Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон аз ҷангҷӯёнашон хостанд, ҷангро бас кунанд


Ҷангҷӯёни Толиб ҳангоми суҳбат бо иддае аз сокинони рустои Аҳмадобод дар вилояти Пактико дар рӯзи 18-уми июли соли 2017.

Пас аз онки ҷангҷӯёни Толиб ба дархости ҳукумати Афғонистон барои оташбаси муваққат посухи мусбат доданд, Шӯрои олии сулҳи ин кишвар ибрози умедворӣ кард, ки замина барои сулҳи пойдор дар Афғонистон фароҳам шавад.

Толибон дар Афғонистон рӯзи шанбе бо нашри эъломияе ба ҷангҷӯёнашон дастур додаанд, ки дар се рӯзи иди Рамазон ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла накунанд.

Саид Эҳсон Тоҳирӣ, сухангӯи Шӯрои олии сулҳ рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо интизор доранд, ки оташбаси муваққат ба оташбаси доимӣ мубаддал шавад.

Ба гуфтаи ӯ ин аввалин қадам барои эътимодсозӣ аст ва метавонад, натоиҷи хуб дошта бошад. Эҳсон Тоҳири афзуд, “Умедвории мо ин аст, ки дар Афғонистон эъломи оташбас дошта бошем, чун умедвории мардуми азизи Афғонистон ва сарони миллати бузурги Афғонистон хатми ҷанг аст. Ин қадамҳо барои оғози музокироти мустақим ва рӯ дар рӯи ҳукумат ва Толибон гомҳои муҳиме бошад ва эътимодсозии бештар дар ин вақт сурат бигирад, то ин ки сулҳу суботи доимиро дар Афғонистон бо оғози музокирот мову шумо шоҳид бошем”

Толибон рӯзи шанбе ба ҷангҷӯёнашон дастур доданд, ки дар се рӯзи Иди Рамазон оташбасро риоят кунанд ва дар ин рӯзҳо нерӯҳои афғонро ҳадаф нагиранд. Толибон айни замон таъкид кардаанд, ки нерӯҳои хориҷӣ ба оташбас шомил нестанд ва ба онҳо мисли гузашта ҳамла сурат хоҳад гирифт. Дар Афғонистон феълан 15600 сарбози Амрико ва Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ҷойгир шудаанд.

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Аз ин пештар дор рӯзи 7-уми июн Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар рӯзҳои Иди Рамазон оташбаси якҷонибаро бо Толибон эълон кард, аммо гуфт, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ шомили оташбас намешаванд. Як фармондеҳи олирутбаи Амрико дар Афғонистон гуфт, ки дар ин рӯзҳо амалиёт барои маҳви ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистонро шиддат мебахшанд.

Пеш аз эълони Ашраф Ғанӣ дар бораи оташбас, гурӯҳе аз рӯҳониён дар Афғонистон бо судури фатвое гуфтанд, ки дар дини Ислом ҳамлаҳои маргталабона ҳаром аст. Дар ҳамин ҳамоиши рӯҳониён як маргталаб худро тарконда 14 нафарро кушт ва гурӯҳи ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Оташбаси ҳукумат қарор аст, рӯзи 12-уми июн шурӯъ шавад ва то рӯзи 20-уми июн давом ёбад. Ҳоло маълум нест, ки Толибон ба риояти созиши оташбас кай шурӯъ мекунанд. Иди Рамазон дар Афғонистон рӯзи 15-уми июн таҷлил мешавад. Ашраф Ғанӣ дар гузашта ҳам ба Толибон пешниҳоди оташбас кардааст, вале бори аввал аст, ки ба ин гурӯҳ пешниҳоди бе қайду шартеро ироа мекунад.

Бо вуҷуди стротегияи нави Амрико ба зидди Толибон, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп соли гузашта қабул кард, ин гурӯҳ ҳамчунон минтақаҳои бузургеро дар Афғонистон зери назорат дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG