Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи пешбарии номзадҳо: 8 ҳизб - 8 номзад?


Ин ҳафта аксари аҳзоби сиёсӣ, ба истиснои ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзадҳои худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

Рӯзи 17 сентябр - ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ), ҳизби демократ(ҲДТ) ва ҳизби аграрӣ(ҲАТ), 18 сентябр - ҳизби сотсиалист(ҲСТ), 20 сентябр – ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ(ҲИИИТ), 21 сентябр – ҳизби сотсиал – демократ(ҲСДТ) ва 23 сентябр – ҳизби коммунист(ҲКТ) анҷуманҳои ғайринавбатии худро баргузор ва номзадҳояшонро эълон хоҳанд кард. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ(ҲХДТ) рӯзи 4 октябр анҷумани худро баргузор мекунад.

Ҳафтаи пешбарии номзадҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим


Бино ба қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумлаи 12 субъекте ба шумор меоянд, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани номзад ба мақоми президентро доранд.


Ду ҳизби умдаи мухолифи давлат ҲНИТ ва ҲСДТ , ки эътилофе бо номи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъсис додаанд ва Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ ба интихоботи президентиро муайян кардаанд. Аммо номзадии хонум Бобоназароваро бояд анҷуманҳои ин ду ҳизб тасдиқ кунанд, ки яке 17-уми ва дигарӣ 21-уми сентябр баргузор мешавад. Раёсати ҲНИТ шоми душанбе аз ин номзадӣ ҳимоят кард. Акнун навбати сотсиал-демократҳост.

ҲСДТ, ки дар дарёфти як толор барои баргузории як анҷуман мушкил дошт, ҳамакнун толор ҳам ёфтааст, аммо аз хавфи он, ки мақомот ба соҳиби ин бино фишор наоранд, макони онро махфӣ нигоҳ медоранд. Бо он ки раҳбари ин ҳизб Раҳматулло Зоиров аз номзадии ҳуқуқшинос Бобоназарова пуштибонӣ кардааст, аммо фаъолони ҳизб пешниҳоди алтернативиро дар анҷуман сарфи назар намекунанд.

Ду ҳизби дигаре, ки дар интихоботи қаблии президентӣ ширкат доштанду бо вуҷуди касби лақаби «ҳизби кисагии ҳукумат» дар парлумон ҳам дувакилӣ доранд – ҳизби аграриву ҳизби ислоҳоти иқтисодианд, ки яке 17-ум ва дигарӣ 20-уми сентябр анҷуманҳои худро барпо мекунанд.


Олим Бобоев
Олим Бобоев
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 6 нафарро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентии кишвар пешбарӣ кардааст ва анҷумани он аз миёни онҳо якеро интихоб хоҳад кард. Яке аз онҳо Олим Бобоев аст ва ба эҳтимоли зиёд дар ин анҷуман ба ҳайси номзади ин ҳизб дар интихоботи президентӣ пазируфта хоҳад шуд. Олим Бобоев дар интихоботи қаблии президентӣ ҳам иштирок дошт. Раъйи зиёд нагирифт, вале дар баҳои хидматаш ҷиҳати «алтернативӣ» ҷилва додани он маърака соле баъд ба симати вазири нақлиёт таъйин шуд ва тақрибан се сол дар ин мақом кор кард.

Номзади мавриди назари ҳизби аграрии Тоҷикистон боз ҳам раисаш Амир Қарақӯлов аст. Ин академики маъруф дар илми чорводорӣ низ таҷрибаи иштирок дар интихоботи президентии соли 2006-умро дошт, аммо ба фарқ аз Олим Бобоев, дар иваз дар интихоботи парлумонии соли 2010 барои ҳизбаш ду курсии вакилӣ «рӯёнда» тавонист ва ҳоло дар яке аз ин курсиҳо худи ӯ нишастааст.

Қаноти аз тарафи давлат эътирофшудаи ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр анҷуман ороста, бояд аз миёни се нафар якеро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки аз ин се нафар, Абдуҳалим Ғаффоров, ки дар интихоботи қаблии президентӣ низ вориди сабқат шуда буд дубора вориди корзор мешавад.


Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Ҳамин тавр ҳизби демократ ва коммунисти Тоҷикистон низ то 25-уми сентябр анҷуманҳои хешро баргузор ва номзадҳои худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод мекунанд. Номзадҳои то андозае соҳибном аз ин ду ҳизб Табаралӣ Зиёев ва Исмоил Талбаков ҳастанд, ки тақдири ҳар дуро низ анҷуманҳои ҳизбӣ маълум хоҳад кард, ки аз номи ҳизб вориди сабқати интихобот хоҳанд шуд ваё на.

Анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз ҳама дер - 4-уми октябр - баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки дар ин анҷуман номзадии Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба ҳайси номзад ба интихоботи президентӣ тасдиқ мешавад ва ҳизбиён ҳамингуна ба рӯзи таваллуди раисиҷумҳур, ки 5-уми октябр аст, як тӯҳфа хоҳанд кард.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, бахши аъзами ин ҳизбҳо, ки «ҳизбҳои кисагӣ»-и ҳукумат унвон мешаванд, дар асл ягон сабқат ҳам намекунанд ва он фоизи oвозҳоеро мегиранд, ки ҳукумат ба онҳо раво медонад. Дар интихоботи соли 2006 яке аз ин номзадҳо дар ҳар куҷо на аз номзадии худ, балки аз Эмомалӣ Раҳмон таблиғ мекард ва ҳатто бо ифтихор мегуфт, ӯву зану фарзандонаш ҳам ба оқои Раҳмон райъ хоҳанд дод.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари мустақил мегӯяд: «Ба ин ҳизбҳо фарқ надорад, ки чӣ хел овоз медиҳанд, тақдири онҳоро гуфтушунидҳои махфӣ бо ҳукумат ҳал мекунад. Аз ҳоло яқин аст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ номзади ҳизби ҳоким – ҳизби халқии демократӣ пирӯз мешавад. Вале дар қиёс бо интихоботи қаблӣ миқдори овозҳои номзади ин ҳизб камтар хоҳад шуд, чунки як қисми электорати норозӣ мисли муҳоҷирон ва бархе аз ҷавонон овозҳояшонро шояд ба номзади ИНИТ бидиҳанд.»

Парвиз Муллоҷонов афзуд, то интихобот хеле вақти кам боқӣ монда ва ба номзади ИНИТ барои таблиғи худу барномаҳояш фурсат тангӣ мекунад. Ба ақидаи ӯ, бояд ин эътилоф хеле барвақтар ташкил мешуд ва номзади худро ба ҷомеа муаррифӣ мекард.

Зимнан назарсанҷиҳои сарироҳии мо дар кӯчаҳои Душанбе собит кард, ки аксарияти пурсидашудагон ба ҷуз раисиҷумҳури кунунӣ дар мавриди номзадҳои аҳзоби дигар иттилоъ надоранд.


"Фақат Эмомалӣ Раҳмонро мешиносем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG