Пайвандҳои дастрасӣ

10 марзбони эронӣ дар сарҳад бо Покистон кушта шуданд


Тибқи гузоришҳо, рӯзи чаҳоршанбеи 26 апрел дар даргирӣ миёни марзбонони эронӣ ва афроди мусаллаҳ дар вилояти Сиистон ва Балучистон 10 марзбон кушта шудаанд. Ба иттилои расонаҳои расмии Эрон, ин даргириҳо се тан аз кушташудаҳо афсар ва 7 тани дигари онҳо сарбозон будаанд.

Тибқи гузоришҳо, рӯзи чаҳоршанбеи 26 апрел дар даргирӣ миёни марзбонони эронӣ ва афроди мусаллаҳ дар вилояти Сиистон ва Балучистон, 10 марзбони эронӣ кушта шудаанд. Ба иттилои расонаҳои расмии Эрон, се тан аз кушташудаҳо афсар ва 7 тани дигари онҳо сарбозон будаанд.

Ба гузориши хабаргузории эронии "Тасним", маркази матбуотии пулис эълом кардааст, ки ҳини гаштзании марзбонон, шуморае аз террористон аз дохили хоки Покистон марзбононро бо истифода аз силоҳ ҳадаф қарор доданд. Ин дар ҳоле аст, ки додситони шаҳри Зоҳидон -- маркази вилояти Систон ва Балучистон кушта шудани 10 марзбонро таъйид карда ва гуфтааст, вазъи ягона маҷрӯҳи ин ҳодиса, "вахим" аст.

Мақомоти эронӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтаанд, ки "нерӯҳои душман" пас аз даргирӣ ва куштани марзбонон, ба дохили хоки Покистон баргаштаанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон-ИРНА, Алӣ Муваҳҳидирод, додситони Зоҳидон дар бораи чигунагии ин даргирӣ гуфтааст, ки "ҳудуди соати 20-и имшаб дар минтақаи марзии Мирчова ва байни километри 99 ва 100 ёздаҳ нафар маъмурони марзбонӣ иборат аз се нафар аз маъмурони кадрӣ ва 8 нафар аз сарбозон ҳангоми иваз кардани постгоҳ, мавриди ҳамла ва камини террористон қарор гирифтанд. Вай таъкид кардааст, ки "нерӯҳои душман" пас аз даргирӣ ва куштани марзбонон, ба дохили хоки Покистон баргаштаанд.

Марзи Эрон ва Покистон.
Марзи Эрон ва Покистон.

Додситони Зоҳидон афзудааст, ки "мутаассифона 8 тан аз марзбонон бар асари тирандозӣ дар ҷои ҳодиса ва ду тани дигар ҳини интиқол ба бемористон ҷон бохтаанд. Вай гуфтааст, ки нерӯҳои марзбонӣ ва Сипоҳи посдорон якҷо бо нерӯҳои амниятӣ ҳодисаро баррасӣ ва пайгирӣ мекунанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.

Вилояти Сиистон ва Балучистон дар ҷануб-шарқи Эрон тайи чанд соли ахир борҳо маҳали даргирии нерӯҳои низомии Эрон бо гурӯҳҳои мусаллаҳ буда, ки Теҳрон аз онҳо ба унвони "террорист", "қочоқчӣ" ва "ашрор" ном мебарад. Дар ин даргириҳо даҳҳо тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва интизомии Эрон ҷони худро аз даст додаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ аз кушта шудани афроди мусаллаҳ ва кашфу мусодираи садҳо тан маводи мухаддир хабар додааст. Охирин даргирӣ миёни нерӯҳои марзбонии Эрон дар Сиистон ва Балуҷистон дар зимистони гузашта рух дод, ки бар асари он як марзбони эронӣ кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG