Кохи Сафед рӯзи сешанбеи 18-уми июл эълом кард, ки президентҳои Амрико ва Русия дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви "Гурӯҳи 20" дар Ҳамбурги Олмон, ба иловаи дидори расмӣ, мулоқоти дувуме ҳам доштанд.
Доналд Трамп ва Владимир Путин рӯзи ҳафтуми июл як мулоқоти расмии дутарафа доштанд, ки беш аз ду соат идома кард. Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 18-уми июл гуфтааст, онҳо дар ҷараёни зиёфати шоми раҳбарони кишварҳо ҳамроҳи ҳамсаронашон, низ "гуфтугӯи кӯтоҳе" кардаанд. Пахши телевизионии ин маросим, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрико Меланиа Трампро нишон медиҳад, ки дар паҳлӯи Владимир Путин нишастааст.
Кохи Сафед дар баёнияе, ки мунташир кард, мегӯяд, оқои Трамп аз мутарҷими русӣ истифода кардааст, зеро тарҷумони амрикоӣ ҳозир дар ин маросим, бо забони русӣ ошно набудааст.
Ян Бреммер, раиси "Гурӯҳи АвруОсиё" нахустин касе, ки ҷараёни дидори дувумро фош кард, гуфтааст, Трамп дар байни зиёфат аз курсии худ хест ва наздик ба як соат "ба таври хусусӣ", бо раиси ҷумҳури Русия "танҳо дар ҳузури тарҷумони шахсии Путин", гуфтугӯ кардааст. Гурӯҳи АвруОсиё як гурӯҳи бузург аз мушовирон аст, ки ҳавзаи тахассусии онҳо "риски сиёсӣ" мебошад ва дафтари марказии он дар Ню-Йорк ҷой гирифтааст.
Ян Бреммер гуфтааст, ҳузур надоштани тарҷумони амрикоӣ дар ин гуфтугӯ, таваҷҷуҳи ҳозиронро ҷалб кард, зеро метавонад ба маънони "нодида гирифтани протоколҳои амнияти миллӣ", бошад. Кохи Сафед дар баёнияе, ки мунташир кард, мегӯяд, оқои Трамп аз мутарҷими русӣ истифода кардааст, зеро тарҷумони амрикоӣ ҳозир дар ин маросим, бо забони русӣ ошно набудааст.
Раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи 18-уми июл дар сафҳаи "Твиттер"-и худ ба ин гузоришҳо вокуниш нишон дода ва гуфтааст, "интишори ахбори ҷаълӣ дар мавриди дидори махфиёна бо Путин "беморгуна" аст. Ҳама сарони Гурӯҳи 20 ва ҳамсаронашон аз тарафи нахуствазири Олмон даъват буданд. Расонаҳо инро медонистанд".
Вай дар "твитт"-и дигаре навиштааст "ахбори ҷаълӣ, бештар ва бештар садоқати худро аз даст медиҳад. Ҳатто як меҳмонӣ барои раҳбарони "Гурӯҳи 20", бад нишон дода мешавад". Доналд Трамп борҳо ба бархе гузоришҳои мунташиршуда дар шуморе аз расонаҳои машҳур, лақаби "ахбори ҷаълӣ" додааст. Истифода аз ин вожа ва истилоҳот, маъмулан ишора ба ин расонаҳо аст.
Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте аз тарафи Пулиси федеролии Амрико ё FBI ва ҳамчунин кумитаҳои Конгресси он кишвар, дар робита ба иттиҳомоти вобаста ба дахолати Русия дар интихоботи Амрико ва низ иттиҳомҳои марбут ба иртиботи шуморе аз аъзои Ситоди интихоботии Трамп ва мақомҳои рус, идома дорад.
Доналд Трамп борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия низ дахолати кишвараш дар интихоботи соли гузашта дар интихоботи Амрикоро такзиб намудааст.