Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ё 4? Дар занозании Маскав чанд муҳоҷир кушта шуд?


Баъзе манбаҳо аз вуҷуди ҷасади чорум дар занозании қабристони Маскав суҳбат мекунанд. Вале намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки "ин хабар асос надорад".

Намояндагии расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия вуҷуди ҷасади чоруми муҳоҷири тоҷик дар занозании қабристони Хованскоеи Маскавро рад кард. Расонаҳои Русия шаби 23 май хабар доданд, ки гӯё табибон ҷасади чорумро ҳам дидаанд, вале дар авҷи занозанӣ “ин ҷасад гум шудааст”.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 24 май дар суҳбат бо Озодӣ аз Маскав гуфт, “ин иттилоъ сиҳат надорад”. Чун, ба қавли Аҳмадов, “агар, воқеан, дар ин ҳодиса муҳоҷири чорум кушта мешуд, ҳамроҳон ё наздиконашон моро дар ҷараён мегузоштанд.”

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, то соати сеи 14 ба 15 май, яъне рӯзи занозанӣ дар қабристони Маскав, намояндагони онҳо дар ҷои ҳодиса будаанд ва ҷасади чорум пайдо нашудааст. "Муҳоҷироне, ки дар қабристони Хованское кор мекарданд, якдигарро хуб мешиносанд ва дар сурати кушта шудан ё гум шудани нафаре аз онҳо даррав ба мо мегуфтанд. Ё овозааш ҳадди ақалл аз миёни муҳоҷирон мебаромад," – афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки шаби 23 май шабакаи телевизионии "Life"-и Русия хабар дод, ки дар оғози задухӯрди хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав пизишкон ҷасади марди 25-30-солаи ба эҳтимоли яқин шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо карда, аммо ба ҳангоми тирпаррониҳо ин ҷасад нопадид шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ҳоло кормандони пулис хабари тавассути дӯстон ё пайвандон рабуда шудани ҷасади фардеро, ки дар лаҳзаҳои аввали задухӯрд кушта шуда буд, таҳқиқ доранд.

Як манбаи пулис ба шабакаи телевизионии "Life" гуфтааст, тибқи баъзе маълумот бар асари тирпарронӣ на як, балки ду мард кушта шуда ва чандин нафар захмӣ шуда буданд. Аммо ҷасади фарди дуюм қабл аз расидани пулис ба маҳалли ҳодиса нопадид шудааст.

Рӯзи 14 май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз, русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда ва ҳудуди 30 тани дигар захм бардоштанд.

Ҷасади Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола рӯзи 18 май тавассути ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 24 май дар мулоқот бо Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, масоили марбут ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳодисаи ахири ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Маскавро ба баҳс кашидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон аз ин ҳодиса ибрози нигаронӣ карда, аз ҷониби Русия даъват кардааст, ки “барои ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагон ва гунаҳкорони латтукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад”.

Аз он пеш Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ, дар ҷараёни дидораш аз шаҳри Санкт-Петербург ва мулоқоташ бо Валентина Матвиенко ва Сергей Наришкин, раисони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатии Русия аз ҳамлаҳои, ба гуфтаи ӯ, афзоянда болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия шадидан нигаронӣ карда, аз ҷумла занозании хунини қабристони Хованскоеи Маскавро мисол оварда буд. Ӯ гуфт, “ба ҷинояткорону шахсони паси ин занозанӣ мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад”.

Баъдан раҳбарони порлумони Тоҷикистону Русия ба тавофуқ расиданд, ки ба зудӣ аз ҳисоби вакилони ду кишвар барои таҳқиқи вазъи муҳоҷирон як гуруҳи муштарак таъсис хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG