Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, мавридҳои шиканҷаи маҳбусон таҳқиқ мешавад


Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон. Душанбе, 22-юми январ.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон. Душанбе, 22-юми январ.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи навори "шиканҷаи маҳбусони Хуҷанд" ва созмони ҳуқуқшиносони ҷавон изҳори назар кард.

Вазири адлияи Тоҷикистон, Рустам Менглиев, мегӯяд, ҳар як маълумот дар мавриди шиканҷа ва марги маҳбусон дар зиндонҳои кишвар мавриди санҷиши ҷиддии додситонӣ қарор мегирад. Вале то ҳол санҷиши танҳо як воқеа бо ҷазои гунаҳкорон ба поён расидааст. Сарвари маҳбаси “Кирпичний” барои ҳалокати маҳбус Аҷик Қаюмов 10 ҳазор сомонӣ ҷарима дод ва духтури маҳбас ба се соли зиндон маҳкум шуд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз нашри видеои охирин лаҳзаҳои умри Аҷик Қаюмов дар маҳбас, мақомот ибтидо ин иттиҳомотро рад карда буданд. Аммо чанд видеои дигар, ки Радиои Озодӣ дар моҳи декабр нашр кард ва дар онҳо маҳбусон аз бадрафтории нозирон шикоят мекунанд, то ҳанӯз пурра санҷида нашудаанд. Вокуниши мақомот, бино бар гуфтаи наздикони ин маҳбусон, ибтидо аз фишор ба онҳое, ки шикоят карданд ва ҳам таъқиби хешу табори онҳо иборат будааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00


Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар бораи ин наворҳои видео гуфт, "мо ҳуқуқшиносон то андозае одамони нобовар ҳастем ва баҳои ҳуқуқиро ба далелҳои бо роҳи қонунӣ ба даст оварда шуда медиҳем. Аммо новобаста аз ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиши ҳамин далелҳо, яъне ин наворҳоро гузаронида истодааст."

Зиндонӣ Аҷик Қаюмов дар лаҳзаҳои пеш аз марг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
Линки мустақим
Дар наворҳои мазкур чанд тан аз маҳбусон мегӯянд, аз аввалин лаҳзаҳое, ки аз муассисаҳои ислоҳии шумораи 1 ва 6-и Душанбе ба маҳбаси рақами 23-и Хуҷанд интиқол ёфтаанд, ҳадафи таҳқиру тавҳин ва латукӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор қарор гирифтаанд. Дар ин навор ҳар кадоме аз онҳо пайи калтакҳои резиниро дар китфу шона ва тахтапушти худ нишон медиҳанд.

Маҳмадмурод Ризоев -- падари Суннатулло Ризоев, ки ӯ низ аз зиндони Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо баъд аз нашри ин наворҳо ва сӯҳбатҳои Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, бадрафторӣ нисбат ба фарзанадаш хотима ёфтааст. Ӯ аз ҷумла гуфт, "шиканҷа то ҳадде буд, ки маҳбусон ҳозир буданд даст ба худкушӣ зананд. Асоси ин ҳама шиканҷа шоҳидӣ додани онҳо дар робита ба марги Ҳамза Икромзода буд. Ҳатто вақте онҳоро барои интиқол додан ба мошинҳо бор мекунанд, як бори дигар огоҳ менамоянд, ки агар аз шоҳидӣ даст бикашӣ, мо туро намебарем. Аммо писари ман дар посух гуфт, то он даме ки дар вуҷуди ман хун аст, ман аз ҳарфи худ барнамегардам. Вақте ӯро ба маҳбаси Хуҷанд мебаранд, то ҳадде латту кӯб мекунанд, ки то ҳанӯз хунравии дарунаш манъ нашудааст."

Маҳбус: "Дар маҳбас ягон хел қонун вуҷуд надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим
Бисёриҳо ин нуктаро тасдиқ кардаанд, ки маҳбусонро барои гувоҳӣ додани онҳо дар бораи шиканҷа ба Хуҷанд интиқол додаанд. Дар худи навор низ ду нафар мегӯянд, онҳо ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҳалокати Ҳамза Икромзода, як сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввали Душанбе, баёнот доданд ва ин сабаби интиқолашон ба Хуҷанд шуд. Вале мақомоти расмӣ мегӯянд, интиқоли маҳбусон бино бар нақша ҷараён ёфтааст.

Воқеа замоне иттифоқ афтод, ки баҳсҳои марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон дар ду соли охир бо қазияи марги Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Усмонбой Бобоев, Аҷик Қаюмов, Хуршед Бобокалонов ва чанд маҳбуси дигар чӣ дар сатҳи кишвар ва чӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ доғтар гашт. Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди шиканҷаро эътироф намуда ва мегӯянд, тамоми роҳҳои қонунии мубориза бо ин равандро истифода мебаранд.

Аммо пайвандони маҳбусон бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафона ва зуд таҳқиқ намекунанд. Аз ҷумла, Лӯъбат Бурҳонова, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, мегӯяд, фарзандаш чаҳор соли пеш дар маҳбаси рақами 1 ба ҳалокат расид, аммо омилони марги вай то ҳанӯз муҷозот нашудаанд. Хонум Бӯрҳонова гуфт, "тӯли ин солҳо барои таҳқиқ шудани марги фарзандам ва муҷозот гардидани афроди гунаҳкор чандин бор ба президент мактуб кардам. Аз дастгоҳи президент ҷавоб омад, ки мо ин корро ба Додситонии кул ирсол намудем. Баъдан ба ман гуфтанд, ки ҷой доштани шиканҷа тасдиқ нашуд. Дар ҳоле ки аксҳои фарзандамро дорам, ки баданаш аз задан сип-сиёҳ шуда ва бо сигор сӯзондагӣ аст. Ман ҳатто тасаввур намекунам, ки дар ин лаҳзаҳо фарзанди ман чӣ қадар азоб кашидааст ва ҳайронам, ки то чӣ ҳад одамон ҳам золим мешудаанд."

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар се соли гузашта дар бораи шиканҷа зиёда аз 130 шикоят гирифтааст, аммо аксари кулли онҳо тасдиқи худро наёфтаанд. Қонун истифодаи шиканҷаро дар кишвар манъ кардааст, вале созмонҳои байналмилалӣ бар инанд, ки мақомот то ҳанӯз натавонистаанд, онро аз боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо “решакан” кунанд.
XS
SM
MD
LG