Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргузаштҳои аҷибу ғариб ва боздошти Камолов - Шоматов дар Русия


Як муҳоҷири тоҷик, ки баъди ихроҷ шуданаш номи худро иваз карда, бо шиносномаи нав ба Русия баргаштааст, ҳоло имкон дорад, ба 4 соли зиндон маҳкум шавад.

Додситонии вилояти Самараи Русия парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба убури ғайриқонунии марзи Русия бо асноди қалбакӣ айбдор мешавад, ба додгоҳ фиристодааст. Додситонӣ мегӯяд, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Камолов, ки қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, ҳаққи бозгашт ба ин кишварро надошт, номашро дар шиноснома ба Алиҷон Шоматов иваз карда, амалан бо асноди қалбакӣ вориди Русия шудааст.

Муовини додситони вилояти Самара Сергей Шестернин рӯзи 18 март айбномаи расмии Камолов – Шоматовро бар асоси банди дувуми моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия (убури ғайриқонунии марзи давлатии Русия аз тарафи шаҳрванди хориҷие ки вурудаш ба Русия аз қабл манъ шудааст) имзо кардаву парвандаашро барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст.

Чаро Камолов Шоматов шуд?

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Хадамоти муҳоҷирати вилояти Оренбурги Русия ҳанӯз дар соли 2013 Маҳмадалӣ Камоловро аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар маҳрум кардааст. Рӯзи 3 августи соли 2013, вақте Камолов мехост аз гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург вориди Русия шавад, ба ӯ хабар додаанд, ки исмаш дар рӯйхатисиёҳи афроди мумнӯъулвуруд шомил шудааст ва ҳаққи вуруд ба Русияро дигар надорад. Ӯ ба Тоҷикистон баргашта, дар зарфи ҳамагӣ 2 ҳафта номашро аз Маҳмадалӣ Камолов ба Алиҷон Шоматов иваз мекунад ва алакай рӯзи 18 августи соли 2013 тавассути хаттсайри ҳавоии Душанбе – Самара ба Русия омада, аз ин ҷо ба шаҳри Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон меравад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Аммо баъди чанде Камолов – Шоматовро маъмурони Хадамоти муҳоҷират бо гумони вайрон кардани тартиби будубош дар Русия дастгир мекунанд. Парвандаи ин шаҳрванди беиқболи Тоҷикистон барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Красноглински шаҳри Самара ирсол шудааст. Дар банди дувуми моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия барои афроде ки бо асноди ҷаълӣ вориди ин кишвар мешаванд, то 4 соли зиндон муҷозот пешбинӣ шудааст.

Бино бар иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то имрӯз танҳо тавассути Хадамоти муҳоҷирати Русия беш аз 72 700 нафар аз шаҳрвандони тоҷик шомил рӯйхатти сиёҳи афроде шудаанд, ки ба далоили мухталиф аз қаламрави Русия ихроҷ (депортатсия) ё берун (выдворение) карда шудаанд ва ба муддати аз 3 то 5 сол ҳаққи бозгашт ба он кишварро аз даст додааанд. Ва ин 72 700 нафар танҳо онҳоеро дар бар мегирад, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия рӯйхат кардааст. Бар асоси қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ҳатто бо ҷурми қонувайронкуниҳои хурду резае, мисли напардохтани пули обу барқ ё қарздор шудан аз пули телефон ваё рондани мошин бо суръати баланд метавонанд ба рӯйхатти сиёҳи афроди мумнӯъулвуруд шомил шаванд.

Бозори гарми шиносномафурӯшон дар Тоҷикистон

Як бахши онҳое ки ба рӯйхатти сиёҳи мақомоти Русия шомил мешаванд, ба тақдир тан дода, талош мекунанд, дар худи Тоҷикистон барои худ коре пайдо кунанд. Аммо азбаски 120 доллар маоши миёна дар Тоҷикистон барои таъмини хонаводаҳои аксаран серфарзанди тоҷик кофӣ нест, онҳое ки дар ватан барои ни рӯи кории худ кору корфармое пайдо намекунанд, маҷбур мешаванд, бо ҳар роҳ худро дигарбора ба Русия зананд. Ин ҳол бозори онҳоеро, ки бо иваз кардани ному номи хонаводагии чунин нафарон барояшон бо нархҳои хеле баланд шиносномаи нав дуруст мекунанд, гарм кардааст.

Аммо онҳое ки барои худ дар Тоҷикистон шиносномаи нав бо номи нав таҳия кардаву ба Русия бармегарданд, бехабар аз онанд, ки дар шароти пешрафти фанновариҳо маълум кардани исми аслии одам барои мақомот, хусусан агар боре изи ангушту дигар маълумоти биометрии он шахс дар дасти ин мақомот уфтода бошад, дигар ба истилоҳ “ду карат ду” шудааст. Соҳибони номҳои наву асноди нав маъмулан ҳангоми тафтиши шиносномаашон дар ягон шӯъбаи пулис ё Хадамоти муҳоҷират ваё дар фурудгоҳҳо мисли қаҳрамони беиқболи мо Маҳмадалӣ Камолов – Алиҷон Шоматов ба даст меафтанд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 1,5 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Онҳо солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи солонаи ин кишвар бештар буда, баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш мебошад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо доранд, ки бо истифода аз имтиёзи “шарики стратегӣ”-и Русия дар минтақа аз Маскав масъалаи афви ин 72 700 муҳоҷири депорт ё “выдворение”-шудаашро матраҳ кунад. Дар Тоҷикистон бо назардошти саҳми ҳаётан муҳими муҳоҷирон дар таъмини рӯзгори аксарияти кулли хонаводаҳои ин кишвар мегӯянд, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маъноест, ки дасти кам як хонавода аз манбаи асосии таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад.
XS
SM
MD
LG