Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи таниш дар марзи Арманистону Озарбойҷон фӯру нанишаст. ВИДЕО


Хонаҳои мардум дар натиҷаи истифода аз миномёт ва дигар аслиҳаи вазнин осеб дидаанд.

Шаби гузашта марзи Озарбойҷону Арманистон ором буд, вале баъди чанд рӯзи низоъ ва таҳдиди ахири Боку, ки тавони ҳадаф қарор додани неругоҳҳои атомии Арманистонро дорад, танишҳо бештар шуд.

Вазорати дифои Арманистон рӯзи 17-уми июл гуфт, вазъ дар қисмати шимолушарқи марз шабона “нисбатан ором” буд ва нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон “вазъро дар тамоми хати марз ҷиддан назорат мекунанд”. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, бо талоши низомиёни арманӣ барои ҳамла бо тӯпхона ба мавқеъҳои Озарбойҷон дар марз рӯзи 12-уми июл вазъ пуршиддат шуд.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки 11 низомиашро талаф додааст. Вазорати дифои Арманистон дар посух артиши Озарбойҷонро ба талоши рахна кардани марз гунаҳгор кард. Арманистон гуфт, ки чаҳор сарбозаш кушта шудаанд ва даҳ нафар захм бардоштанд. Бо вуҷуди оромиши нисбии 24 соати гузашта, рӯзи 16-уми июл Озарбойҷон бо нашри изҳороте аз эҳтимоли зиёд шудани низоъҳо ҳушдор дод ва гуфт, агар ҷониби Арманистон ба обанбори стратегии Озарбойҷон ҳамла кунад, тавони ҳадаф қарор додани нерӯгоҳи ҳастаии Арманистонро дорад.

Деҳоти марзии Озарбойҷону Арманистон тирборон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Сухангӯи вазорати дифои Озарбойҷон Вагиф Даргоҳлӣ дар изҳороте гуфт, ки “ҷониби Арманистон набояд фаромӯш кунад, ки маҷмааи мушакии замонавие, ки артиши мо дорад, метавонад ба реактори атомии Метсамор ҳамлаи дақиқе анҷом диҳад ва ин як фоҷеаи азиме барои Арманистон хоҳад буд”.

Нерӯгоҳи ҳастаии даврони шӯравии Арманистон дар наздикии марзи Туркия, муттафиқи наздики Озарбойҷон ҷойгир аст. Як сухангӯи низомии Арманистон Артсрун Ҳовҳаннисён гуфт, ки Арманистон изҳороти Озарбойҷонро ба шарикони байналмилалӣ пешкаш кард ва интизори ин аст, ки онро қотеона маҳкум мекунанд.

Ӯ афзуд, ки мақомоти арманӣ ҳеҷ гоҳ таҳдид накардаанд, ки муассисаҳои шаҳрвандӣ дар Озарбойҷонро ҳадаф қарор медиҳанд. Зимнан, вазорати корҳои хориҷии Арманистон таҳдидҳои Озарбойҷонро ҳамчун “наслкушӣ” маҳкум кард. Рӯзи 16-уми июл низомиёни арманӣ иддао карданд, ки аз як юриши субҳи барвақт дар посгоҳҳои марзӣ дар ноҳияи шимолушарқии Тавуш пешгирӣ карданд.

Ҷанҷоли дарозу бе роҳи ҳал?

Ду ҳамсояи наздик солҳои 1988 то 1994 барои вилояти баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ҷангидаанд. Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияи наздик ба он дар Озарбойҷон дар ин солҳо аз ҷониби ҷудоиталабони рӯ ба Арманистон ишғол шудааст ва истиқлолияти худ аз Озарбойҷонро эълон карданд. Дар ин низоъ дастикам 30 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар беҷо шудаанд.

Аз замони созиши бисёр ҳассосе, ки соли 1994 бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, ин минтақа таҳти назари нирӯҳои арманитабор аст, ки ба гуфтаи Озарбойҷон, Арманистон ба онҳо кӯмак мекунад. Иддаои истиқлолияти минтақа аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст. Русия, Амрико ва Фаронса, ба ҳайси ҳамраисони Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин бӯҳрон нақши миёнҷиро бозӣ мекунанд. Ин гурӯҳ солҳои зиёд аст, талош дорад, роҳи ҳалли низоъро пайдо кунад.

Меттю Бриза, сафири собиқи Амрико дар Озарбойҷон, дар шарҳи низоъ аз шаҳри Бодруми Туркия гуфт, бо вуҷуди тавсиаи низоъ дар чанд рӯзи ахир, дар миёни ин ду кишвар ҷанг намешавад. Ӯ гуфт: “Ба назари ман, дар ин марҳила ҷонибҳо ба ҷанг наздик нашудаанд. Шиддати танишҳо хеле баланд аст, вале ҳеҷ як тараф ҷонибдори низои васеъмиқёс нест, чунки онро дарозмуддат пеш бурда наметавонад. Дар дохил сиёсатҳо ба хотири COVID-19 мӯътадил нест. Ин вирус ба Арманистон башиддат осеб расонидааст, Озарбойҷонро дар мавҷи дуюм зарба аст. Ба илова, ба назари ман, ҷонибҳои миёнҷӣ мехоҳанд, ки тамоми талошро ба харҷ дода тарафҳоро сари мизи гуфтушунид нишонанд.”

Рӯзи 15-уми июл Гурӯҳи Минск аз ҷонибҳо даъват кард, ки барои пешгирӣ аз тавсеаи низоъҳо тамоми талошро ба харҷ диҳанд. Дар матни изҳорот ду рӯз пеш гуфта шуд, ки “ҳамраисон тасдиқи вазоратҳои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро барои барпо кардани музокирот оид ба паҳлӯҳои муҳими ба эътидол овардани ҳарчӣ зудтари вазъ дар Қаробоғи Кӯҳи ва бозгашти муҳими нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба минтақа, агар шароит имкон диҳад, истиқбол мекунанд”.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG