Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсулоти ғизоӣ ва пули нақд – Кумаки муҳоҷирони тоҷик ба мусалмонҳои Мянмар


“Фонд Таджика” – як созмони хайриявии муҳоҷирони тоҷик дар Русия – эълон кард, ки ба 700 паноҳандаи мусалмони қавми Роҳинҷаи Мянмар дар хоки Бангладеш маводи ғизоӣ ва пули нақд кумак намудааст. Парвиз Иброҳимов, масъули созмони “Фонд Таджика”, рӯзи 24-уми сентябр бо нашри як навори видео аз маҳалли зисти паноҳандаҳо дар Бангладеш гуфт, ният доранд, ки ба 700 хонаводаи дигар молу маҳсулот дода, ба понздаҳ оилаи фирорӣ ҷойи хоб дуруст кунанд.

Ҳодисаҳои Мянмар вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барангехт. Амрико аз раҳбарони ин кишвар хост, ки ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои паноҳандагон имкони расондани кумакҳои башардӯстона ва бозгашт ба хонаҳояшонро фароҳам кунанд.

Ин кумакҳо аз пули муҳоҷироне расонда шудааст, ки тайи як моҳи ахир ба ҳисоби созмони “Фонд Таджика” дар Русия интиқол додаанд. Аммо Парвиз Иброҳимов дақиқ нагуфт, ки аз муҳоҷирони тоҷик барои кумак ба мардуми фирории Роҳинҷа чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, то ҳол маълум нест, кумакҳо аз чи навъи маҳсулоти ғизоӣ иборатанд ва ба баъзе хонаводаҳо чӣ қадарӣ пули нақд дода шуд.

Дар навори видео, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр шуд, Парвиз Иброҳимов ҳамроҳи як нафари дигар дар байни паноҳандаҳо ва дар ҳоли тақсими пули нақд ва маҳсулоти ғизоӣ тасвир ёфтааст. Дар китфи яке аз онҳо парчами Тоҷикистон ҳам дида мешавад.

Ӯ дар навори видео гуфт, "мо имрӯз ними кори худро ба анҷом расондем. Ният дорем, ки фардо ба 700 хонаводаи дигар кумак кунем. Имрӯз дар ҷое будем, ки тақсими кумак осон аст, аммо фардо ба маҳалле меравем, ки бояд кумакҳоро дар ба дар тақсим кунем. Ба хонаводаҳое, ки барои гирифтани кумак омада натавонистанд, пули нақд додем, бигзор чизе мехоҳанд бигиранд."

Тамоси батакрори мо бо Парвиз Иброҳимов то ин дам бенатиҷа буд. Аммо худи ӯ дар видеои нашркардааш мегӯяд, аз ҷараёни тақсими кумак лаҳза ба лаҳза иттилоъ дода, гузориши ниҳоиро баъди бозгашт ба Маскав эълон менамояд.

Муҳоҷири тоҷик: "Мо ишораи Рамазон Қодировро мунтазирем"

Масъули “Фонд таджика” дар Русия ду ҳафта қабл бо нашри даҳҳо навор дар мавриди озору азияти мусулмонон дар Мянмар аз тамоми муҳоҷирони тоҷик хоста буд, ки дар суратҳисоби вежаи онҳо дар “Сбербанк”-и Русия ҳадди имкон барои кумак ба мусулмонони паноҳандашуда пул фиристанд. Баъдан ӯ аз ҷараёни нишастанаш ба ҳавопаймо ва расиданаш ба пойтахти Бангладеш видеоӣ хабар дода буд. Аммо дурустии тамоми иттилои ироакардаи ӯ аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Як лагери паноҳандаҳои мусалмони Мянмар дар Бангладеш
Як лагери паноҳандаҳои мусалмони Мянмар дар Бангладеш

Тайи як моҳи ахир беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Мянмар ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардаанд. Ҳодисаҳои Мянмар вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барангехт. Амрико аз раҳбарони ин кишвар хост, ки ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои паноҳандагон имкони расондани кумакҳои башардӯстона ва бозгашт ба хонаҳояшонро фароҳам кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар аввали моҳи сентябр дар як суҳбати телефонӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, ҳодисаҳои Мянмарро маҳкум карда ва онро натиҷаи исломбадбинӣ номид. Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам аз мардум хост, ки дар ҳаққи мусалмонҳои Мянмар дуо кунанд.

Аммо ҳукумати Мянмар ҳамеша иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда ва гуфтааст, ки фақат шӯришгаронро саркӯб карда буд.

Тоҷикон дар бораи Мянмар чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

XS
SM
MD
LG