Мақомоти низомии Исроил рӯзи 11-уми август гуфтанд, маҳаллаи ал-Ҷалъаи Хон Юнус ба далели “фаъолияти қобили таваҷҷуҳи террористӣ” дигар ҷузъе аз минтақаи башардӯстона ба шумор намеравад.
Сокинонро ба воситаи СМС ё паёмак, зангҳои телефонӣ ва варақаҳо бо забони арабӣ огоҳ кардаанд.
Ба гузориши расонаҳои Исроил, амалиёт бар асоси маълумоти дақиқи иктишофӣ сурат мегирад. Мақомоти низомии ин кишвар гуфтаанд, гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эътироф шудааст, дар минтақаи Хон Юнус зербиноҳои низомӣ дорад.
Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” қариб даҳ моҳ боз идома дорад ва боис ба кушта шудани 1200 нафар дар Исроил ва беш аз 39 ҳазор фаластинӣ дар Навори Ғазза шудааст.