Ба ин далел, Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) ва 59 созмони дигар рӯзи 26-уми август аз Иттиҳоди Аврупо хостанд, ки ҳамкориро бо Исроил боздорад ва ба зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кунад.
Дархости онҳо дар остонаи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел матраҳ шуд.
Созмонҳо дар баёнияе гуфтанд, дар даҳ моҳи ҷанг дар Навори Ғазза 130 хабарнигор ва кормандони расонаҳои фаластинӣ аз сӯйи нерӯҳои исроилӣ кушта шудаанд.
Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, аз моҳи октябри соли 2023 идома дорад. Дар ин муддат 1200 нафар дар Исроил ва беш аз 40 ҳазор фаластинӣ дар Навори Ғазза кушта шудаанд.