Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳси ғоибона" байни Донишгоҳи тиббӣ ва Сафват Бурҳонов


Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон иддаои хабарнигор Сафват Бурҳонов дар бораи ба макони харидуфурӯши дипломҳо табдил ёфтани ин мактаби олиро рад мекунад. Сафват Бурҳонов аммо мегӯяд, ки даъвояш ҳақиқат дорад.

Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ изҳори назари хабарнигор Сафват Бурҳонов дар мақолаи ”Тибби тоҷикро кӣ "табобат" мекунад?”-ро бепояву асос номидааст. Ин мақола вокунишҳо ба даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки хостори дар бемористонҳои худи Тоҷикистон табобат гирифтани мансабдорон шуд, хулоса мекард.

Сафват Бурҳонов дар ин матлаб гуфт, ислоҳотро бояд аз Донишгоҳи тиббӣ шурӯъ кунанд, чунки, гуфт ӯ, ин мактаби олӣ “ба як муассисаи тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Аз таҷрибаи худам мегӯям, 2 писарам бо вуҷуди талошҳо натавонистанд, бидуни маблағ ба ин донишгоҳ шомил шаванд. Як нафараш билохира дохил шуд, аммо як сол хонда, партофт, зеро дар як сол 70 китоби мухталиф ба сараш бор карданду харида овард. Муаллимони донишгоҳ ҳоло ҳама нависанда шудаанд, вале дониш нест.”

Аммо дар номаи расмии масъулони ДДТТ ин даъвои Сафват Бурҳонов беасосу муғризона арзёбӣ мешавад. Дар нома омадааст, ки Сафват Бурҳонов қаблан ҳам дар ҳафтаномаи “СССР” ва дар Интернет алайҳи Донишгоҳи тиббӣ матлабҳои интиқодӣ чоп карда буд ва маъмурияти донишгоҳ то ҳол ба далелҳое аз вокуниш ба онҳо худдорӣ мекард. Посухи шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТТ-ро инҷо бихонед:

ДДТТ: “Фақат як писари Сафват дониши казоӣ дошт ва бе “тағо” дохил шуд

“Воқеан ҳам, се фарзанди мавсуф довталаби донишгоҳ буданд. Маротибаи аввал, соли 2010 Сиёвуши Савфат имтиҳони тестиро бо варианти чоруми забони тоҷикӣ супорида, аз 270 холи имконпазир 83,5 холро соҳиб гашта буд, ки ин натиҷа ба баҳои 2 баробар аст. Фарзанди дигари Сафват – Шаҳриёри Сафват имтиҳони тестиро бо варианти панҷуми забони тоҷикӣ супорида, дар маҷмӯъ аз 270 холи имконпазир сазовори 140 хол гардида буд. Сипеҳри Сафват бошад, имтиҳони дохилшавиро бо варианти 12-уми тоҷикӣ супорида, аз 270 холи имконпазир соҳиби 135 хол гардид.. Вале он замон теъдоди холҳои гузариш ба факултаи тиббии донишгоҳ 170 хол муайян гардида буд. Биноан, ин нафарон на бо айби масъулини донишгоҳ, балки бинобар паст ва ҷавобгӯйӣ талабот набудани сатҳу сифати донишашон сазовори номи донишҷӯй нагашта буданд.

Ба маълумоти хонандагони закии Радиои озодӣ мерасонем, ки чун ҳамешагӣ Сафвати аз ҳама «норозӣ» унвонии макомоти дахлдор ариза навишта, худро «ҷабрдида»-ву фарзандонашро «зулмдида» арзёбӣ намуда буд. Дар ин замина, санаи панҷуми августи соли 2010 Комиссияи аппелятсионӣ дар радифи 286 аризаи довталабон аризаи бо «сӯзу гудоз» ва дар заминаи туҳмату таҳқир навиштаи Сафватро низ мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо мақсади аз наздик суҳбат намудан ва фаҳмонидани моҳияти масъала санаи 10 августи соли 2010 роҳбарияти донишгоҳ номбурдаро ба мулоқот даъват намуд. Мутаасифона, Сафвате, ки дар саҳифаҳои матбуот сари ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино борони туҳмату маломатро мерезад, ба ин мулоқот наомад ва ҳамсарашро равон намуд. Дар раванди суҳбат ба ҳамсари С. Бурҳонов роҳбарияти донишгоҳ тамоми паҳлуҳои масъаларо таври возеҳ шарҳ дода, ҳатто пешниҳод намуданд, ки тариқи истисноӣ ба фарзандонашон бобати дубора супоридани имтиҳони тестӣ иҷозат медиҳанд ва натиҷаҳои онро ба инобат мегиранд. Вале номбурда баъд аз машварати кӯтоҳи телефонӣ бо Сафват ин пешниҳодро рад намуданд.

Хонандаи азиз худ хулоса кунед, ки оё нафаре, ки ба гуфти ӯ фарзандонаш вундеркинд мебошанд,чунин пешниҳодро бидуни эътимоди комил надоштан ба дониши фарзандонаш ва ҳақ буданаш рад менамояд? Албатта не… Нуктаи муҳим, ҷолиб ва беназире, ки онро месазад ихтирои Сафват низ номид кушиши дар имтиҳон ба ҷойи Сиёвуши Сафват ширкат намудани Шаҳриёри Сафват мебошад, ки хушбахтона аз ҷониби кормандони донишгоҳ ба мушоҳида расидаву то ин замон ба хотири ҳифзи арзишҳои инсонӣ аз ошкор намуданаш худдорӣ менамудем.

Шояд саволе пайдо шавад, ки чӣ зарурат буд то Шаҳриёр ба ҷойи Сиёвуш кушиши имтиҳонсупорӣ намояд? Сухан сари он аст, ки сатҳи дониши Шаҳриёр дар муқоиса ба дигар фарзандони «вундеркинд»-и Сафват нисбатан баланд буда, онҳо зоҳиран низ сахт шабеҳи ҳамдигаранд. Хандаовар аст, Сафвате, ки худро дар навиштаҳояш поквиҷдон, ҳақиқатнигор ва дар маҷмӯъ «сафедаки бегуноҳ» арзёбӣ менамояд аз чунин шеваи соддаи фиребу найранг истифода намудаву навиштаи охиронаш собит намуд, ки то ҳанӯз ҳиҷолатзада нест.

Ҳол он, ки агар истифодаи чунин усули аблаҳона аз ҷониби дигар нафар ошкор мегардид, Сафват баринҳо бо ҳангомасозиҳои худ «заминро бурда ба осмон мечаспониданд» Сафват хонандагонро ба гумроҳӣ бурда, нигоштааст: «Соли сеюм бо ёрии 1 дӯст (аз пеши худаш) 1писарам дохил шуду дуи дигар не. 1 сол таҳсил карду дилаш монд,орзуҳояш абас рафтанд. Сатҳи муаллиму донишҷӯро дид, ки аз ин хондан баҳра бурдан намешавад. Бас кард хонданро, 70 китоби мухталиф ба сараш бор карданду харида овард». Табиист, ки дилхоҳ шахси аз ҳақиқати ҳол бехабар, баъд аз хондани ин навиштаҳо ба риққат омадаву дилаш ба ҳоли ин нафар хоҳад сӯхт.

Аммо ҳақиқати ҳол на онест, ки Сафват навиштааст. Санаи 11-уми сентябри соли 2013 аз номи Шаҳриёри Сафват унвонии Ректори донишгоҳ ариза ворид гардида буд, ки (нусхаи ариза мавҷуд аст) дар он омадааст: «Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо сабаби вазъи оилавӣ баромадан ба рухсатии академӣ аз 01.09.2013 то 01.09. 2014 иҷозат диҳед». Акнун худ қазоват намоед, ки муҳтавои ариза куҷову суханони Сафват куҷо…

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Шаҳриёри Сафват на «бо ёрии 1 дӯст (аз пеши худаш)» ҳамон тавре падараш нигоштааст, балки бо дониши худ ба донишгоҳ қабул шудааст. Яъне соли 2012 чуноне ки дар боло қайд кардем, аз байни фарзандони Савфат танҳо Шаҳриёр дониши қазоӣ дошт, ки бо ба даст овардани 173 хол ба донишгоҳ дохил шуд.

