Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯри Маркази миллии тестӣ ба фасод хоҳад расид? Ё..? (ВИДЕО)


Маркази миллии тестӣ, ки аз имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишdарро ба дӯш мегирад, амалан фаъол шудааст. Вале суол ин аст, ки ин марказ пеши роҳи фасод дар риштаи маорифро гирифта метавонад?

Ба тахмини ин марказ 60 дар сади хатмкунандаҳои макотиби миёнаи Тоҷикистон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ, ки имсол тариқи низоми ҷадид сурат мегирад довталабӣ хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки қарор аст имсол 100 ҳазор нафар макотиби миёнаи Тоҷикистонро хатм кунанд.

Барои омода кардани довталабону омӯзгорон ба низоми нави қабул тайи 4 рӯз аст дар Душанбе беш аз 80 корманди соҳаи маориф аз саросари кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Қарор аст онҳо ҳамчун тренер омода шуда, баъди хатм ва бозгашт ба минтақаҳои худ, довталабону омӯзгоронро аз шеваи нави дохилшавӣ, ё низоми тестӣ огоҳ созанд. Нахустин давраҳои омӯзишӣ аз 6 рӯз иборат аст ва ба ин тартиб ба гуфтаи Парвиз Саидов, як масъули маркази милии тестӣ бояд дар 3 давр тамоми 100 ҳазор хатмкунандаҳои макотиби миёнаи Тоҷикистон ба ин курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шавнад.

Парвиз Саидов.
Парвиз Саидов.
Парвиз Саидов гуфт: «Дар ин курсҳо беҳтарин кормандони шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ даъвату ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Тавассути ин тренерҳо дар давраи дуввуми омӯзишӣ зиёда аз 3 ҳазор шунаванда омӯзиш дода мешаванд. Давраи севвум, ки ба оғози таҳсил, яъне якуми феврал рост меояд, тренерҳои маҳаллӣ дар дохили синфхонаҳо бо хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимӣ, муддати як моҳ ба довталабон оиди мӯҳтавои низом маълумот медиҳанд. То ҷавононе, ки мехоҳад таҳсилашро дар донишгоҳҳо идома диҳад ба ҳама суолҳои худ посух гиранд ва мушкил накашад.”

Шарифхон Мирзоев, корманди шӯъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг ҳам яке аз шунавандаҳои ин курсҳои омӯзишӣ аст. Ӯ мегӯяд, масъулини ин ноҳия барои гузариш ба низоми имтиҳоноти тестӣ аз ҳоло шароити заруриро муҳаё месозанд. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, хонандагони ин ноҳия аз тариқи расонаҳо каму беш роҷеъ ба ин низоми нав огоҳанд, аммо боз ҳам масоили зиёде ҳаст, ки барои муҳассилии соли охири таҳсил чандон рӯшан нест.

Ба ин тартиб давраҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадидиҳиҳо то 1-уми март идома хоҳад кард ва сар аз моҳи март то 15-уми апрел раванди бақайдгирии довталабон аз рӯйи ин низом дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар шурӯъ мешавад. Хонандаҳо бояд бо пардохти 150 сомонӣ ҳуҷҷатҳои худро дар нуқтаҳои махсуси бақайдгирӣ супоранд. То 31-уми май ба ҷавонон барои ширкат дар имтиҳоноти тестӣ даъватнома ирсол карда мешавад. Парвиз Саидов, масъули маркази миллии тестӣ мегӯяд, ҳоло суолномаҳои тестӣ аз рӯйи 14 ихтисос омода шудаанд. Дар низоми ҷадид ба қавли ӯ ду намуди имтиҳонот ба нақша гирифта шудааст.

«Яъне ҳар як довталабе, ки аз қайд мегузарад, ду намуди имтиҳон месупорад. Имтиҳоноти тести умумӣ ва тести тахассусӣ. Довталаб нахуст бояд аз 4 фан, математика, забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои ҳуқуқ тест супорад. Рӯзи дуввум муовфиқи нақша ба тести тахасссусӣ мераванд. Вобаста ба тахассусе, ки интихоб мекунад аз 3 фан имтиҳони тестиро месупоранд,» - меафзояд Парвиз Саидов.

Аммо барои кӯмак ба довталабон ба қавли Парвиз Саидов, Маркази милии тестӣ ва вазорати маорифу илм тасмим гирифтааст, китобчаи махсусе бо номи роҳнамои довталабро ба нусхаи 200 ҳазор нашр ва ба фурӯш гузорад. Дар ин мавод намунаи суолҳои тестӣ аз 14 фан ва тарзи пурраи татбиқи ин низом ҷой дода мешавад. Ин китоб бояд то охири ин моҳ ба дасти довталабон бирасад. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони маркази милии тестӣ, тоҷиконе, ки берун аз кишвар ба сар мебаранду шаҳрвандии Тоҷикистонро надоранд, наметавонанд аз рӯйи ин низом ба қайд гирифта шаванд. Онҳо бояд қаблан ба кишвар омада шаҳрвандӣ бигиранд. Аммо ин тасмим ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки миллаташон ҳам тоҷик нест, рабт надорад.

Тамрин дар маркази тестӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ, низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо аз тариқи технологияҳои муосир аст ва барои гузариш ба ин низом Тоҷикистон сар аз соли 2008 омодагӣ мегирад. Ба гуфтаи маъсулини соҳа ҳоло ин кившар пурра барои амалисозии ин шеваи имтиҳонот омодааст. Ҳадаф аз қабули ин низом ҳам ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод арзёби мешавад.

Аммо на ҳама феълан ҷонибдори ба ин низом гузаштани соҳаи моарифи Тоҷикистон аст. Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон Тоҷикистон ҳоло барои роҳандозии низоми тестӣ чандон омода нест.

Мунира Иноятова собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, имтиҳоноту баҳогузории тестӣ наметавонад сатҳи дониши хонандаро пурра муайян кунад: «Масалан баъзе фанҳое ҳастанд, ки мантиқан тафтиш карданашон даркор, хулосабарорӣ, тарзи суханронии довталабро фаҳмидан даркор. Масалан аз фанҳои адабиёт, таърих, мантиқ яку якбора тест гирифтан на он қадар хуб аст ба фикрам. Аз як ҷиҳат тест албатта хуб аст, ки имтиҳонот зуд мегузаранд, аммо аз ҷониби дигар он сифати пурраи имкониятҳои илмии талабро нишон намедиҳад.»

Хатмкунандаҳои имсолаи макотиби миёнаи Тоҷикистон, ки аксарият аз ҳоло барои шомил шудан ба донишгоҳҳо дар курсҳои пулакӣ ва ё назди омӯзгоронӣ алоҳида омодагӣ мегиранд дар робита ба низоми нави қабул назару андешаҳои мухталиф доранд. Фаррух, хонандаи синфи 11-и як мактаби шаҳр, ки соли гузашта дар ҷарраёни имтиҳоноти озмоишӣ аз рӯйи низоми ҷадид ширкат доштааст мегӯяд: «Бартарии имтиҳоноти нави қабул ин аст, ки ҳар як довталаб метавонад якбора дар 10 ихтисос интихоб ва ҳуҷҷат супорад ва вобаста ба бале, ки мегирад метавонад дар яке аз ин донишгоҳ ё факулта шомил шавад.»

Мушарафа, ҷавондухтаре, ки соли гузашта мактаби миёнаро хатм кардаву мегӯяд, бо сабаби молӣ натавонистааст дар донишгоҳ таҳсилашро идома диҳад, мехоҳад имсол аз рӯйи низоми ҷадид боз бахташро бисанҷад. Ҳарчанд мегӯяд, Мушаррафа чандон бовар надорад, ки ин низом ҳам тавонад ба дониши воқеии довталаб баҳо диҳаду ба кулли ришваву фасодро аз байн барад.

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ба ин тартиб имсол 1-уми июл довталабони тоҷик барои нахустин бор аз рӯйи низоми марказонидашудаи тестӣ, имтиҳон хоҳанд супурд. Натиҷаи имтиҳонот якуми август дар сомонаи расмии маркази милии тестӣ www.ntc.tj эълон мешавад. Барои супурдани имтиҳон ва огоҳ шудан аз натиҷаи имтиҳони худ, довталаб бояд тавонад аз компютеру интернет бархурдор бошад. Бинобарин масъулони маркази миллӣ тестӣ мегӯянд, дар мактабҳо бояд дарсҳои технологияи информатсионӣ дурусттар ба роҳ монда шава. Довталабони комёб бояд то 25-уми август ба маркази мазкур ҳозир шуда, аз қайд гузаранд ва ба донишгоҳ танҳо бо асноди худ ҳозир шудаву ба дарс шурӯъ мекунанд.

Маркази миллии тестӣ дар ҳоле ба роҳ андохта мешавад, ки ниҳодҳои вазорати маорифи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олиаш, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар номида шуда, бисёриҳо ба инки касе метавонад бидуни ришва ё ошнобозӣ ба мактаби олӣ, ба вижа ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ, дохил бишавад, аслан бовар надоранд.

Акнун суол ин аст, ки ин маркази нав то куҷо метавонад ин таърифи манфии дохилшавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистонро аз байн бубарад? Ва оё ин маркази милли тестӣ ҳам як ҷузъи дигари ҳамон низоми олуда ба фасод нахоҳад шуд? Ин суолҳоест, ки нахустин посухҳояш баъди анҷоми давраи имсолаи дохилшавӣ маълум хоҳанд шуд. Тобистонро нигоҳ кунед!
XS
SM
MD
LG