Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мулоқот бо раҳбари Кореяи Шимолиро лағв кард


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мулоқоти худ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Унро, ки қарор буд моҳи оянда дар Сингапур баргузор шавад, лағв кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Кореяи Шимолӣ чанд рӯз пеш эълон кард, ки ба таври якҷониба аз силоҳи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид ва мумкин аст ин мулоқот баргузор нашавад. Раиси ҷумҳури Амрико сабаби лағви ин мулоқотро "душмании ошкор" дар мавқеъгирии ахири ҳукумати Кореяи Шимолӣ гуфт.

Ҷанги лафзӣ байни Пхенян ва Вашингтон дар рӯзҳои ахир ба хусус пас аз изҳороти Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп афзоиш ёфтааст.

Доналд Трамп дар номае ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки Кохи Сафед мунташир кард, гуфтааст, ба хотири мавқеъгириҳои ахири Кореяи Шимолӣ, "дар ҳоли ҳозир чунин нишасти аз пеш барномарезишудае муносиб нест."

Раиси ҷумҳури Амрико дар номаи худ хитоб ба Ким Чен Ун бо зикри ин, ки "бисёр чашминтизори ин дидор будам", афзудааст, ки "мутаассифона ба хотири хашми бузург ва душмании ошкоре, ки дар тозатарин баёнияи шумо дида мешавад, ҳис мекунам муносиб нест дар ин марҳила ин нишастро, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд, баргузор кунем."

Доналд Трамп ин амрро "аз даст рафтани як фурсат" хонд ва ибрози умедворӣ кард, ки баъдҳо бо раҳбари Кореяи Шимолӣ мулоқот кунад. Президенти Амрико дар ин нома гуфтааст, Кореяи Шимолӣ дар бораи тавоноии ҳастаии худ сухан мегӯяд, "аммо (тавоноии ҳастаии мо) чунон бузург ва қудратманд аст, ки дуо мекунам ҳаргиз мавриди истифода қарор нагирад."

Ҷанги лафзӣ байни Пхенян ва Вашингтон низ дар рӯзҳои ахир ба хусус пас аз изҳороти Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп афзоиш ёфтааст. Ҷон Болтон чанд рӯз қабл дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки модели халъи силоҳи Кореяи Шимолӣ метавонад монанди "намунаи Либия" дар соли 2003 бошад.

Сарҳанг Қаззофӣ дар соли 2003 довталабона барномаи ибтидоии ҳастаии худро мутаваққиф кард ва аз таҳримҳо озод шуд. Ҳукумати сарҳанг Қаззофӣ дар соли 2011 ҳадафи ҳамлаи эътилофи НАТО қарор гирифт ва вай саранҷом аз сӯи мухолифонаш кушта шуд.

Муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ дар вокуниш ба ин изҳороти Ҷон Болтон изҳори "нохушнудӣ" карда буд. Ҷон Болтон дар моҳи феврали соли ҷорӣ низ дар мақолае таҳти унвони "Парвандаи қонунӣ дар мавриди ҳамлаи пешдастона ба Кореяи Шимолӣ" дар бораи зарурати ҳамлаи Амрико ба Кореяи Шимолӣ далелҳо оварда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG