Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ВКД Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ


Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ маълумот дар бораи онҳоеро талаб кардааст, ки шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд, вале худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд.

Дар ин бора намояндаи расмии вазорат Ирина Волк дар паёмакрасони Телеграм хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар 8 моҳи соли равон 1117 нафар барои "анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ" аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд.

Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи 31-уми июл тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он агар соҳибони шиносномаи русӣ худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабтином накунанд, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Президенти Русия Владимир Путин 8 август ин қонунро имзо кард.

Ин тағйирот бо ташаббуси як гурӯҳ аз вакилони порлумони Русия пазируфта шуд. Илова ба ин, барои содир кардани ҷиноят ва ё амале, ки ба амнияти миллии Русия хатар дорад, шаҳрвандии шахс бекор карда мешавад.

Бар асоси тағйироти нав, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳам маълумотро дар бораи мардони хостори гирифтани шаҳрвандӣ ба феҳрист ё реестри қайди ҳарбӣ мефиристанд.

Мардони хориҷие, ки соҳиби шиносномаи Русия мешаванд, вазифадоранд ҳамон замон аз рӯйи суроғаи зисташон ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд.

XS
SM
MD
LG