Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба марҳилаи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ наёфт


Мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Урдуну Тоҷикистон шаби панҷшанбеи 6-уми июн дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Урдун – шаҳри Уммон - доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони тоҷик фаъол буданд ва чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд, аммо муваффақ нашуданд.

Нимаи дуюми дидор бо бартарии комили мизбонон сурат гирифт ва онҳо ба дарвозаи меҳмонон се голи беҷавоб заданд. Голҳоро Алӣ Олван (дақиқаи 51-ум), Язан Ал-Наймат (68) ва Иброҳим Саъдӣ (90+4) ба самар расонданд.

Ҳамин тариқ, тими миллии Урдун зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Амута, мутахассиси марокашӣ, ки дар ҷадвали гурӯҳи “G” бо касби 10 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад, пешакӣ ба марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфт, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 гардид.

Вале тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозӣ муқобили Урдун аз се имтиёз бенасиб монд ва аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз дар гурӯҳи худ дар ҷойи сеюм аст.

Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни тимҳои миллии Покистон ва Арабистони Саудӣ, ки 6-уми июн дар Варзишгоҳи Ҷинноҳи шаҳри Исломобод доир гардид, бо ҳисоби 3:0 ба суди меҳмонон хотима ёфт.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “G” мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Саудиҳо пешакӣ ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ пайдо карда, соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 гардиданд.

Тими Покистон, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирини гурӯҳ ҷойгир шудааст, аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.

Бозиҳои даври шашуми мусобиқот дар гурӯҳи “G” рӯзи сешанбеи 11-уми июн баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Покистон рақобат мекунад.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Урдун сурат мегирад. Аммо натоиҷи ин ду бозии охирин мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали гурӯҳ тағйир нахоҳад дод.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии панҷ даври мусобиқот аз гурӯҳи “А” Қатар, аз гурӯҳи “В” Ҷопон, аз гурӯҳи “С” Кореяи Ҷанубӣ, аз гурӯҳи “D” Умон, аз гурӯҳи “Е” Эрон ва Узбекистон, аз гурӯҳи “F” Ироқ, аз гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ ва Урдун, аз гурӯҳи “Н” Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн, аз гурӯҳи “I” Австралия ва Фаластин ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 роҳ ёфта, инчунин соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 гардиданд.

Боз панҷ дастаи дигари иштироккунандаи марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 пас аз натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳои “А”, “В”, “С”, “D” ва ”F” муайян хоҳад шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи G

Даври 5-ум

Урдун - Тоҷикистон –– 3:0

Голҳо: Алӣ Олван, 51 (1:0), Язан Ал-Наймат, 68 (2:0), Иброҳим Саъдӣ, 90+4 (3:0).

Покистон - Арабистони Саудӣ - 0:3

Голҳо: Ферас Ал-Брикан, 26 (1:0), Ферас Ал-Брикан, 41 (2:0), Мусоб Ал-Ҷуваут, 59 (3:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Арабистони Саудӣ

5

4

1

0

11-1

13

2.

Урдун

5

3

1

1

14-3

10

3.

Тоҷикистон

5

1

2

2

8-7

5

4

Покистон

5

0

0

5

1-23

0

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

ТоҷикистонПокистон – 20:00

Арабистони СаудӣУрдун – 23:00 (бо вақти Душанбе)

Натоиҷи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026:

Гурӯҳи “А”:

Афғонистон - Қатар - 0:0

Ҳиндустон - Кувайт – 0:0

Гурӯҳи “В”:

Кореяи Шимолӣ - Сурия - 1:0

Мянмар - Ҷопон – 0:5

Гурӯҳи “С”:

Сингапур - Кореяи Ҷанубӣ - 0:7

Чин - Тайланд - 1:1

Гурӯҳи D:

Қирғизистон – Малайзия - 1:1

Тайбэйи Чин - Умон - 0:3

Гурӯҳи “Е”:

Узбекистон - Туркманистон - 3:1

Ҳонконг - Эрон - 2:4

Гурӯҳи F:

Ветнам - Филиппин - 3:2

Индонезия - Ироқ - 0:2

Гурӯҳи “Н”:

Баҳрайн - Яман - 0:0

Непал - Иморот - 0:4

Гурӯҳи “I”:

Фаластин - Лубнон - 0:0

Бангладеш - Австралия - 0:2

XS
SM
MD
LG