Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Арабистону Эрон нархи нафтро ба замин зад


Эътирози зидди Саудӣ дар Эрон
Эътирози зидди Саудӣ дар Эрон

Талотуми ҳодисоти марбут ба таниши шадиди байни Саудӣ ва Эрон аз як баҳси давомдор дар Ховари Миёна ва аз як зимистони гарме дар арсаи сиёсии ин минтақаи бе он ҳам доғ аломат медиҳад.

Дар ҳоле ки баҳси дипломатии Арабистон Саудӣ ва Эрон гармтар шуда, кишварҳои олам мавқеи худро нисбат ба ин бӯҳрон мушаххас мекунанд, нархи нафт ба поинтарин мизон дар 11 соли гузашта расид. Дар се рӯзи аввали соли 2016-ум нархи нафт 8 дарсад коҳиш ёфта, рӯзи чоршанбе як бушка нафти навъи Брент 35 доллару 8 сент қимат дошт.

Шореҳон бо ишора ба амиқрафти таниш миёни ду кишвари муҳими содиркунандаи нафт аз эҳтимол дур медонанд, ки ОПЕК - Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, дар масъалаи коҳиши истихроҷ ва тавозуни нафрхи маводи сӯхт ба мувофиқат расад.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф Арабистони Саудиро бо мухолифат ба ташаббусҳои Теҳрон дар мубориза бо «экстремизм ва терроризм» дар миқёси минтақа айбдор намуда, аз шоҳигарии дорои захираҳои бузурги нафт тақозо кард, «раванди эҷоди танишҳо»-ро мутаваққиф кунад.

Равобити Риёзу Теҳрон баъди эъдоми шайхи шиамазҳаб Нимр ан-Нимр дар ҳафтаи гузашта ба сардӣ гароида, рӯзи шанбе эътирозгарони эронӣ болои бинои сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ҳамла карданд. Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятулло Хоманйӣ даъват кард, ки режими Арабистони Саудӣ барканор карда шавад.

Дар ҷавоб Арабистони Саудӣ равобити дипломатӣ ва тиҷораташ бо Эронро қатъ кард.

Ихтилофи Риёзу Теҳрон дар миёни мамолики минтақа ҳам эҳсос мешавад. Чанде аз муттафиқони арабии Риёз ба нишони ҳамраъйӣ бо Саудӣ даст ба иқдомҳои дипломатӣ заданд. Кувайт аз ҷумла сафирашро аз Теҳрон фаро хонд, Урдун сафири Эронро эҳзор кард, Ҷмбутӣ, Судон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб равобити дипломатии худ бо Эронро ба сатҳи пойинтар оварданд ваё қатъ карданд.

Дар Ироқу Баҳрайн бошад, эътирозҳо бар зидди Арабистон барпо шуд.

Баҳси Саудӣ ва Эрон нархи нафтро ба замин зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Вазири корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ дар нишасти хабарие дар пойтахти Эрон пешниҳод кард, ки кишвараш дар ҳалли бӯҳрони дипломатии Риёзу Теҳрон миёнҷигарӣ кунад.

СММ, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ умед доранд, ки баҳси Риёзу Теҳрон ба раванди сулҳи Сурия таъсир нахоҳад кард. Ин кишварҳо аз ҳар ду ҷониб даъват кардаанд, ки фурӯтанӣ нишон дода, мушкилро сари мизи музокирот ҳал кунанд.

Эътирози зидди Арабистон дар Баҳрайн
Эътирози зидди Арабистон дар Баҳрайн

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Баҳрайн рӯзи 6 январ аз хунсо кардани як гурӯҳи пинҳонкори марбут ба Эрон, ки ба гуфтаи онҳо, қасди таҳияи ҳамлаҳо дар ин шоҳигарии халиҷи Форсро дар сар дошт, хабар доданд. Гумон меравад, ки гурӯҳи хунсошуда бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, як созмони тундрави шиъаҳо, ки аз сӯи Теҳрон ҳимоят мешавад, рабт дорад. Вазорати дохилаи Баҳрайн гуфт, аъзои ин гурӯҳ қасди анҷоми “силсилаи бомбгузориҳои хатарнок” дар ин кишварро дар сар доштанд.

Бо онки аксари аҳолии Баҳрайнро шиъаҳо ташкил медиҳанд, раҳбарии он дар дасти хонаводаи маликҳои суннист. Мақомоти Баҳрайн Эронро айбдор мекунанд, ки бо нохун задан ба масоили мазҳабӣ аҳолии шиъаи ин кишварро алайҳи ҳукумати кунуниаш таҳрик медиҳад.

Боздошти гурӯҳи "харобкор"-и марбут ба Эрон дар як кишвари мутаффиқи Арабистони Саудӣ ва талотуми дигари ҳодисоти марбут ба баҳси Саудӣ бо Эрон, ба бовари нозирони умур, аз он дарак медиҳад, ки доманаи ин баҳс кишварҳои ҳарчӣ бештари Ховари Миёнаро фаро мегираду ҳанӯз фурӯкаш карданӣ нест. Бо ин ҳама бовар меравад, ки арсаи сиёсии ин минтақаро зоҳиран зимистони гарме дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG