Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

800 ҳазор дар як сол. Муҳоҷират боз ҳам афзоиш ёфтааст (ВИДЕО)


Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар як соли ахир ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Парлумони Тоҷикистон Протоколи ислоҳи Созишномаи муҳоҷирати Тоҷикистону Русияро бидуни баҳс тасвиб кард. Тибқи ислоҳи нав, муҳлати муҷаввизи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия се сол шуд. То ҳол ин муҳлат 1 сол буд ва ҳазорон нафар муҳоҷири тоҷик маҷбур буд, соле як бор марзи Русияро гузарад ва иҷозаи худро нав кунад.

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 12-уми феврал гуфт, тасвиби ин созишнома дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ муҳим аст ва он буду боши муҳоҷирони тоҷикро дар Русия осонтар мекунад.

Хонум Тағоева афзуд, «аз таҳлилҳо бармеояд, ки яке аз сабабҳои аз тариқи маъмурӣ берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ва манъи ворид шудани онҳо ба қаламрави ин кишвар, ин риоя нашудани мӯҳлат ва тартиби буду боши онҳо дар ин кишвар мебошад. Тасдиқи протоколи мазкур ва мавриди амал қарор гирифтани он барои пешгирӣ ва кам намудани чораҳои маъмурӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон замина гузошта, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муваққатан дар Русия кору фаъолият мекунанд, мусоидат менамояд.»

Хонум Тағоева аҳамияти тасвиби ин ислоҳро дар он донист, ки шумораи муҳоҷирони корӣ ба хориҷа дар ҳоли афзоиш аст ва 90 дарсади муҳоҷирон барои фаъолият Русияро интихоб мекунанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ин санадро як дастовард меноманд, таҳлилгарон мегӯянд, он таъсири чандоне ба буду боши муҳоҷирон ва амнияти онҳо дар Русия нахоҳад дошт.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ
Аъзамшоҳи Ширговадӣ
Аъзамшоҳи Ширговадӣ, таҳлилгари масоили муҳоҷират бар ин аст, ки имзои ин созишномаро наметавон мувафаққияти комили Тоҷикистон дар амри беҳтар кардани зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, «онҳое, метавонанд то се сол иҷозаи корро тамдид кунанд, ки фаъолияти расмӣ доранд, аммо на ҳамаи муҳоҷирони мо ба таври расмӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Аз як тараф гӯё сабукӣ пешниҳод кард, вале аз ҷониби дигар мо мебинем, ки ҳамон бозии каҷ дору марезро боз ҳам идома дода истодааст. Ва тавре мо мебинем, қабл аз имзои созишнома на онқадар аз Русия ихроҷ мешуданд, ки манбаъд бо баҳонаҳои дигар. Ҳатто бо хатогиҳои кӯчак аз қабили қарзи телефон ва ё бо нодуруст гузаштан аз кӯча онҳо метавонанд муҳри ихроҷро ба шаҳрвандони мо бизананд. Ман фикр мекунам, Тоҷикистон метавонист аз ин бештареро талаб кунад, ҳадди аққал мисили Қирғизистон, ки ба муддтаи 6 моҳ шаҳрванди қирғиз озод метавонист ду шаҳрвандӣ бигирад. Вале Тоҷикистон натавонист, ки то ба ин ҳадд муваффақ шавад, на солҳои пеш ва на имсол.»

Ба бовари Аъзамшоҳи Ширговадӣ, бар ивази гузаштҳое, ки Тоҷикистон ба Русия кардааст, метавонист талаби аз ин бештарро дар хусуси ҳуқуқу зиндагии муҳоҷирини тоҷик дар қаламрави ин кишвар тақозо кунад ва Русия низ ин талабро бипазирад.

Дар ҳамин ҳол Саймиддин Дӯстов, таҳлилагари тоҷик бар ивази 49 соли буду боши артиши Русия дар Тоҷикистон, ки ҳамзамон калонтарин пойгоҳи ҳарбии ин давлат берун аз кишварашон мебошад, то се сол тамдид кардани иҷозаи корро баёнгари сатҳи пасти ҷониби Тоҷикистон дар ин гуфтшунид арзёбӣ мекунад.
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Ҷаноби Дӯстов меафзояд, «зеро аслан муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ ризо намешаванд, ки барои гирифтани иҷозати 3 сола ин миқдор пул биҳанд, онҳо ин пулро ба дигар кор истифода баранд. Аз сӯи дигар дар ҳоле, ки яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирати Тоҷикистон ин дур будани мардон аз хонадон ва дар кишвар то 350 ҳазор бевазанҳову духтарони калонсол бе ҷуфти биологӣ мондаанд, овардани ҳамчунин шарт дар созишномаи байни давлатӣ, нишонаи камсалоҳиятӣ ва бемасъулиятӣ дар сатҳи давлатӣ мебошад. Институти дуюме, ки барои муҳоҷирони мо мушкил пеш меорад, қайди ҷойи зист аст. Институти қайди муваққатӣ, ки тибқи ин санад Тоҷикистон гӯё акнун метавонанд дар муддтаи 15 рӯз онро биёранд, дар баробари институти патент, солона барои Тоҷикистон 1,3 миллиард доллар зарар меорад, зеро тақриба 32 дарсади пуле, ки муҳоҷирон ба даст меоранд, аз рӯи пажӯҳиши маркази "Индем" ба сифтаи халоспулӣ ба мақомоти қудратии Русия дода мешавад. Хулоса, ин ҳуҷҷати шармандагии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки акнун парлумон низ онро шармандавор ба имзо расонд.»

Саймиддин Дӯстов муҳоҷирони кориро дар афкори иҷтимои Тоҷикистон ба ҳайси қаҳрамонҳои миллӣ ном мебарад, ки мутассифона ҳукумати кишвар ба заҳматҳои онҳо арҷ намегузорад. Зеро ба гуфтаи таҳлилагар, ҳама гуна қонунҳое, ки дар чанд соли ахир ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон рабт мегирад, ҳуқуқҳои муҳоҷирон сарфи назар мешавад. Ҷаноби Дӯстов меафзояд, имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ҳатто нафаре ёфт намешавад, ки аз мушкилоти муҳоҷирон огаҳ ва ё ҳадди ақал барои муддати кӯтоҳ шаҳди муҳоҷиратро чашида бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки 51 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро муҳоҷирони корӣ фароҳам меоранд ва ҳаққи ҳалоли онҳост, ки дар парулмон фраксияи худро дошта бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Гузашта аз ин Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ мегӯяд, феълан қонунгузории Тоҷикистон ҳатто муҳоҷиронро аз ҳаққи номзадӣ маҳрум кардааст, чӣ расад ба соҳиби квота будан дар парлумон. Ҷаноби Кабирӣ афзуд, «ва тағийроте, ки ҲНИТ ба лоиҳаи қонун дар бораи интихобот пешниҳод карда истодааст, яке аз бандҳояш ҳамин аст, ки бояд ин садд бардошта шавад ва шаҳрвандони мо, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, ҳаққи номзад буданро дошта бошанд. Ҳадди аққал агар ҳаминро иҷозат бидиҳанд, дигар зарурат ба квота ҳам намемонад.»

Муҳиддин Кабирӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари муҳоҷирон ном мебарад ва мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти хеле зиёд, ин қишри ҷомеа лаб ба шикоят во намекунанд ва танҳо дар нисбати тақдири худ каме таваҷҷӯҳ мехоҳанд.
Аз нигоҳи ин сиёстамадор, ҳоло фурсате расидааст, ки ҷойгоҳи муҳоҷирони корӣ дар ҷомеа шинохта шаваду ҳамчун қишри беҳуқуқу бесоҳиб боқӣ намонанд.

Бо ин ҳама Русия аз ду даҳа ба ин тараф мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистон аст ва рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик асосан бо пули онҳо мечархад. Омори ғайри расмӣ теъдоди онҳоро дар Русия беш аз якуним миллион тахмин мезананд. Муҳоҷирони корӣ солона беш аз 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Муҳоҷирон дар Русия соҳиби касб мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG