Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили иди Қурбон дар пешорӯи интихобот


Соати 7-у 30 дақиқаи субҳи имрӯз, сешанбеи 15-уми октябр ҳазорон нафар дар пойтахти Тоҷикистон бо адои намоз таҷлил аз иди Қурбонро шурӯъ карданд.

Ин иди муҳими мазҳабӣ имсол дар авҷи маъракаи интихоботӣ фаро расидааст ва бинобар ин ҳузури ходимони пулис дар саҳнаи намозгоҳ нисбат ба солҳои пеш бештар ба назар мерасид. Аммо дар ин маросим ҳузури мақмоти баландпояи давлатӣ мушоҳида нашуд.

Маросими таҷлил аз Иди Азҳо ё Қурбон бо гузоштани ду ракъат намоз бо имоматии Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барпо шуд.

Кормандони пулис намозгузоронро назорат доранд то ноболиғон ба намозгоҳ нараванд. Акс аз иди Рамазон гирифта шудааст.
Кормандони пулис намозгузоронро назорат доранд то ноболиғон ба намозгоҳ нараванд. Акс аз иди Рамазон гирифта шудааст.
Тавре чанд соли ахир таҷруба шудааст, ноболиғини то 18 сола ба намозгоҳи иди Қурбон дар масҷиди марказӣ роҳ наёфтанд ва ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ аз вуруди онҳо ба масҷид ҷилавгирӣ карданд. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи мақомот, ба хусус ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон ба ҳангоми адои намози идона дар масҷиди марказӣ ситоиш кард. Вай гуфт, "маъмурони пулис аз шаб ба хотири таъмини амнияти намозгузорон, ба таври осуда ва осоишта ва роҳат баргузор шудани намози сокинон дар инҷо ҳузур доранд, ки ин ҳама неъмати бузург аст ва имкон медиҳад мову шумо бо хотири ҷамъ ва дар шароити амн тоату ибодати худро анҷом диҳем".

Пас аз намози ид, мардуми бузургсол барои дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон сари оромгоҳи наздикону пайвандон мешитофтанд то бо қироати ояте аз Қуръони шариф арвоҳи гузаштагони худро шод гардонанд. Ҳамчунин қисме аз мардум ба аёдати беморону барҷомондагон рафтанд.

Аммо мардуме, ки имкони молӣ дошт, яке аз дигар суннатҳои Иди Азҳо - қурбонӣ ва забҳи чаҳорпойро анҷом доданд. Бархе ҳам гӯшти қурбонии худро ба мардуми ниёзманд хайр ва қисми дигарашро пӯхтаву болои дастархон мегузоштанд.

Кӯдакон аз иди Қурбон таҷлил доранд.
Кӯдакон аз иди Қурбон таҷлил доранд.
Аммо кӯдакон, ки қабл аз намоз "идгардак"-и худро оғоз карда буданд, ба дари манзили мардум мерафтанд, идона мехостанд ва идонаҳои худро мешумурданд.

Чун имрӯз дар Тоҷикистон таътил аст, мардум рӯ ба манзили ҳаққу ҳамсоя ва наздикону пайвандон овараанд ва ҳамчунин дари худро барои меҳмонон ва талбандаву ниёзмандони дигар боз кардаанд.

Тақрибан 97 дарсад аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Исломанд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷиди ҷомеъу панҷвақта ва як ҳизби мазҳабӣ - ҳизби наҳзати исломӣ - амал мекунанд.

Намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Иди Курбон дар баробари Иди Рамазон аз идҳои мазҳабии мардуми тоҷик маҳсуб мешавад ва давлат низ инро ба хотири таҷлили бошукӯҳи он расман таътил эълон кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14 октябр зимни нашри паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз қавли ӯ овард, "тафаккури мазҳабӣ бояд ба таъмини пойдории истиқлоли кишвар, рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсии мамлакат мусоидат намояд." Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки тафаккури мазҳабӣ бояд ба суботи сиёсии кишвар мусоидат кунад.

Оқои Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти муассисаҳои динӣ таъкид намуда ва гуфтааст, ки "муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо дар шароити ҷаҳони муосир натанҳо макони ибодат бошанд, балки ба маркази фарҳангу одоб, мактаби одамият ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусулмонон табдил ёбанд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба рукни асосии Иди Қурбон будани маносики Ҳаҷ гуфтааст, ки "имсол беш аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо нияти ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи акбар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафтаанд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо нафар мусулмонони ҷаҳон ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф хоҳанд шуд."

Раисиҷумҳур изҳори итминон карда, ки "ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд."

Тақрибан 97 дарсад аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Исломанд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷиди ҷомеъу панҷвақта ва як ҳизби мазҳабӣ - ҳизби наҳзати исломӣ - амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG