Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,6 миллиард доллари лотереяи Амрико насиби се нафар шуд


Дар Амрико се нафар ғолиби қариб 1,6 миллиард доллар ҷекпоти лотереяи Powerball шудаанд, вале исми ин се нафари хушбахт ҳанӯз эълон нашудааст.

Издиҳоми мардум рӯзи 13 январ дар назди яке аз фурӯшгоҳҳои минтақаи Чино Ҳилзи Калифорния барои ҷашнгирии бурд дар лотереяи Powerball ҷамъ шуд, зеро яке аз се лотереяи барандаи ҷоизаи баробар бо тақрибан як миллиарду 586 миллион доллар маҳз аз ҳамин ҷо харида шудааст.

Ба қавли мансабдорони идораи лотерея, дар маҷмӯъ се лотерея пирӯз шудааст, ки яке дар аёлати Калифорния, дигаре дар Тенесси ва сеюмӣ дар Флорида харида шудаанд. Ҳамин тариқ ҷоиза дар байни се кас тақсим хоҳад шуд. То кунун номи афроди пирӯз эълон нашудааст.

Дар бозии ахир, ки рӯзи чоршанбе доир гашт, рақамҳои 8, 27, 34, 4, 19 ва 10 ба ҳайси повербол интихоб шуданд.

Агар афроди ғолиб ҷоизаро фавран бигиранд, онҳо баъди пардохти андозу пардохтҳои дигар 930 миллион доллар касб хоҳанд кард. Ба гуфтаи Иттиҳодияи байниаёлатии лотереяи ИМА, роҳи дигар, ки пурра гирифтани ҷоизаро кафолат медиҳад, ин қисм ба қисм гирифтани он аст, ки 29 солро дар бар мегирад.

Тоҷири фурӯшгоҳи Чино Ҳилз Балбир Атвал низ хушҳолиашро пинҳон намекунад. Тибқи оинномаи лотереяи Повербол(Powerball), ки дар 44 аёлат ва ду минтақаи ИМА амал мекунад, як қисми ҷоиза бояд ба ӯ дода шавад, зеро шахси ғолиб лотереяашро аз ӯ харидааст.

Бузургтарин ҷоизаи лотерея соҳиб пайдо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

XS
SM
MD
LG