Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти ИМА Барак Обама ва ҳамсараш Мишел дар меҳмонии расмӣ дар Буэнос Айреси Аргентина бо раққосони касбӣ рақси танго рафтанд.

Президенти ИМА Барак Обама ва ҳамсараш Мишел дар меҳмонии расмӣ дар Буэнос Айреси Аргентина бо раққосони касбӣ рақси танго рафтанд. Ин меҳмониро президенти Аргентина Маурисио Макрӣ ташкил карда буд.

Хабаргузории ABC News иттилоъ медиҳад, ки вақте раққосаи касбӣ Обамаро ба рақс даъват кард, Обама нахуст ин даъватро напазируфт, аммо билохира ба рақс баромад. Баъдан Мишел Обама ҳам бо раққоси касбӣ рақсид.

Барак Обама баъди Куба ба Аргентина сафар кард. Дар 20 соли охир ин нахустин сафари расмии президенти ИМА ба Аргентина аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG