Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хатми шиканҷа масъулияти давлат аст”


Amnesty International натиҷаҳои таҳқиқоти дусолаи худро дар заминаи шиканҷа дар Тоҷикистон нашр кард.

Amnesty International гузориши нави худро дар робита бо вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон зери унвони “Дар шароити адами риояи қонун шиканҷа беназорат мемонад” нашр кардааст. Ин гузориш натиҷаи таҳқиқоти дусолаи ин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон аст, ки мақарраш дар Лондон аст. Хулосаи аслии гузориш дар он аст, ки бо вуҷуди дар Кодекси ҷиноии кишвар ворид шудани моддаи шиканҷа ба унвони муҷозоти қонунӣ, ҳамоно дар Тоҷикистон азияту озори нафари боздоштшуда як одати маъмулӣ боқӣ мемонад.

Рейчел Баглер, муҳаққиқи масоили шиканҷа дар созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ муҳимтарин нукоти ин гузоришро чунин шарҳ дод:

Баглер: Мо ду соли охир масъалаи шиканҷаро аз наздик омӯхтем. Бахусус, мо ҳодисаҳои шиканҷаро дар марҳилаи муқаддамотии боздоштшавии инсон аз ҷониби полис омӯхтем. Сабаби нашршавии ин гузориши мо дар он аст, ки бо вуҷуди тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирии шиканҷа андешида, дар Кодекси ҷиноии кишвар банди шиканҷаро чун ҷиноят ворид кардааст, ки аз ҷониби мо истиқбол мешаванд, бо ин вуҷуд, мо мегӯем, ки ин ҳанӯз кори андак аст. Ин ҳама ҳанӯз иқдомҳои камест, ки барои муборизаи воқеӣ бо шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо дар миёни ходимони полис ва кормандони амнияти Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни таҳқиқот мо муайян кардем, ки шиканҷа ва азияти боздоштшудаҳо дар ҳама гуна муассисаҳои нигоҳдории муваққати гумонбарон дар Тоҷикистон, бахусус дар марҳилаҳои ибтидоии баъди боздошт ҳамоно вуҷуд дорад.

Мо аз ҳодисаҳои хеле зиёди шиканҷа хабардор шудем, ки бо нияти ошкор шудани ҷиноят аз ҷониби полис ва гирифтани имзои зери баёноти гумонбар ба роҳ монда шудаанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо барои озодшавии худ пул медоданд. Инчунин ба хешовандони онҳо фишор оварда мешавад. Ба вижа чунин муносибат нисбати одамони заъфпазир, ашхоси нодор, нафарони бепушту паноҳ дар ҳукумат, синну соли мухталиф – наврасону кӯҳансолон раво дида мешавад. Инчунин, мо ба хулосае омадем, ки ба ходимони полис барои ошкор кардани ҷиноят фишор оварда мешавад, то ки онҳо ситоиш шаванд. Аз ҳамин хотир аст, ки мизони ошкоршавии ҷиноятҳо хеле баланд, дар ҳудуди 91 дар сад аст. Ин ба маънои кори хуб тафтишотии полис буда наметавонад, чунки онҳо аз фишори хеле зиёд ва ҳам методҳои ғайриқонунии азияту шиканҷа кор мегиранд.

Озодӣ: Масъалаи шиканҷа аз мавзӯоти хосест, ки мо, хабарнигорон ҳам дар бархӯрд бо он дучори мушкил мешавем. Сабаби аслӣ дар он аст, ки вуҷуди шиканҷаву азияти боздоштшуда ё зиндонӣ кори осон нест. Ин корҳо дар шароити баста сурат мегирад ва собит кардани ин ки нафаре зери латму шарти полис осеб дидааст, хеле сахт аст. Аз ин рӯ, омори дақиқи ин ҳодисаҳоро ҳам касе гуфта наметавонад. Шумо, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кардаед, оё дар заминаи мизони шиканҷа чӣ иттилое ба даст овардед?


