Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усули кӯҳна ё суннати паёмбар. Баҳси ҳиҷома дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Душанбе даҳҳо маркази ҳиҷомадармонӣ амал мекунад.
Дар Душанбе даҳҳо маркази ҳиҷомадармонӣ амал мекунад.

Ҳиҷома ё бо усули қадимӣ хун гирифтан аз бадани сокинон дар Тоҷикистон маъмул шудааст.

Бархе онро зиёновар ба сиҳатии сокинон, вале гурӯҳи дигар ҳиҷомаро барои раҳо шудан аз дардҳо фоидаовар медонанд.

Давлатшо Ҷуразода, ки мутахассиси ҳиҷомадармонӣ аст, мегӯяд, ду сол боз мардумро бо чунин усул табобат мекунад. Муштариёнаш аксаран мардҳоянд. Таъриф мекунад, ки ин навъи дармон натиҷаи хуб медиҳад.

Ба андешаи Давлатшо Ҷуразода, пас аз аз гирифтани хун одам худро сабук ҳис мекунад. “Иммунитети одамро баланд мекунад. Вақте иммунитети одам баланд мешавад, организм бо тамоми касалиҳои мубориза мебарад,”—гуфт ӯ.

Ҳиҷома, як навъи тибби мардумӣ аст, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон, ба қавле, мӯд шудааст. Пизишкон мегӯянд, ин навъи дармон барои ҳама нест ва баръакс барои иддае зарар дорад.

Шарифҷон Саидшарипов, мутахассиси соҳаи гиёҳдармонии Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ мегӯяд, на ҳама бояд дар Тоҷикистон ҳиҷома кунанд, чун барои бархе зарар дорад.

“Агар одам бемории қанд бошад, вақте, ки баданашро мебуранд ё яра мекунанд, захм тез шифо намеёбад. Бемориҳоие, ки фишори паст доранд, бемориҳои сироятие монанди сил ва касоне, ки норасоии витамин доранд, аз инҳо хунгирӣ мумкин нест,” —гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Усули кӯҳна ё суннати паёмбар. Баҳси ҳиҷома дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Дар Тоҷикистон иддае ҳам бо ақидаҳои динӣ барои ҳиҷома меомадаанд. Аловиддин Раҳим, як руҳонӣ мегӯяд, ҳиҷома суннат аст. “Аз нигоҳи дин ҳам паёмбари мо инро тавсия додааст ва суннати паёмбар аст. Мардуми мо, ки аксаран мусалмон ҳастанд, ин корро аз рӯи эътиқод анҷом медиҳанд. Албатта барои саломатӣ низ хуб аст,” —гуфт ӯ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам даҳҳо марказҳои ҳиҷома худро таблиғ намуда, муштарӣ меҷӯянд. Мақомоту баъзе аз табибон аз оқибатҳои манфии ҳиҷома мегӯянд.

“Агар ин корро зери тавсияву назорат нагиранд, метавонад дар паҳншавии бемориҳои сироятӣ хавфу хатари бузург эҷод кунад. Аз ҷиҳати гигиенӣ, тамоми маводҳое, ки истифода мебаранд, банкаҳову теғҳо, бояд яккарата бошанд,” — гуфт, Шарифҷон Саидшарипов, мутахассиси соҳаи гиёҳдармонии Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ.

Маълум нест, дар Тоҷикистон чӣ қадар марказҳои ҳиҷомадармонӣ вуҷуд дорад. Дар Душанбе, ки даҳҳо чунин марказ вуҷуд дорад, моликонашон мегӯянд, иҷозаи расмӣ барои кор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG