Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Тағйирот дар маркази миллии тестӣ


​Имсол довталабони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ) низ дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта хоҳанд шуд. Соли гузашта онҳо шомили ин марказ набуданд.

Маркази миллии тестӣ рӯзи 2 март бо таъсиси 26 нуқта дар 24 шаҳру ноҳияҳо ба сабти довталабон шурӯъ кардааст.

Хатмкунандаҳои мактабҳои миёна ва афроди дигаре, ки орзуи донишҷӯ шуданро доранд, то 15 апрел метавонанд бо пешниҳоди 3 ҳуҷҷати асосӣ -- шиноснома, маълумотнома аз мактаб ва ё аттестат ва расид оид ба пардохти маблағи иловагӣ, ки 170 сомонӣ муқаррар шудааст (ятимон аз пардохти ин маблағ озоданд), дар Маркази миллии тестӣ худро ба қайд гиранд.

Ҳамроҳ бо асноди зарурӣ довталабон бояд рӯйхати ихтисосҳои интихобкардаи худро низ пешниҳод кунанд. Имсол ба фарқ аз соли гузашта, ба довталабон имкони интихоби 12 ихтисос дода мешавад. Соли гузашта онҳо ҳаққи интихоби 10 тахассусро доштанду бас.

Масъулини маркази миллии тестӣ мегӯянд, имсол дар ҷараёни қабули довталабон ба донишгоҳҳо чанд бартарӣ дода шудааст. Ба гуфтаи онҳо, соли равон Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои муассисаҳои таълимии Русия дар Тоҷикистон ва омӯзишгоҳҳои касбии кишвар, ки соли гузашта дар қабули довталабон тобеи Маркази тестӣ набуданд, вориди ин низом гардидаанд.

Гуфтугӯ бо Хуршед Тешаев, раиси Маркази миллии тестӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Дар бораи ин ва дигар тағйироти пешомада дар кори Маркази миллии тестъ мусоҳибае доштем бо раиси ин Марказ Хуршед Тешаев.

Хуршед Тешаев: “Воқеан, дар кори мо ба фарқ аз соли гузашта фарқият зиёд аст. Соли гузашта аз довталаб 4 ҳуҷҷат, аз ҷумла ҳуҷҷати тиббӣ талаб мешуд, ки имсол ин лозим нест. Имсол бо дастури президент бо довталабону волидони онҳо вохӯриҳои зиёд ташкил кардем ва бовар дорам, имсол довталабон омодагии хуб диданд ва маъумоти кофӣ доранд. Мо ҳоло бештар ба онҳо таъкид карда истодаем, ки дар бартарии интихоб ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Соли гузашта, баъзе довталабон инро хуб дарк накарда, иштибоҳ карданд. Бояд дар навбати аввал ихтисосеро интихоб кунанд, ки довталаб хеле хоҳиши дар он таҳсил карданро доранд. Тавсия медиҳем, аввал дар рӯйхати интихобҳои худ, бартарӣ ба ихтисосҳои

ройгон диҳанд ва баъд дар поён ба шартномавӣ. Аммо онҳое, ки аслан имкони таҳсили пулакиро надорад, хоҳиш мекардем, ки гурӯҳҳои пулакиро умуман интихоб накунанд, чун вақте дохил шуд, баъд масъалаҳои пардохти ҳаққи таҳсил пеш меояд, ки донишгоҳҳо аз замони қабули ҳуҷҷатҳо пардохи ин маблағро талаб мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Дар таҷрибаи аввал чӣ мушкилоте буд, ки Маркази миллӣ талош дорад, имсол он такрор нашавад?

Хуршед Тешаев: “Албатта, дар таҷрибаи аввал мушкилҳо зиёд буд. Таҷрибаи соли гузашта нишон медиҳад, ки бештар аз ҳама довталабон ба класстери 2 (ихтисосҳои иқтисодӣ ва бонкдорӣ, 4 (ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ) ва 5 (тиббӣ) таваҷҷӯҳ доранд. Масалан, Донишгоҳи давлатии тиббиро соли гузашта беш аз 8 ҳазору 500 нафар интихоб карданд. Дар ҳоле ки ин донишгоҳ тибқи нақшаи қабул 1100 нафарро қабул кард. Яъне беш аз 7 ҳазор довталаб аз ин ҷойҳо берун монданд. Барои ҳамин, имсол мо ба тамоми минтақаҳо сафар кардем ва ба довталабон таъкидҳо кардем. Фикр мекунам, имсол мушкилот камтар мешавад. Умед дорем, довталабон дар интихоби касб хато намекунанд.”

Гуфта мешавад, имсол 111 ҳазор нафар мактабҳои миёнаи кишварро хатм мекунанд. Ба тахмини масъулини маркази миллии тестӣ, имсол 60 - 65 ҳазор довталаб барои дарёфти унвони донишҷӯ рақобат хоҳанд кард. Тибқи нақша дар муассисаҳои таълимӣ ва касбӣ 42 ҳазор ҷой ҷудо шудааст.

Соли 2014 барои бори аввал дар Тоҷикистон шеваи қабули довталабон ба донишгоҳҳои комилан дигар ва тариқи маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи ин низом ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳҳо хеле барвақт аз моҳи март шурӯъ мешавад ва имтиҳонҳо ҳам дар моҳи июн ва июл сурат мегиранд. Масъулин мегӯянд, дар аввалин таҷрибаи худ ин шеваи дохилшавӣ тавонист, домани фасод дар маъракаи дохилшави ба донишгоҳҳоро коҳиш диҳад, вале онҳое ҳам буданд, ки аз ин усул ва кори маркази миллии тестӣ норозӣ буданд ва шикоят мекарданд.

XS
SM
MD
LG