Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар миёни боздоштшудаҳои ҳамоиши ҳимоят аз мусалмонони Мянмар


Акс аз навори торнамои "Фонтанка"
Акс аз навори торнамои "Фонтанка"

Як ҳамоиши бидуни иҷоза барои ҳимоят аз мусалмонони Мянмар дар шаҳри Санкт-Петебурги Русия пароканда ва беш аз 130 нафар аз иштирокдорони он боздошт шуд. Расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ҳанӯз шумораи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дақиқ нест. Танҳо дар як наворе, ки торнамои "Фонтанка" дар шаҳри Санкт-Петербург нашр кард, дида мешавад, ҳангоми боздоштҳо аз сӯи пулис чанде бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Расонаҳои Русия гуфтанд, ки дар ин ҳамоиш тақрибан дусад нафар иштирок кардаанд.

Усмон Раҳматов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри-Санкт-Петербург рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Телеграм" паёме дар миёни мусалмонони ин шаҳр паҳн шуд, ки онҳоро барои иштирок дар як гирдиҳамоӣ даъват мекард. Дар ин паёмак хоста шуда буд, ки ин даъватномаро барои мусалмонони дигар ҳам бифиристанд.

Як муҳоҷири дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, баробари расидани ин паёмак, он ба зудӣ дар миёни муҳоҷирон паҳн шуда ва бархе тасмим гирифтанд, ки дар ин ҳамоиш ширкат кунанд. "Аммо ман ва чанд муҳоҷири тоҷик ва узбак ба натиҷае расидем, ки бар асоси як паёмаки ношинос ба ин гирдиҳамоӣ наравем. Ҳоло мебинем, ки тасмими дуруст гирифтаем", - гуфт ин муҳоҷири тоҷик. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, то ҷое огоҳӣ доранд, баъзе аз муҳоҷироне, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, барои муддате боздошт шудаанд.

То ба ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгарии кишвар дар Санкт-Петербург дар ин бора ҳеҷ иттилое надоданд.

Видео: Тоҷикон дар бораи Мянмар чӣ мегӯянд?

Тоҷикон дар бораи Мянмар чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Ҳафтаи гузашта намоиши эътирозии мусалмонҳо бо пуштибонӣ аз қавми Роҳинҷаи Мянмар дар Маскав баргузор шуд. Тазоҳурот дар ҳоле қатъ шуд, ки намояндаи номаълуме аз тарафи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эътирозгаронро ба парокандашавӣ даъват кард.

Худи Қодиров дертар гуфт, ки агар Русия аз таъқиби Роҳинҷа пуштибонӣ кунад, ӯ ба ин мавқеъ мухолиф хоҳад буд. Баъдан, рӯзи душанбе тазоҳуроти ҷонибдории Роҳинҷа дар Грозний, пойтахти Чеченистон баргузор шуд. Мақомоти Чеченистон мегӯянд, ки дар он беш аз миллион нафар иштирок кард. Аммо ба гуфтаи нашрияи "Кавказ-реалии" (тарҳи Радиои Озодӣ) теъдоди иштирокдорон бештар аз 150 ҳазор нафар набуд.

Дар Мянмар, ки бахши умдаи аҳолиашро буддоиҳо ташкил медиҳанд, мусалмонҳои Роҳинҷа таҳти таъқиби мақомоти маҳаллӣ қарор доранд. Даҳҳо ҳазор намояндаи ин қавм дар ин авохир иҷборан аз кишвар фирор кард. Дар як ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар дар задухурди байни мусалмонҳо ва буддоиҳо қурбон шуданд.

XS
SM
MD
LG