Намояндагони Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ қасд доранд, барои ошноӣ бо вазъи зиндониён ва боздоштшудаҳо, ки шикояташон зиёд аст, аз 8 маҳбас ва дигар муассисаҳои ислоҳӣ дидан кунанд. Дар ин бора дар гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон хабар дода шудааст, ки ба тозагӣ нашр шуд ва ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.
Қарори мушоҳидаи вазъи зиндонҳо зоҳиран талоше дигар барои решакан кардани бадрафториву шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки соли гузашта дар матбуоти кишвар пайваста матраҳ мешуд. Тибқи итиллои Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2013 ба ин ниҳод 16 аризаи шикоятӣ дар мавриди шиканҷа ва ё бадрафтории маъмурони милиса ва ё посбонҳои зиндон ворид шуда, вале дар ҷараёни таҳқиқ танҳо чаҳор мавридаш собит шудааст.
Бар асоси ин шикоятҳо, додситонӣ алайҳи чаҳор афсари пулис, аз ҷумла сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара ва як муфаттиши ноҳияи Сарбанд бо иттиҳоми шиканҷа ва алайҳи як посбони боздоштгоҳи рақами якуми шаҳри Душанбе ва муфаттиши калони шӯъбаи корҳои дохилии фурудгоҳи шаҳри Кулоб бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ва фаро рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта додгоҳҳои кишвар ду нафарро бо ҷурми даст задан ба шиканҷа ҷазо додаанд. Ба худи ваколатдор дар соли 2013 мисли соли 2012 даҳ муроҷиат доир ба ҷой доштани шиканҷаву бадрафторӣ ворид шудааст. Ба гуфтаи ваколатдор, ҳарчанд бисёре аз шикоятҳо собит намешаванд, аммо мавҷудияти худи ин шикоятҳо дар бораи шиканҷа мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.
Бар тибқи гузориши солонаи ваколатдор, “шаҳрвандон аксар вақт оид ба вайрон шудани ҳуқуқашон зимни боздошт, аз ҷумла сари вақт тартиб надодани санадҳои боздошт, хабардор накардани хешовандон аз боздошт, риоя нашудани ҳуқуқ ба ҳимоя, дар вақти боздошт ва таҳқиқи парванда мавриди латтукӯб ва муносибати дағалона қарор дода шудан, рад намудани дархости адвокатҳо ва ба андешаи онҳо, ғайриқонунӣ рад кардани оғози парвандаи ҷиноӣ ва беасос қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ шикоят мекунанд.”
Баъди он ки масъалаи бадрафтории маъмурони милиса бо боздоштшудагон ва вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ба яке аз мавзӯъҳои рақами як дар матбуоти Тоҷикистон табдил шуд, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон моҳи августи соли 2013 амр дод, гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби намояндагони дафтари ӯ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои мушоҳидаи вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳо таъсис дода шавад. Баъд аз ин худи Зариф Ализода ва кормандони дафтари омбудсмен барои ошноӣ бо вазъи зиндон аз чанд муассисаи ислоҳӣ боздид карданд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои ислоҳи вазъ ва аз байн бурдани шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониён ва боздоштшудагон ба мақомоти расмӣ тавсия додааст, то протоколи дуввуми иловагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро тасвиб кунанд ва тазмин диҳанд, ки ҳуқуқи афроди боздоштшуда ва муқарарроти бозпурсӣ риоят шавад. Яке дигар аз тавсияҳо насби камераҳои назоратӣ дар ҷойҳоест, ки афроди муттаҳам ба ҷиноятро бозпурсӣ мекунанд.
Дар бораи маҳви шиканҷа дар зиндонҳо ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории маҳбусону боздоштшудаҳо, ваколатдори ҳуқуқи инсон тавсия додааст, маблағгузорӣ барои таъмини маҳбасҳо афзуда шавад ва ин муассисаҳои ислоҳӣ ба таври муназзам бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ назорат шавад. Омбудсмен ҳамчунин ба ҳукумат тавсия додааст, Протоколи иловагии Аҳдномаи байналмилалии зиддишиканҷаро тасвиб кунад, ки яке аз тақозоҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳаст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ваё дар зиндон ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аммо мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ як падидаи фарогир дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва омори расмии мақомот тамоми мавридҳои шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои ин кишварро дар бар намегирад.