Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар дар Тоҷикистон иди Фитрро бо намоз шурӯъ карданд


Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст ва бошандагони кишвар ин рӯзро бо пазироии меҳмонҳо ва дидорбиниҳо сипарӣ мекунанд.

Субҳи имрӯз ҳазорон нафар дар пойтахти Тоҷикистон, дар масҷиди марказӣ намоз гузоштанд. Теъдоде аз ходимони пулис барои таъмини амнияти намози идона сафарбар шуд ва намозгузорон қабл аз ворид шудан ба масҷиди марказии Душанбе аз санҷиши амниятӣ гузаштанд.

Мақомоти шаҳр низ дар ин маросим ҳузур доштанд ва дар назди намозгузорон суханронӣ карданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев
, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 8 август зимни суханронӣ қабл аз барпоии намози иди Рамазон ё Фитр дар масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон, хитоб ба намозгузорон гуфт, "аз ҳама муҳим, нигоҳ доштан, тақвият бахшидани оромии ҷомеа аст. Он рӯзҳои сиёҳ ҳанӯз дар ёдҳо аст ва вақти зиёде аз он рӯзҳо нагузаштааст".

Ҷаноби Убайдуллоев афзуд, ки "оромии ҷомеа сарчашмаи озодии диниву эътиқодӣ ва тамоми ҳастии инсон аст ва бе оромӣ ва осудагӣ ҳеҷ чизе ба даст нахоҳад омад"

Ба таъкиди шаҳрдори Душанбе "ҳоло кулли шароит барои сокинон, ба хусус намозгузорон дар заминаи адои тоату ибодат фароҳам шуда ва танҳо дар шаҳри Душанбе то охирҳои моҳи июл 72 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта насиби сокинон гардида ва дар чанд рӯзи охир 10 масҷиди панҷвақта ба масҷиди ҷомеъ табдил дода шудаанд".

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев, хабар дод, ки "дар рузҳои наздик боз 9 масҷиди дигари панҷвақта ба масҷиди ҷомеъ табдил дода мешавад".

Ҳамзамон ба гуфтаи ҷаноби Убайдуллоев, дар бархе аз минтқаҳои Тоҷикистон шумораи масҷидҳо нисбат ба баъзе пойтахтҳои кишварҳои исломӣ зиёдтар аст, ки ин ҳама ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва эътиқодии шаҳрвандон дар кишвар аст.

Ин аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бар шукри ин неъмати илоҳӣ ташвиқ кард ва гуфт, ки месазад дар фазои суботу оромӣ барои ин миллату давлат хидмати арзандае кард".

Таҷлили иди фитр дар шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Аммо дар канори ин ҳама шароиту имконоти фароҳамшуда, шаҳрдори Душанбе аз бетарафии сокинон интиқод кард.

Вай гуфт, бо он ки камбудиҳо ҳанӯз ҳам ҷой доранд, аммо мушкил дар мову шумост, чун нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ мекунем.

Дар ин росто, шаҳрдори Душанбе ба афзоиши нархҳо дар бозорҳо ишора кард ва гуфт, ҳарчанд ҳукумати шаҳр нархномаи 12 намуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияро дар бозорҳо дар моҳи Рамазон муайян кард, аммо дар бархе аз ҳолатҳо сокинон бетарафӣ нишон дода ва барои танзими он талош намекунанд.

Раиси шаҳри Душанбе "таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ"-ро низ аз камбудиҳои ҷиддии ҷомеа унвон кард ва гуфт, ки дар ин ҷода низ бояд бетарафӣ вуҷуд надошта бошад. Зеро ба таъкиди Убайдуллоев "онҳо фарзанд, ҳамсоя ё хешу табори мо ҳастанд, ки натиҷаи амалҳои носозгори онҳо ба ҷомеаи мо хатарҳои мудҳишро ба бор меорад."

Ин буд, ки шаҳрдори Душанбе хитоб ба намозгузорон "таълиму тарбияи ҷавонону наврасон" -ро муҳим донист ва гуфт, "бояд барои маърифатнокии фарзандон, боло бурдани сатҳи дониши онҳо ҷидду ҷаҳд кунем ва ин ҳама бархоста, аз дини мубини ислом аст, ки ба таълими илму дониш таъкид мекунад".

Ин дар ҳолест, ки бархе аз намозгузорон аз роҳ наёфтани ноболиғон ба намози иди Фитр изҳори нигаронӣ карданд.

Чун дар даромадгоҳи асосии масҷиди марказии шаҳри Душанбе неруҳои интизомӣ ва амниятӣ ҳузур доштанд ва бар иловаи таъмини амнияти барпоии намоз, ҳамчунин аз вуруди кудакону навҷавонони ноболиғ ба масҷид ҷилавгирӣ мекарданд.

Аммо бо вуҷуди назорати пулис, теъдоди каме аз ноболиғон ба масҷид роҳ ёфтанд ва дар канори дигарон намози иди Фитрро гузоштанд.

Ба ин тартиб намози иди Фитр соати 7.00 субҳ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо имоматии Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон баргузор гардид.

Моҳи Рамазон, ки тайи сӣ рӯзи он мусалмонон аз нӯшидану хӯрдан ва қаробати ҷинсии рӯзона худдорӣ меварзанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон густариши бештар меёбад. Баъд аз намози ид мардум ба аёдати беморону калонсолон ва низ зиёрати қабри гузаштагони худ мераванд. Дар рӯҳияи онҳо таъсири ид ва шодиҳои он эҳсос мешавад.

Як нафар аз сокинони пойтахт мегӯяд, ҳар ид ҳатман ба манзили охирати наздиконаш меравад, то ба арвоҳи онҳо фотиҳа бихонад. Зимнан, барои таҷлили беҳтар аз иди Рамазон расм шудааст, ки дар хонаводаҳо бонувон дастархонаи идона ороста, рӯи хонро бо анвои ғизо пур мекунанд.

Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991-ум, давлат рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ, бахусус иди Фитр ва иди Қурбонро таътил эълом карда ва аз он замон ба ин сӯ ин идҳо бошукӯҳ ва бо ширкати иддае аз мақомҳои давлатӣ баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG