Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба як фурӯшгоҳ дар Харков ба 14 кас расид


Харков, Украина
Харков, Украина

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи мушакии Русия ба як фурӯшгоҳи калон дар Харкови Украина ба 14 нафар расидааст.

Маъмурони наҷот мегӯянд, ба ҷустуҷӯйи ҷасадҳо идома медиҳанд. Ҳамла рӯзи 25-уми май сурат гирифт.

Иҳор Терехов, шаҳрдори Харков, рӯзи 26-уми май гуфт, ки камаш 43 нафари дигар захмӣ шудаанд. Вай дар паёме дар Telegram навишт: “Ҳадафи ҳамла маркази савдо буд, чун дар он ҷо одамони зиёд қарор доштанд. Бе ягон шак, ин терроризм аст.”

Иҳор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, гуфт, ки 16 нафар бедарак ҳастанд.

“Дар ҳоли ҳозир, тавре медонем, зиёда аз 200 нафар метавонистанд дар дохили фурӯшгоҳ бошанд. Ин зарба ба Харков боз як намунаи ҷунуни русӣ аст," – шарҳ дод президенти Украина Владимир Зеленский.

XS
SM
MD
LG