Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз афву озодии 30 нафар ибрози хушӣ кард, вале...


Светлана Тихановская. Акс аз рӯзи 3-юми августи 2024
Светлана Тихановская. Акс аз рӯзи 3-юми августи 2024

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, аз афву озодии 30 нафар аз зиндонҳои Беларус ибрози хушҳолӣ кард, аммо ҳамзамон гуфт, “зиёда аз 1400 нафари дигар бо ангезаи сиёсӣ ҳанӯз пушти панҷара ҳастанд.”

“Шодам, ки дар ниҳоят хонаводаҳо дубора ба ҳам меоянд. Онҳое, ки ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо якдигарро надида буданд, акнун якдигарро ба оғӯш мегиранд, бо ҳам гап мезананд," – гуфт ӯ.

Аммо вай афзуд, воқеият ин аст, ки боздоштҳо дар Беларус кам нашуда, теъдоди зиндониёни сиёсӣ дар ҳоли афзудан аст: “Мо минбаъд низ садои онҳо хоҳем буд. Тамоми корро мекунем, то ҳарчӣ зудтар озод шаванд.”

Ҳукумати Беларус дар эъломияе рӯзи 16-уми август гуфт, раҳбари худкома Александр Лукашенко фармони афви 14 зан ва 16 мардро имзо кардааст. Баъзе аз онҳо бемор ҳастанд ва ё синнашон болост.

Қаблан Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи башари "Вясна" гуфта буд, далелҳое ёфтааст, ки маҳбусони сиёсиро дар Беларус ба навиштани нома ва дархости афв аз Лукашенко маҷбур мекунанд.

Мақомоти Беларус дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2020 ва баъд аз он ки сабаби эътирози густурда шуд, садҳо касро дастгиру зиндонӣ карданд. Интихоботе, ки мақомоти Беларус Александр Лукашенко ва мухолифону созмону кишварҳои ғарбӣ Светлана Тихановскаяро баранда медонанд.

XS
SM
MD
LG