Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас бо Толибон дар остонаи Иди Фитр


Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар остонаи Иди Фитр оташбаси муваққатӣ бо Толибонро эълон кард. Ҳанӯз маълум нест, ки вокуниши ҷангҷӯён ба ин оташбас чӣ мешавад. Оташбас, ба гуфтаи президенти Афғонистон, аз 11 то 15 июн идома мекунад. Пайғоми Ашраф Ғанӣ рӯзи 7 июн тавассути як навои видеоӣ пахш шуд. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи Рамазон ҷангҷӯён ҳамлаҳои пурхушунати худро вусъат бахшида, дар давоми як моҳи охир ва ҳам чанд моҳи пеш аз ин ҳам чандин ҳамлаи сангину пурхуне анҷом додаанд.

Ғанӣ гуфт, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон амалиёти худ зидди ҷангҷӯёни Толибонро “бас карда”, муборизаро зидди гурӯҳҳои дигари ифротии мисли “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои байналмилалии террористиву тарафдоронашон идома медиҳанд. Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер навишт: “Оташбас як имконият барои Толибон аст, ки барномаҳои худро бозбинӣ кунанд, то ки дилҳову ақлҳои мардуми афғонро ба даст оваранд”.

Сухангӯи Толибон дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нахост дар ин замина изҳори назар кунад. Дар ҳодисаи чанд рӯзи пеш як ҳамлагари бомбафкане дар даромадгоҳи Шӯри уламои Афғонистон инфиҷор кард ва дар натиҷа, 14 нафарро кушта нӯҳ танҳо маҷрӯҳ кард. Дар миёни онҳо рӯҳониёни боэҳтироми афғон ҳам буданд.

XS
SM
MD
LG