Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имсол танҳо ба ду нафар паноҳандагӣ додааст


Як нишаст оид ба мушкили муҳоҷират ва паноҳандагӣ дар Душанбе.
Як нишаст оид ба мушкили муҳоҷират ва паноҳандагӣ дар Душанбе.

Агар онҳое, ки аз кишварҳои худ фирор кардаанд ва дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ мегарданд хаёл кунанд, ки дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Тоҷикистон кори осон бошад, иштибоҳ мекунанд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон додгоҳҳои Тоҷикон танҳо 36 аризаи дархости паноҳандагиро баррасӣ кардаанд ва танҳо ба ду паноҳҷӯ ҷавоби мусбат доданд. Ин ду нафар яке шаҳрванди собиқи Покистон ва дигаре бошандаи пешини Афғонистон будаанд.

Ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, додгоҳҳои Тоҷикистон чандон ба паноҳандагон тараҳҳум надоранд ва кам иттифоқ мефатад, ки сарaи назар аз далели аз таҳдидҳои амниятӣ ба касе ҳаққӣ паноҳандагӣ бидиҳанд. Иноят Иноятов, ҳуқуқдони тоҷик рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми декабр дар як нишасти бахшида ба Рӯзи паноҳандагон гуфт, паноҳандагон дар як додгоҳ ҷавоби радд гирифта, аризаро бо додгоҳи болотар мефиристанд, аммо шикоятҳои кассатсионӣ беҷавоб мемонанд ва додгоҳи болоӣ қарор додгоҳҳи поёни бепосух мегузоранд.

Кист ки дар Тоҷикистон паноҳ меҷӯяд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00
Линки мустақим

Албатта додрасҳо даъвои вакилони мудофеъро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ аризае бидуни баррасӣ намемонад. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар баррасии аризаи паноҳандагон аз ҳама бештар таҷриба андӯхтааст, зеро гуфта мешавад, ки додгоҳҳои навоҳии дигар дар аксар маврид санадҳои паноҳандагонро қабул намекунанд. Раҳимҷон Боймирзоев, корманди суди ноҳияи Сино гуфт, дар ин вазъият худи паноҳандагон низ гунаҳкоранд, ки баъди рад шудани аризаашон ба ҷое муроҷиъат намекунанд. «Суди Сино таҷрибаи баррасии аризаҳои гурезаҳо зиёд аст. Суди Сино танҳо дар соли 2013 зимни баррасии парвандаҳо чандин қарорҳои комиссия вобаста ба радд кардани дархости паноҳҷӯёнро дида бароманданд ва онҳоро ба зинаҳои болоии суд ирсол кард.»

Феълан дар Тоҷикистон 42 паноҳҷӯ корти мандатии СММ-ро доранд ва беш аз сад нафари дигар барои гирифтани корти паноҳандагӣ ба ВКД-и Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Дар гузашта Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба паноҳандагон тараҳҳум дорад, ситоиш кардааст, аммо вакилони дифои паноҳандагон бо парвандаҳои онҳо аз додгоҳ ба додгоҳ мераванд, мегӯянд вақте паноҳҷӯён, ки бе ин ҳам мардуми хушбахт нестанд ба ҳалқаи сарбасти бюрократия ва коғазбозӣ ворид мешаванд, дасту дили онҳо аз зиндагӣ сард мегардад.

Ҳалқаи аввал Комиссиюни махсуси вазорати корҳои дохилӣ аст, ки бояд шахси паноҳҷӯйро бо гувоҳнома таъмин кунад. Аммо ин ниҳод танҳо бо додани ҳамин санад иктифо мекунад ва нусхаи қарори вазоратро ба паноҳанда намесупорад. Дар навбати худ додгоҳҳо набудани нусхаи қарорро баҳона мекунанд ва ба шахси паноҳҷӯй ҷавоби рад медиҳанд.

Зафар Маҳмудов, муовини раиси коллегияи адвакатҳои Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол то ҳол ба ҳудуди 50 паноҳҷӯй дар додгоҳ вакилӣ кардааст, ки аксари онҳо бо хонаводаҳои худ ва кӯдакони хурдсол аз кишварҳои ҳамсоя, махсусан Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Дар баробари шаҳрвандони ду кишвари ноороми Покистон ва Афғонистон, ҳамчунин гурезаҳо аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон низ ба Тоҷикистон фирор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ яки онҳо паноҳандаи сиёсӣ набуда, танҳо ба иллатҳои амниятӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Феълан дар Тоҷикистон 42 паноҳҷӯ, корти мандатии СММ-ро доранд ва беш аз сад нафари дигар барои гирифтани корти паноҳандагӣ ба ВКД-и Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Аз сӯи дигар, Самариддин Бӯриев, нозири калони шӯъбаи шаҳрвандӣ, кор бо паноҳҷӯён дар Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аксари ин муҳоҷирон паноҳҷӯи воқеӣ нестанд ва аксарашон талош мекунанд, ки корти паноҳандагӣ нагиранд то битавонанд ба кишвари сеюм бираванд: «Бештарашон худашон хоҳиш менамоянд ё коре мекунанд, ки корти паноҳандагӣ барояшон дода нашавад. Зеро дар ин сурат онҳо корти мандатии СММ-ро мегиранд, ки ҳар куҷое хоҳанд мераванд. Касе назораташон намекунанд.»

Самариддин Бӯриев гуфт, Тоҷикистон барои паноҳандагони макони амн аст ва касе онҳоро аз қаламрави кишвар берун накардааст. Ӯ гуфт, Тоҷикистон қарору қонунҳои демократӣ дорад ва танҳо дар ҳоле як нафарро аз кишвар депорт мекунад ва ё истирдод мекунад, ки агар ҷинояткор будани он нафар мутмаин бошад. Ин масъули вазорти дохилии Тоҷикистон гуфт, аз касе пӯшида нест, ки дар Покистон ва Афғонистон мактабҳои террористӣ фаъолият мекунанд ва баъзан хатмкардаҳои ин макотиб низ ба унвони паноҳанда ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва амнияти кишварро баҳам мезананад.
XS
SM
MD
LG