Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи ҷаҳонӣ озмоиши ҳастаии Пхенянро маҳкум кард


Барандаи телевизиони Кореяи Ҷанубӣ дар бораи озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ хабар медиҳад. 12 феврали соли 2013
Барандаи телевизиони Кореяи Ҷанубӣ дар бораи озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ хабар медиҳад. 12 феврали соли 2013

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки севвумин озмоиши ҳастаии зерзаминии худро бо муваффақият анҷом додааст.

Оҷонсии марказии хабарии Корея рӯзи сешанбе, 12 феврал хабар дод, ки озмоиши ҳастаӣ ба хотири "ҳифзи амният ва истиқлолияти миллӣ алайҳи хусумати бемулоҳизаи ИМА" анҷом шудааст. Гӯяндаи ахбори телевизиони давлатӣ ин хабарро чунин пахш кард:
  • Тасдиқ шуд, ки озмоиши ҳастаӣ дар сатҳи баланду бехатар ва ба таври олӣ, бо истифода аз дастгоҳҳои хурду сабуки ҳастаӣ ва таркишке бо нирӯи пурқудрати бесобиқа анҷом шуда, ҳеҷ хатаре ба муҳити зисти атрофаш эҷод намекунад.

Тибқи иттилои ахир, дар маҳалли озмоиши ҳастаӣ ларзиши башиддати замин эҳсос шудааст. Ин озмоиш бо вуҷуди мухолифати Шӯрои Амнияти СММ анҷом гирифтааст. СММ аз ин кишвар хостааст, ки густариши аслиҳаи ҳастаии худро боздорад.


Амрикову Русия, Британия ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин озмоишро маҳкум карданд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико даъват кард, ки “маҳофили байналмиллалӣ ба ин озмоиш вокуниши фаврӣ ва муносиб нишон диҳанд”. Вай гуфт, ин амали таҳрикомез ба ҳеҷ сурат Кореия Шимолиро амнтар нахоҳад кард ва Вашингтон талошҳояшро барои таъмини амнияти муттафиқонаш дар қораи Осиё идома хоҳад дод. Бритониё ба як вокуниши пуршиддате дар нисбати ин амали Пхенян даъват кард. Япония гуфт, ки ин амали Кореяи Шимолӣ “як таҳдиди бузург” аст, ки набояд таҳаммул шавад. Кореяи Ҷанубӣ озмоиши навбатии ҳастаиро “як хатари ғайриқобили қабули амниятӣ ба нимҷазираи Корея ва Осиёи Шимолушарқӣ” номид.
Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбе дар як иҷлоси фавқулоддаи худ ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.



Баъд аз озмоиши мушаки болдори Кореяи Шимолӣ дар моҳи декабри соли гузашта таҳримҳои СММ бар зидди ин кишвар ташдид ёфта буд. Кореяи Шимолӣ озмоишҳои қаблии худро дар солҳои 2006 ва 2009 анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG