Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп вуруди афроди дуҷинсаро ба артиш манъ мекунад


Раиси ҷумҳури Амрико дар назар дорад вуруди афроди дуҷинса (дар Ғарб онҳоро трансгендер ё трансҷинсиятӣ мегӯянд) дар ҳар мақом ва масъулиятеро ба нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар мамнӯъ кунад ва гуфтааст, ки ворид шудани ин афрод ба артиш, "харҷи тиббии сангине дар пай хоҳад дошт ва боиси дарҳамбарҳамӣ мешавад."

Доналд Трамп ин масъалро рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер"-и худ баён кард, вале нагуфт ҳамакнун сарнавишти афроди дуҷинса, ки дар ҳоли ҳозир дар артиши Амрико хизмат мекунанд, аз ин пас чӣ хоҳад шуд. Вай дар идома навиштааст, пас аз машварат бо "генералҳо ва коршиносони низомӣ", давлат "нахоҳад пазируфт", ки афроди дуҷинса аз ин пас дар ҳар мақом ва масъулияте дар артиш, хизмат кунанд.

Вазири дифои пешини Амрико порсол ба нақл аз таҳқиқоти маркази пажуҳишии "РАНД" гуфта буд, ки ҳудуди ду ҳазору 500 фарди дуҷинса дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳастанд.

Ӯ афзуд, "нерӯҳои мусаллаҳи мо бояд дар бораи пирӯзиҳои қотеъ ва муассир фикр кунанд ва набояд фишорҳои вазнини тиббӣ ва халале, ки афроди дуҷинса ба вуҷуд меоваранд, ба онҳо таҳмил кард."

Тибқи маълумоте, ки мақомҳои низомӣ пешниҳод кардаанд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 250 фарди дуҷинса дар нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳоли муолиҷа ва интиқол ба ҷинсияти мавриди назари худ ҳастанд ва тағйири ҷинсияти онҳо таъйид шудааст.

Аз соли гузашта, ки Аштон Картер, вазири вақти дифои Амрико қонуни мамнуияти қабули афроди дуҷинса дар артишро бекор кард, ба ин афрод иҷоза дода шуд, ки ба таври ошкор ва озодона дар артиш хизмат кунанд. Аз аввали моҳи октябри соли гузашта имкониятяҳои тиббӣ дар ихтиёри ин афрод гузошта шуд ва онҳо иҷоза пайдо кардаанд, ки дар чаҳорчӯби қонунҳои вазорати дифоъ, ҷинсияти худро тағйир диҳанд.

Артиши Амрико. Акс аз бойгонӣ.
Артиши Амрико. Акс аз бойгонӣ.

Ахиран фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Амрико эълом карданд, ки қабул кардани афроди дуҷинса ба таъхир меафтад. Нуқтаҳои аслии мавриди баҳс ин аст, ки оё афроди дуҷинса, ки акнун дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳастанд, мушкилоти тиббӣ доранд ва ё чизи дигаре ҳаст, ки монеи фаъолияти комили онҳо мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти дифоии Амрико, фармондеҳоин нерӯҳои мусаллаҳ ҳоло мехоҳанд шеваи бархӯрд бо ин афродро мавриди бозбинӣ қарор дода ва мушаххас кунанд, ки оё онҳо мавриди табъиз қарор гирифтанд ва ё мушкилоти хизматӣ доштаанд. Ин мақомот наметавонанд дар мавриди ҷузъиёти тасмимгирӣ ва натиҷаи баррасиҳои дарунии вазорати дифоъ сӯҳбат кунанд ва тарҷеҳ додаанд номашон дар гузориш фош нашавад.

Интизор мерафт, ки аз соли ҷорӣ он гурӯҳ афроди дуҷинса, ки ҳадди ақал 18 моҳ дар вазъияти ҷинсии хуб бошанд, битавонанд ба нерӯҳои мусаллаҳ бипайванданд. Моҳи гузашта Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико муқаррароти таъхири шашмоҳа дар қабул кардани афроди дуҷинса дар нерӯҳои мусаллаҳро имзо кард. Имзои ин муқаррарот сабаби нигаронии фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи дуҷинсаҳо шудааст.

Вазири дифои пешини Амрико порсол ба нақл аз таҳқиқоти маркази пажуҳишии "РАНД" гуфта буд, ки ҳудуди ду ҳазору 500 фарди дуҷинса дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳастанд ва дар миёни нерӯҳои эҳтиётии артиш низ ҳудуди 1500 нафар аз ин афрод, сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG