Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри як тамошобин? ВИДЕО


Театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Овезаҳое дар назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоиш барои ду моҳи оянда аст. Намоишҳои солинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфт ва намоишҳои ҷиддитар барои калонсолон - дар навбат. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешавад?

Ман ҳар як тамошобинро шахсан мешиносам ва дар ҳар вохӯрӣ онҳоро бӯса мекунам

Мо ҳамроҳ бо наворбардор назди театри ба номи Лоҳутӣ истодаем. Дар ҳоли ҳозир дар ин бино ду театр намоишҳои худро ба саҳна мегузоранд. Кормандони театри Лоҳутӣ ба ҳамкорони худ аз театри Маяковский дар ошёнаи севум толори хурдеро барои фаъолият додаанд.

Репортаж аз театрҳои Душанбе дар инҷост:

Театри як тамошобин?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:14 0:00

Ҳудуди як соат, ки мо гузоришамонро аз назди ин бино сабт мекардем, ягон нафарро назди хазинаи билетфурӯшӣ надидем ва касе низ онҷо дар бораи намоишҳои саҳнавӣ намепурсид. Агарчӣ барномаҳои театри инҷо ҷолиб буданд. Театри Лоҳутӣ пйесаи Зошенро дар саҳна гузошта буд ва театри Маяковский “Исёни арӯсон” ва “Гуноҳи шаръ”-ро.

"Тамошобинон ҳамонҳое ҳастанд, ки буданд"

Гулнора Аҳмадова
Гулнора Аҳмадова

“Аз кӯдакӣ бояд тарбият кард, ки ҳунарро дӯст доранд ва қадр кунанд. Вақте намоишҳои солинавиро ба саҳна гузоштем, бобову бибиҳо дар рӯзҳои истироҳат набераҳояшонро оварданд. Ҳама фаъолияти мо муназзам аст. Мо тамрин мекунем. Замоне ки бинои куҳнаи моро тахриб карданд, нашикастем. Вале тамошобинон чун қоида ҳамонҳое ҳастанд, ки буданд. Ман ҳар як тамошобинро шахсан мешиносам ва дар ҳар вохӯрӣ онҳоро бӯса мекунам”, - гуфт муовини раҳбари театри Маяковсикй Гулнора Аҳмадова.

Иҷрои намоишнома барои толори нимахолӣ як ҳолати маъмулии ҳаёти театрии пойтахт аст. Бо вуҷуди ин, ҳунармандон хушбинанд ва бар асоси реҷаи маъмулӣ кор мекунанд. Вақте барои наворбардорӣ ба театри Опера ва балет рафтем, барномаи намоишҳои театр то охири моҳи январ пур буд.

Дар театри опера ва балет чӣ дидем?

Ҳангоми харидани билет дар театри опера ва балет
Ҳангоми харидани билет дар театри опера ва балет

Муҳимтарин намоишномаи мавсими зимистона балети “Жизела” аст. Мутаасифона, инҷо ҳам дар ду соати наворбардории мо касе ба назди хазина барои харидории билет наздик нашуд. "Дар мавсими зимистон мактаббачагон бисёранд ва асосан онҳо меоянд. Бештари маврид дастҷамъӣ меоянд. Намоишномаҳои солинавӣ низ пуртамошобинанд. Масалан, "Щелкунчика" хеле пуртамошобин буд. Тамошобинон бо тамоми аҳли хонавода меомаданд, аммо дар рӯзҳои ғайриҷашнӣ тамошобин тақрибан ки нест", - гуфт яке аз кормандони театр.

Соати панҷи бегоҳ. Дар Душанбе шаб мешавад. Дар театри опера ва балет ба зудӣ намоишномаи "Комде ва Мадан" аз рӯи асари Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ шурӯъ мешавад. Дар айвони театр чанд гурӯҳи навҷавонон дида мешаванд, ки номуназам ба толор ворид мешаванд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо супориши ба театр рафтанро иҷро мекарданд.

Бо либосҳои зимистона - дар театр

Намоишномаи Комде ва Мадан
Намоишномаи Комде ва Мадан

Макони либосовезӣ кор намекунад. Тамошобинон ба ҷойҳои худ бо палтову дигар либоси зимистонаи худ мераванд, ки бисёр номуносиб аст. Мо бо наворбардор дохили толор мешавем. Мебинем, ин толори зебову боҳашамате ҳаст, ки барои 300 нафар пешбинӣ шудааст, аммо танҳо чоряки ин ҷойҳо пур шуда буданд. Шарт нест, ки маҳз дар ҳамон ҷойҳое, ки дар билет зикр шудаанд, нишинӣ. Тамошобинон гоҳ инҷо менишастанд, гоҳ онҷо.

Опера дар вақти муайяншуда шурӯъ шуд. Фазои театр хеле форам аст. Мусиқии дилангез бо савтҳои анъанавии шарқӣ садо медиҳад. Мо дар радаҳои аввал нишаста будем, ки айвони оркестр мисли кафи даст намоён буд. Бинобар ин, дерижёри чолоку мавзунро мушоҳида мекунем. Ҳамаи ин саҳна дар маҷмӯъ, хеле тасирбахш аст.

Опера бо панҷ танаффус тақрибан якуним соат давом кард. Танаффусҳо барои иваз кардани ороиши саҳна заруранд. Ҳунармандон кӯшиш мекарданд, бо либосҳои муҷалло ва чеҳраҳои дар ёдмонданӣ дар саҳна вазъияти табииро ба вуҷуд оварданд, вале баъди танафуси аввалин бисёре аз тамошобинон театрро тарк карданд.

Афсӯс, айни замон воқеияти Душанбеи муосир чунин аст. Агар дар олами санъат мафҳуми намоишномаи як ҳунарманд ва ё театри як актёр вуҷуд дошта бошад, дар пойтахти Тоҷикистон монотеатр ва ё театри як тамошобинро мешавад мушоҳида кард. Зиҳӣ, театр!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG