Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот муаллифони видеои Хуҷандро меҷӯянд?


Мақомоти тоҷик ташвиши волидон аз фишор ба маҳбусон пас аз нашри наворҳои шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси Хуҷандро, беасос медонанд.

Наздикони чанде аз маҳбусоне, ки дар навори видеоӣ осори латукӯб ва бадрафтории нозирони маҳбаси Хуҷандро нишон дода буданд, мегӯяд, баъд аз пахши ин наворҳо ҳайате аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳбусонро зери фишор қарор додааст, то наворбардор ва ношири видеоҳои ҷанҷолиро пайдо кунад. Аммо мақомоти давлати Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд.

Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки ин ташвиши волидони маҳбусҳо асос надорад, зеро ҳеҷ нафар ва гурӯҳе аз ин ниҳод ба хотири маълум кардани пахши навори видоеии маҳбусҳо дар интернет, ба зиндони Хуҷанд нарафтааст.

Ҳамзамон, вай афзуд, "вале дар ҳеҷ яке аз маҳбасҳои кишварҳои ҷаҳон истифодаи телефони мобилӣ иҷозат нест ва ин амали ғайриқонунӣ аст ва барои худи маҳбус мушкил меорад."

Ин дар ҳолест, ки волидони маҳбусони зиндони Хуҷанд аз фишори мақомот ба фарзандонашон бинобар расонаӣ кардани навори латукӯби ва шиканҷа зиндониён, изҳори нигаронӣ намуданд. Раҳмиддин Солиев, бародари яке аз маҳбусҳои зиндони Хуҷанд, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба дунболи нашри навори видеоие, ки дар он маҳбусони Хуҷанд осори шиканҷа дар бадани худро нишон дода, аз бадрафтории маъмурони зиндон шикоят мекунанд, гурӯҳе аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия ба ин маҳбас омада, зиндониёнро як-як бозпурсӣ мекунанд.

Ба қавли ҷаноби Солиев, онҳо маҳбусҳоро маҷбур мекунанд, ки иқрор шаванд, ки навори видеоиро кадоме аз онҳо дар ихтиёри расонаҳо қарор додааст. Раҳмиддин Солиев мегӯянд, волидони маҳбусоне, ки 5-уми октябр аз маҳбаси рақами аввали пойтахт ба зиндони Хуҷанд интиқол дода шуда буданд, изҳори ташвиш доранд, ки ба сари фарзандонашон чӣ хоҳад омад.

Дар ин навор, ки ба воситаи телефони ҳамроҳ сабт шудааст, чандин нафар аз маҳбусон мегӯянд, аз аввалин лаҳзаҳои вуруд ба маҳбаси шумораи 3-и Хуҷанд ҳадафи таҳқиру тавҳин ва латукӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор ёфтаанд. Ҳар кадоме аз онҳо пайи калтакҳои резиниро дар китфу шона ва тахтапушти худ нишон медиҳанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, аз чунин муносибат ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят фиристодаанд. Падару модари се тан аз маҳбусоне, ки рӯзи 5-уми ноябр аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд, ин наворро рӯзи 11-уми декабр дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор доданд.

Зимнан, Шерхон Салимзода , Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 15-уми декабр бархе аз волидони норозии зиндониёнро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо гуфтааст, видеои маҳбусони Хуҷандро, ки дар он иддао мешавад, гӯё онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, тафтиш хоҳанд кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмадмурод Ризоев -- падари Суннатулло Ризоев, ки моҳи гузашта аз зиндони Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтааст, хабар дод.

Ӯ гуфт, дар мулоқот бо Додситонии кул волидон талаб кардаанд, ки масъалаи шиканҷа дар зиндонҳо таҳти назорат гирифта шавад. Ба қавли ҷаноби Ризоев, онҳо навори видеоиро, ки дар он маҳбусони Хуҷанд осори шиканҷа дар бадани худро нишон дода, аз бадрафтории маъмурони зиндон шикоят мекунанд, ба дасти Шерхон Салимзода супоридаанд.
XS
SM
MD
LG