Бо дарки масъулият маълум менамоем, ки Шаҳриёр бо дониши худ ба курси 1 – уми факултети тиббӣ дохил шудааст, на ин ки бо воситаи кадом дӯсти падараш. Нуктаи дигаре, ки Сафват ва баъзе ба ном «коршиносон» мунтазам ба он дахл намуда, онро муғризона арзёбӣ менамоянд, ин муқоисаи донишу малакаи хатмкардагони замони шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи ин нафарон, гӯё сатҳи дониши хатмкардагони замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба онҳое, ки пештар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудаанд, нисбатан паст мебошад.

Бо дарки масъулият, дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор ва далелу рақамҳои асоснок иброз менамоем, ки андеша билкул нодуруст аст. Садҳои мисолҳои радкунандаи ин сафсата мавҷуданд, вале мо танҳо бо овардани чанде аз онҳо иктифо менамоем. Барои мисол, айни замон дар хориҷи кишвар зиёд нафароне ҳастанд, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм намудаанд, дар беҳтарин муассисаҳои тандурустӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Гуфтан бамаврид аст, ки теъдоди зиёда аз 370 нафарашон дар вазифаҳои масъул (сардухтур, мудири шуъба, кормандони хурду калони илмӣ ва ғайра) кор карда истодаанд, ки имрӯз бо роҳбарияти донигоҳ дар тамос ва ҳамкорӣ мебошанд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар муқоиса ба замони шуравӣ дар шароити кунунӣ хатмкардагони донишгоҳ тавонистанд дар хориҷи мамлакат кишварамон ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро таври бояду шояд ва арзанда муаррифӣ намоянд.

Дар муассисаҳои тандурустии кишвар низ онҳое, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм кардаанд, ҳамчун ворисони арзандаи Сино фаъолияти назаррас ва шоистаи таҳсин доранд. Мутаасифона ин омилҳо ба чашми «ҳамабин»-и Сафват наменамояд.

Мо ба хулосае омадем, ки набояд навиштаҳои Сафват ҷиддӣ гирифта шаванд, зеро ӯ ҳамеша ақидаҳои булаҷаберо таблиғ, пешниҳод ва амалӣ кардааст. Масалан, пешниҳоди беназири мавсуф бобати он, ки «Маҳоратамро мефурӯшам» ва ё гуруснанишиниаш моҳи июни соли гузашта далели возеҳи ин гуфтаҳост. Он замон ба гуфти худаш бинобар «пофишории шадиди дӯстону пайвандон, то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ, вокуниши мақомоти кишвар ва эҳтимолияти барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода шуданаш аз ҷониби доираҳои ҳадафманд» гуруснанишиниро пеш аз мӯҳлат қатъ намуда буд. Вале навиштаҳо ва берун аз Ватан буданаш аз он шаҳодат медиҳад барои «маҳораташ» то ҳол харидор наёфтааст.

Мушоҳидаҳо гувоҳанд ва коршиносони соҳа низ тасдиқ менамоянд, ки шурӯъ аз соли 2006 инҷониб марҳилаи нави рушди донишгоҳи тиббӣ оғоз гаштаву ин раванд рӯз то рӯз тавсеа меёбад.

Дар анҷом ба Сафват гуфтанием, ки даст аз бӯҳтонзанӣ нисбати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ватани худ бардорад. Зеро:

Дар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,

Ё сухан дониста гӯй, ё ин, ки доим бош хамӯш.

Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Сафват Бурҳонов: Пеш аз ман ин гапро Э.Раҳмон зада буд

Аммо Сафват Бурҳонов, ки тақрибан як сол боз дар муҳоҷират дар хориҷа аз Тоҷикистон қарор дорад, дар як тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки мамъурияти Донишгоҳи тиббӣ мехоҳанд аз ӯ гунаҳкор тарошида, баҳсро аз асли мушкил, ки ришваву фасод ва тарбияи кадрҳои бесавод дар мактабҳои олии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Донишгоҳи тиббист, ба тарафи дигар бикашанд.

Посухи Сафват Бурҳоновро инҷо бихонед:

Сафват Бурҳонов
Сафват Бурҳонов

“Як расми аҷоиб ҳаст, ки чанд бебарори маддоҳ барои худро пеши роҳбаронашон ширин кардан, ҳар касеро ба хиёнату ҷиноят маҳкум мекунанд, то мисли кирми рӯда хуни коргоҳи давлатиро макидан гиранд. Интиқоди ман маншаъ аз нигаронии президенти Тоҷикистон мегирад, ки сатҳи дониш ва фасод дар соҳаи тибро “нигаронкунанда” номид ва диққати ҷомеаро ба ин сӯ кашид. Ман, ки корафтода будам, аз он чӣ аз сар гузаронидам, навистам. Ё президент дурӯғ гуфт? Моро фиреб кард? Ё омори агентии коррупсияву сохторҳои дигари давлатӣ дурӯғ аст, ки ҳар сол чандеи шуморо бо пора дастгир мекунанд?

Аввал ин, ки писарони ман ба ҷои ҳамдигар даромадан наметавонистанд, чунки имтиҳони ҳар сеяш дар як рӯзу як соат буд. Дуюм ин, ки ин ду писарам монанд нестанд, на ба чеҳра ва на ба қаду бар. Дигар ин, ки вақте ду сол паиҳам нагузоштед қабул шаванд, ҳатто ба аппелятсияи дурӯғинатон роҳ надодед, дӯстонам гирд омаданд, маро сарзаниш карданд, ки коре кунам, то бачаҳо ҳайф нашаванд. Аммо якравӣ мекардам, ки бештар хонанд, бештар дониш гиранд ва ҳич гоҳ пеши касе нарафтааму намеравам. Ва нарафтам ҳам.

Се дӯстам гирд омаданду миёни ҳамдигар гуфтанд, ки “бародарзодаҳои моянд, мо ёрдам мекунем”. Ва он сол аз ин се дӯстам, ки одамони шинохтаю дастбакори давлатӣ ҳастанд, танҳо яке тавонист, ки “шогирдаш”-ро қабул кунад. Шукр, писарони ман виждон доранд. Оне, ки қабул шуд, худаш мегӯяд, ки донишаш аз дигар бародаронаш камтар аст. “Тағояш” зӯр баромад.

Биёед, сари масъала оем. Ба гуфти шумо, азизони дилу дида, гунаҳгори асосии сатҳи имрӯзаи тиб аниқ шуд.

Эврика!!! Сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ёфт шуд - Сафват Бурҳонов!

Ман ҳам орзу дорам, ки чунин мебуд. Агар бо ин ҷавоби шумо олам гулистон мешуд, донишҷӯёне, ки номашонро навистан наметавонанду ягон забонро намефаҳманд - на тоҷикӣ, на русӣ, пораи 25 - 30-ҳазордоллара аз байн мерафт, ман шод мешудам ва ҳамаи гуноҳҳои шуморо ба гардан мегирифтам.

Шукр, ки Худо ману фарзандонамро аз чизе наҷот дод, ки ба шумо орзу дорам. Худо шумою фарзандонатонро аз беморӣ нигаҳ дорад ва ҳич гоҳ ба дасти онҳое, ки тарбият доред, гирифтор накунад! Бовар дорам, пинҳонӣ омин гирифтед.

Азизон! Ёдовар шудан аз гуруснанишинию мавқеи сиёсии ман ин як “стрелка переводитъ кардан” fст. Шумо мехоҳед аъмоли худро пӯшед, гӯед, ки “Бурҳонов оппозитсия аст, давлатро аз дур истода сиёҳ мекунад”. Лекин пеш аз ман президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ин бесомонии шуморо дида, бонги изтироб зад. Шояд ӯ ҳам оппозиция бошад? Аммо фаромӯш накунед, ки ҷону тани мардум пеши шумо амонат аст. Ва соҳиби амонат рӯзе подош медиҳад.

Сафват Бурҳонов

XS
SM
MD
LG