо Русия даъват кард, "мо ҳам нисбати ӯ як таваҷҷӯҳ пайдо кардем".

Дар масъалаи иттиҳоми 12 афсари низомии Русия дар даст доштан дар рахнагарии интернетӣ ва мудохила ба интихоботи президентии ИМА, Путин гуфт, ҳанӯз ҷузъиёти ин иттиҳомро надорад.

Вале, ба гуфтаи ӯ, кишвараш омода аст бар асоси созишномаи кӯмаки мутақобила дар парвандаҳои ҷиноӣ, ки миёни Русия ва ИМА соли 1999 имзо шудааст, дар пурсиши гумонбарон дар хоки Русия мусоидат кунад. Ӯ гуфт, ки пурсиши онҳоро бояд додситонҳои рус анҷом дода, хулосаҳои онро ба ИМА пешкаш кунанд ва Русия аз ИМА ҳам интизор аст, ки айни чунин кӯмакро дар парвандаҳои ҷиноии дигар ба онҳо ироа хоҳад кард.

Путин: Мавзӯи Қрим барои мо тамом шуд

Ба саволи як хабарнигори ғарбӣ дар бораи он ки оё Трамп мавзӯи ғасби Қримро бо Путин матраҳ кард ё не? - Путин гуфт, "Трамп мавзӯи ғайриқонунӣ будани ҳамроҳшавии нимҷазираи Қримро матраҳ кард". Вай гуфт, мавқеи Русия ин аст, ки Қрим бар асоси як назархоҳии қонунӣ ба Русия ҳамроҳ шуд ва "мавзӯи Қрим барои мо тамом шуд".

Дар масъалаи ин ки то куҷо сару садо дар бораи вуҷуди компромат ё маводи фошкунандаи Трамп дар дасти Русия вуҷуд дорад, Путин гуфт, ки ҳеҷ гоҳ Трампро дар замони як соҳибкор будану ба Русия омаданаш намешинохт. Вай гуфт, ки ин ҳама сару садоҳо беасос аст. "Ҳамаи ин як сафсатта аст. Ин ҳама гапи бекораро аз саратон дур кунед".

Умедвории Трамп аз мулоқот бо Путин

Музокироти Трамп ва Путин дар Ҳелсинкии Финляндия рӯзи 16 июл баргузор шуд. Дар лаҳзаҳои аввали шурӯи музокирот бо Путин дар Ҳелсинкии Финляндия гуфт, ки бовар дорад ИМА ва Русия билохира «равобити фавқулодда хуб барпо мекунанд».

Ин нахустин музокироти мустақими ду раҳбар баъди 18 моҳи пеш сари қудрат омадани Доналд Трамп дар ИМА мебошад.

Ҳоло фурсати он расидааст, ки дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам вазъ дар ҷаҳон ба таври густурда сӯҳбат кунем.

Трамп гуфт, “ман бовар дорам, ки ҷаҳон интизори он аст, ки муносибатҳои мо хуб шавад”. Вай афзуд, ки Русияву ИМА барои ҳамкорӣ “имкониятҳои олӣ” дорад. Трамп гуфт, ки ӯву Путин аз бахши тиҷорат сар карда то масоили низоми силоҳҳои ҳастаӣ ва Чину дигар масоил мавзӯи зиёд барои баррасӣ дорад.

Дар изҳорори чанд лаҳза пеш аз шурӯи музокирот Трамп нагуфт, ки то куҷо ӯву Путин дар масоили мисли низоъ дар Сурия, ғасби нимҷазираи Қрим аз Украина ва ҳам иттиҳоми дахолати Маскав ба интихоботи соли 2016-и ИМА сӯҳбат хоҳанд кард.

Путин: Масоили зиёд барои баррасӣ дорем

Ӯ танҳо ишора кард, ки умедвор аст дар масъалаи коҳиши силоҳҳои ҳастаии ду қудрат билохира созиш хоҳанд кард. Вай гуфт, ки ИМА, Русия ва Чин ду кишвар 90 дар сади силоҳҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд ва изҳори умедворӣ кард, ки дар ин замина натиҷае ҳосил мешавад.

Путин, ки аввал шуд сӯҳбат кард, таъкид намуд, ки бо Трамп чандин дафъа телефонӣ ва ҳам дар ҳошияи нишастҳои байналмилалӣ сӯҳбатҳо кардааст. Вай гуфт, "ҳоло фурсати он расидааст, ки дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам вазъ дар ҷаҳон ба таври густурда сӯҳбат кунем. Масоил зиёд аст".

Дар мулоқоти ду раҳбар танҳо тарҷумонҳо ҳузур доранд ва идомаи сӯҳбати онҳо пушти дарҳои баста идома ёфт.

Мулоқоти аъзои ҳайатҳо қарор аст баъди анҷоми гуфтугӯи як ба яки президентон баргузор шавад.

Вершбоу: Ин мулзокирот бо бохти мо меанҷомад

Вале дар изҳороти чанд лаҳза пеш аз шурӯи музокирот Трамп нагуфт, ки то куҷо ӯву Путин дар масоили мисли низоъ дар Сурия, ғасби нимҷазираи Қрим аз Украина ва ҳам иттиҳоми дахолати Маскав ба интихоботи соли 2016-и ИМА сӯҳбат хоҳанд кард.

Ин воқеият, нигарониро дар сангари демократҳо ва дигар мунаққидони Трамп бештар мекунад, ки аз президенти Америка тақозо доранд, ки ба Путин дар робита бо фаъолиятҳои харобкоронааш дар саросари ҷаҳон фишор оварад.

Муовини собиқи дабири кулли НАТО Александр Вершбоу, ки замоне инчунин дар мақоми сафири Амрико дар Русия кор кардааст, гуфт, аз лаҳни Трамп эҳсос мешавад, ки ӯ мехоҳад ба масъалаҳои дардноки мисли Қрим чашм пӯшад. Вершбоу дар сӯҳбат бо СНН гуфт:

“Президент Трамп нишон дод, ки ҳамоно ҳамаро гиҷ карда, дар бораи робитаҳои хуб бо Путин ва кишварҳои мо сӯҳбат мекунад. Изҳороти ӯ субҳи имрӯз дар Твиттер ба нигарониҳои ман афзуд, вақте ӯ ҳамаро бори ИМА ва собиқ президент Барак Обама кард. Ба назар мерасад, ки ӯ мехоҳад ба ғасби Қрим, дахолат ба интихобот ва мавқеи таҷовузгарона дар Сурия чашм пӯшад. Метарсам, ки натиҷаи ин нишаст бохти мо мешавад”.

Трамп дар остонаи мулоқот бо Путин дар саҳифаи худ дар Твиттер бо ишора ба санҷиши вижаи додситони амрикоӣ Роберт Мюллер навишт: “Ба шарофати аблаҳии ИМА, равобити мо бо Русия ҳеҷ гоҳ чунин бад нашуда буд”.

Вершбоу ба мулоқот бо таъхири 30-дақиқаина ҳозир шудани Путинро ҳам интиқод кард ва инро ҳам нишонаи як бозии сиёсии раҳбари Русия бо сиёсатмадорони ҷаҳон номид.

Музокироти миёни президенти ИМА ва Русия дар шароите баргузор мешавад, ки баъди хатми Ҷанги Сард равобити ду кишвар бо сабаби ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, пуштибонии низомиву молии ҷудоиталабон дар шарқи Украина, иттиҳоми дахолати Русия ба интихоботи соли 216-и Амрико, ихтилофи назарҳо дар робита бо ҷанги дохилии Сурия ва ҳам барномаи ҳастаии Эрон пуртаниш шудааст.​

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG