Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", мақомҳои СММ ин мавзуъро рузи душанбе баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки идораҳои СММ ният доштанд дар моҳи ҷорӣ як даври нави маъракаи ваксиназанӣ зидди фалаҷи атфолро дар Афғонистон оғоз кунанд.
Сабаби манъи ин маърака маълум нест ва Толибон низ то кунун дар ин бора маълумоте ироа накардаанд.
Афғонистон ва Покистон ду кишваре ҳастанд, ки фалаҷи кӯдакон дар онҳо ҳанӯз решакан нашудааст.
Дар гузашта дар Покистон табибон ва касоне, ки дар маъракаҳои ваксиназанӣ бар зидди фалаҷи атфол иштирок доштанд, борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.