Марги кӯдаки думоҳа баъди ҳиҷодармонӣ дар Қирғизистон, баҳси табобат бо ин усули қадимиро дигарбора дар ин кишвар доғ кард.
Пизишкон мегӯянд, ин навъи дармон бахусус барои кӯдакон хатарнок аст, зеро хунгирӣ дар шароити хона ва зери назари “табибони мардумӣ” метавонад, оқибатҳои бад дошта бошад. Рӯзи 21-уми январ дар як шифохонаи шаҳри Узген дар вилояти Ӯш кӯдаки думоҳае даргузашт ва ба гуфтаи табибон, ба эҳтимоли зиёд як сабабаш ҳиҷома будааст.
Нурбек Одилбоев, табиби беморхонаи Узген: “Ҳарорати бадани тифл 36,9 буд. Мо ӯро фавран ба оксиген пайваст кардем ва кӯмаки аввалияро расонидем. Сатҳи гемоглобини ӯ бисёр поин буд.”
Пизишкон ба кӯдак хун додаанд, вале тифл субҳи рӯзи 21-уми январ даргузаштааст. Нурбек Одилбоев гуфт, волидони бемор ба онҳо гуфтаанд, ки " панҷ бор ба онҷо рафтем", яъне барои ҳиҷома.
Кубаничбек Тошиев бобои кӯдак ҳодисаро чунин нақл кард: «Аз рӯи анъанаи қирғизҳо пушташро бо теғ буриданд. Ҳангоми колбадшикофӣ гуфтанд, ки маргаш ба ин захмҳо рабт надорад. Ҳоло тафтишот инро равшан хоҳад кард.»
Ҳодисаро пулиси ноҳияи Узген тафтиш дорад. Талайбек Бойтиков, сухангӯи раёсати умури дохиилии вилояти Ӯш гуфтааст, “то ҳол танҳо шоҳидон пурсида шудаанд. Натиҷаро интизорем.”
Табибон мегӯянд, ҳиҷома барои кӯдакон бисёр хатарнок аст ва ҳатто хунравии кам метавонад, сабаби марги тифл шавад.
Бермет Барктабасова, мутахассисис ва табиб: Ҳиҷома бидуни назорат сурат мегирад. Аз ин рӯ, хатараш барои кӯдакон зиёд аст. Коҳиши хун барои навзод бисёр хатарнок аст. Дар ин ҳодиса кӯдак ҳамагӣ думоҳа буд. Дар ин син ҳатто коҳиши 50, 100 ё 200 миллилитр хун метавонад марговар бошад. Хавфи якбора паст шудани фишори хун ва аз кор мондани дил вуҷуд дорад. Ин усули табобат дар Қирғизистон ғайриқонунӣ аст. Мебояд, тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дод.”
Дар Қирғизистон ҳиҷомадармонӣ тавсия дода намешавад ва вазорати тандурустӣ дар ин бора ҳушдор додааст. Бо назардошти он ки хатари баланди сирояти бемориҳо тавассути хун вуҷуд дорад, ба истифодаи ин усули муолиҷа иҷозат намедиҳанд. Дар Қирғизистон аз ин пеш ҳам мавридҳои фавти одамон баъди ҳиҷомадармонӣ сабт шудааст.
Ҳиҷома ё бо усули қадимӣ хун гирифтан дар Тоҷикистон ҳам маъмул шудааст ва марказҳои зиёде ҳам вуҷуд доранд, ки мардум ба онҳо муроҷиат мекунанд.