Баглер: Дар Тоҷикистон муайян кардани мизони шиканҷа воқеан ҳам сахт аст. Моддаи шиканҷа марти имсол вориди Кодекси ҷиноӣ шуд ва мо хабари ба додгоҳ кашонда шудани қазияи ходими полисро дар вилояти Хатлон аз рӯи ин парванда ҳам истиқбол мекунем. Мушкили дигар дар он аст, ки худи қурбониҳо ва хешовандону наздикони онҳо зери фишор ҳастанд ва озодона наметавонанд ин масъаларо фош кунанд. Агар ҳам нафаре аз рӯи чунин қазия шикоят кунад, бо фишору таъқиби зиёд рӯбарӯ мешавад, ки гоҳо маҷбур аст аризаи худро бозпас бигирад. Аз ин рӯ, мо иттилои марбут ба шиканҷаро аз манобеи мухталиф дарёфт мекунем – аз шоҳидон, хешовандон, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, аз ташкилоти байналмилалӣ, аз матбуот. Ҳар як қазияро мо мӯшикофона таҳқиқ карда месанҷем. Мақсади мо на танҳо ба даст овардани иттилои дурусту дақиқ, балки инчунин таъмини амнияти ҳамсӯҳбатони мо аст.

Озодӣ: Аз рӯи иттилои бисёр нафарони қурбони шиканҷа, полис маъмулан барои гирифтани баёнот ва дар ҷараёни бозпурсиҳо талош мекунад, ки дастрасии вакилро аз ин шахс дур кунад. Чунки дар ҳузури вакил онҳо касро лату кӯб ё азият карда наметавонанд.

Баглер: Ин комилан дуруст аст. Масъалаи дастрасӣ ба вакили дифоъ мавзӯи меҳварӣ аст. Созмони Афви байнулмилал тақозо мекунад, ки ҳеҷ як ҷараёни бозпурсӣ бидуни ҳузури вакил барпо нашавад. Ҳеҷ як гуноҳ бидуни ҳузури вакил эътироф нашавад. Ин хеле муҳим аст. Мо инчунин аз ин нигаронем, ки дар Тоҷикистон, ба истилоҳ, таҷрибаи истифода аз вакилони кисагӣ зиёд будааст. Ин вакилҳо барои тақаллуби санадҳо аз ҷониби полис истифода мешаванд, ки як дигар сабаби шиканҷа мешавад. Масъалаи дигари мавриди нигаронии мо ин беҷазо мондани ходимони полис ва ходимони амниятӣ аст, ки даст ба шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо задаанд. Онҳо на ҳамеша пурра ва аз рӯи ҷинояти содиркардаашон муҷозот мешаванд. Ҳодисаҳои хеле зиёдеро медонем, ки вақте нафарони шиканҷашуда ва хешовандони азиятшудаи онҳо дар бораи ин ариза менависанд, танҳо ду ҷумла посух мегиранд, ки шикояти онҳо собит нашуд. Ин ба он маъност, ки ҳанӯз ҳам шиканҷа ҷиддӣ гирифта намешавад. Ин хеле муҳим аст, ки мардуми кишвар ба полиси худ эътимод дошта бошанд.

Озодӣ: Пас аз рӯи арзёбиҳои шумо, то куҷо шиканҷа дар муассисаҳои боздошти муваққати кишвар зиёд рух медиҳанд?

Баглер: Ин як таҷрибаи оддӣ шудааст, ки ҳамеша дар марҳилаи боздошти аввалия рух медиҳад. Барояшон фарқ надорад, духтари 15-сола, писари 17-сола ё пирамарди солхӯрдае аст. Иқдомҳои сареъ лозим аст, ки ин таҷрибаи ғайриқонунӣ аз байн бурда шавад. Ба эътимоди мо, баландтарин мақомҳои Тоҷикистон барои мубориза бо ин масъала иродаи қавӣ доранд ва мо инро пуштибонӣ мекунем. Ҳеҷ чиз шиканҷаро тавҷеҳ дода наметавонад – на мубориза бо терроризм, на нодориву вазъи бади молии кишвар ва на бардошти мутафовити фарҳангӣ. Ин масъулияти давлат, на ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки ба шиканҷа хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG