Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Мироваров: Хушнуд "облава" нашудааст


Як гурӯҳи наваскарон қабл аз рафтан ба хидмат
Як гурӯҳи наваскарон қабл аз рафтан ба хидмат

Мақомоти низомии Тоҷикистон истифода аз “облава”-ро дар мавсими кунунии даъват ба артиш рад мекунанд ва мегӯянд, нақшаи даъват дар Хатлон пурра ва дар Душанбе алакай 83 дарсад сад иҷро шудааст.

Генерал Хушбахт Мироваров, муовини раиси Кумиссиюни ҳукуматии даъват ба артиш ва муовини фармондеҳи ситоди кулли вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 5 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвати наваскарон тавассути “облава” дар мавсими баҳории даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро рад кард. Генерал Мироваров гуфт, ҷавонон маҷбурӣ даъват карда намешаванд, вале дар бархе ҳолот аз даъват ба хидмат бо ҳар роҳ сарпечӣ мекунанд.

Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфта, қарор аст, то 31 май идом аёбад. Вале генерал Хушбахт Мироваров гуфт: “Аллакай вилояти Хатлон нақшаи даъватро 100 дарсад иҷро кард.Дар пойтахт бошад нақшаи даъват 83 фоиз ва дар навоҳии атрофи Душанбе 79 дарсад иҷро карда шудааст.”

Генерал Мироваров афзуд,ки танҳо дар вилояти Суғд андаке масъала ҷой дорад вале афзуд,ки то поёни моҳи май фурсат ҳаст ва имкон дорад, нақшаи даъват дар шимоли кишвар ҳам пурра иҷро гардад.

Вай дар робита ба вуҷуди шеваҳои иҷбории даъвати наваскарон, маъруф ба “облава”, генерал Мироваров гуфт, ки ин “облава” нест ва кормандони ниҳодҳои масъул ҷавононро аз рӯи қонун ва вобаста ба синну сол ба хидмат мегиранд.
Хушнуд Исомиддинов
Хушнуд Исомиддинов
Ҷаноби Мироваров дар робита ба Хушнуд Исомиддинов, як сокини 23-солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба гуфтаи наздиконаш, соати шаши субҳи 25 апрел ҳангоми фирор аз “облава” аз ошёнаи чорум афтода, сахт маҷрӯҳ шудааст, гуфт, ки синну соли вай барои даъват мувофиқ буд ва ӯро тибқи қонунҳои ҷорӣ даъват кардаанд, вале вай фирор намуда, ҳанггоми аз як балкон ба балкони дигар гузаштааст. “Инҷо “облава” набуд,” – гуфт генерал Мироваров ва афзуд: «Кормандони ниҳодҳое,ки омада ӯро даъват карданд, дарро заданд, Хушнуд дарро боз кардааст, вале ҳангоми сӯҳбат бо огоҳ шудан аз масъалаи даъват фирор кардааст.»

Ин дар ҳолест ки ҳуқуқдонҳои созмони “Ампаро”, ки ҳимояти ҳуқуқии Хушнуд Исомуддиновро ба дӯш гирифтаанд, мегӯянд, мақомот ҳангоми ба аскарӣ бурдани ӯ ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.

Хуршеда Раҳимова , корманди “Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ” дар Хуҷанд ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Мо дар қадами аввал аз мақомоти додситонӣ ба ҷавобгарӣ кашидани он нафароне, ки саҳарӣ ба мақсади “облава” ба манзили истиқоматии Хушнуд беиҷозат ва бе шиносонидани худ зада даромада, вайро таҳти таҳдиду фишор қарор додаанд, талаб хоҳем кард. Баъди ин ба рӯёнидани ҷуброни зарари маънавию молие, ки ба ӯ расониданд, саъй хоҳем кард.”

Ба гуфтаи Хуршеда Раҳимова, вақти “облава” масъулон худашонро муаррифӣ накарда, ҳаққи қонунии дахлнопазии манзили Хушнудро зери по ва озодии ӯро маҳдуд кардаанд. Ҳамчунин, он афрод, ки ба гуфтаи Хушнуд, яке аз онҳо корманди комиссариати ҳарбӣ буд, тартиби даъватро риоят накарда, бе додани даъватнома ӯро аз ҷойи хобаш ба зӯр ҳамроҳи худ бурданӣ буданд.

Аммо генерал Хушбахт Мироваров, муовини раиси Кумиссиюни ҳукуматии даъват ба артиш мегӯяд: «Бубинед, дар Ҷиргатол нақшаи даъват ба артиш иҷро шудааст. Ҷавонони қирғизтабор бидуни фирору сарпечӣ ба хизмат меоянд,узбекҳо низ меоянд, чаро ҷавонони тоҷик барои кишвари худашон хидмат накунанд?»

Бо вуҷуд генерал Мироваров гуфт, як ҳайати кумиссиюни ҳукуматии даъват ба сафи артиш «барои ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба ҷалби ҷавонон» ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард. Вале ӯ изҳори итминон кард, ки нақшаи даъват то поёни моҳ ҳатман иҷро хоҳад шуд.

Бо онки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон солона ба ҳамагӣ 15-16 000 сарбоз ниёз доранд, дар Тоҷикистон тақрибан 600 000 нафари синну соли даъватӣ (аз 18- то 28-сола) ба сар мебаранд. Аз ин шумор тақрибан 150 000 нафараш ба маҳзи таҳсил дар макотиби олӣ, маъюбӣ ваё саробони ягонаи хонавода буданашон аз масъулияти хидмати низомӣ озод шудаанд. Вале ҳатто аз шумори боқӣ, яъне 450 000 нафар ҳам дар артиш танҳо ба 15 ило 16 000 нафар ниёз доранд. Ин ба маъноест ки аз ҳар 30 ҷавони синну соли даъватӣ танҳо якеашро ба хидмат гирифта метавонанд.

​Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҳол манбаи фасоди густурда дар сохторҳои масъули даъват ба артиш – аз комиссариатҳои низомӣ сар карда то ба масъулини ҷамоатҳову нозирони минтақавӣ ва кумиссиюнҳои тиббӣ шудааст, ки ҳар кадом дар ивази раҳо кардани ҷавоне, ки дар “облава” ба даст афтодааст ваё ӯ ё волидонаш мехоҳанд аз пеш “масуният”-аш аз хидмати низомиро таъмин кунанд, “ҳаққ”-и худро меситонад.
Дар ин авохир даъватҳое баланд мешаванд, ки бо қонунӣ кардани раванди сарпечӣ аз хидмати низомӣ ва аз 2 соли феълӣ то 1 сол кам кардани мӯҳлати хидмат ин “бозори “сирёҳ”-еро, ки дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш ба вуҷуд омада, ино ба ҳисобҳо, дар он солона аз 50 то 100 миллион доллар мечархад, аз байн баранд.

Вакилони ҳизби наҳзати исломӣ ҳафтае пеш ба порлумони Тоҷикистон тарҳи нави қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро пешниҳод кардаанд. Ин тарҳ манъи комили даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш, маъруф ба "облава" ё "чӯҷабарак", барҳам додани порахӯрӣ дар мавсимҳои даъват ба артиши Тоҷикистон ва таъини маоши "на камтар аз маоши миёна дар Тоҷикистон" барои сарбозон, яъне амалан гузаштан ба таъсиси як артиши ҳирфаӣ дар ин кишварро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG