Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мендес: Шиканҷаро бардоред! Мақомот: Ин вақт мехоҳад


Хуан Мендес
Хуан Мендес

Гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа мегӯяд, ду омили асосӣ - ҳамчун роҳи осони анҷоми тафтишот ва беҷазо мондани омилонаш - боис шудааст, ки шиканҷа дар Тоҷикистон ҳамоно ба сурати фаровон истифода шавад.

Хуан Мендес - гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа шоми рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли Озодӣ гуфт, умдатан се омил боис шуда, ки дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ нисбати шаҳвандон аз шиканҷа кор мегиранд: «Шиканҷа ҳангоми тафтишот бештар истифода мешавад. Чунки усули хеле осонест барои иқрор кардани айбдоршавандагон ба даст доштан дар ҷиноят. Яъне кормандони қудратӣ шиканҷа мекунанду нишондоди қоилшавиро мегиранд ва бо ҳамин парванда анҷом мешавад. Дигар омил ин фарҳанги беҷазо мондани гунаҳкорон аст.»

Хуан Мендес аз рӯзи 10 феврал бо як сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ ду сол пеш - дар моҳи майи соли 2012 - низ аз Тоҷикистон дидан карда, ба дунбол барои давлати Тоҷикистон ба манзури маҳви шиканҷа як силсила тавсияҳо дода буд. Мендес ин бор ба хотири омӯзиши дигарбораи вазъи шиканҷа ва чигуна иҷро шудани тавсияҳои қаблиаш ба Душанбе омадааст.


Манзур аз ибораи «фарҳанги беҷазо мондан»-и ҷаноби Мендес ин аст, ки аксарияти ниҳодҳои қудратӣ бовар доранд, ки бо шиканҷа кардани нафаре худашон муҷозот нахоҳанд шуд. Аммо ба таъкиди ҷаноби Мендес барои аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон бояд иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад ва кормандони мақомоти қудратӣ дарк кунанд, ки онҳо ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳастанд, на зараррасони онҳо.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии Тоҷикистон зимни мизи мудаввар бо иштироки Хуан Мендес ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд банди марбут ба шиканҷа ба тозагӣ - ҳамагӣ ду сол қабл - ба Кодеккси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шудааст ва барои пурра нест кардани шиканҷа дар кишвар вақт зарур аст. Зимни ин нишаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз он гила карданд, ки онҳо имкони вориди зиндонҳо шуданро надоранд.

Баҳром Абдулҳақов
Баҳром Абдулҳақов
Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон зимни мизи мудаввар бо иштироки Хуан Мендес ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфт барои ислоҳи вазъ вақти бештар зарур аст: «Шумо моро дуруст фаҳмед. Аз ташаккули худи давлати Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштаст. Ҷанги шаҳрванди буд, дигар мушкилиҳо буд. Ба мо вақт диҳед, мо вазъро ислоҳ кунем. Мегӯед, ки чаро мо шуморо ба назди маҳбусон намегузоред? Шумо ба мо вақт диҳед, ки ба чунин вохӯриҳо омода шавем аввал.»

Ҷаноби Абдулҳақов афзуд, онҳо ба хабарнигорони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хабарнигорон ва ҳатто ба ҳомиёни ҳуқуқ аз хориҷа, аз ҷумла ба вакилони порлумони Олмон низ имкон дода буданд, ки вориди маҳбасҳо шаванд. Ба таъкиди ин мақомдори тоҷик, дар бархе мавридҳо расонаҳо хабарҳои носаҳеҳ ва бардурӯғро дар нисбати шиканҷа ва ҳатто марги маҳбусон паҳн мекунанд.

Нигина Баҳриева
Нигина Баҳриева
Аммо дар посух ба ин иддаои Абдулҳақов, Нигина Баҳриева -роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон мавсум ба «Нота бене» гуфт барои хотима додан ба шиканҷа маблағ ва вақти зиёд зарур нест, танҳо иродаи сиёсӣ ва хоҳиш зарур аст: «Сохтмони маҳбасҳои нав воқеан маблағи зиёд талаб мекунад. Аммо барои ба маҳбас роҳ додани ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва журналистон барои сӯҳбат бо маҳбусон пули зиёд даркор нест. Омаданду диданду сӯҳбат карданд, тамом».

Хонум Баҳриева афзуд, агар худи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба маҳбасҳо дастрасӣ дошта бошанд, ингуна сару садоҳо низ камтар мешавад.

Шумори маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 000 нафар гуфта мешавад. Ҳамасола бо ҳукми додгоҳҳо дар ин кишвар тақрибан 5 000 нафар равонаи зиндон мешаванд. Додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо дар мавридҳои ангуштшумор ҳукми сафед мебароранд. Дар соли гузашта танҳо дар 4 маврид қозиҳои тоҷик гумонбаронро бегуноҳ бароварда, аз толори додгоҳ ҷавоб додаанд.
XS
SM
MD
LG