Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони дар бозори "Садовод" боздоштшуда озод шуданд


Тибқи тозатарин хабарҳо, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми август дар ҷараёни як рейд дар бозори “Садовод"-и Маскав боздошт шуданд, раҳо шуданд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин афрод пас аз таҳқиқи мақомоти марбута озод шуданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав 106 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Даҳ нафари онҳо дар «хаймазиндон» ё лагер барои нигаҳдории муҳоҷирон қарор доранд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати дар Русия рӯзи ҷумъа дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе дар иди Фитр намояндагони сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин лагер ба муносибати ид ғизо бурданд. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, бинобар адами шароити мусоид барои нигаҳдории хӯрок, набуди яхдонҳо, маъмурияти қароргоҳи паноҳандагон интиқоли ғизоро аз дасти хешовандони боздоштшудаҳо иҷозат намедиҳад. Айни ҳол ҳар гуна мавод ба боздоштшудаҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи сафорат дастрас мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои русӣ аз паҳн шудани бемориҳо дар миёни боздоштшудаҳо хабар дода гуфтаанд, ки гӯё ҳудуди 20 нафар ба бемории номушаххас гирифтор шуданд. Оқои Эгамзод гуфт, ки саломатии шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик хуб аст ва онҳо шикояте надоранд. "Беморон дар миёни виетнамиҳои боздоштшуда ба қайд гирифта шудаанд", гуфт ӯ.

Ҳукумати шаҳри Маскав ҳам пас аз ошноӣ бо вазъи санитарии хаймаҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳраки Голяново, ба Шӯрои президенти Русия нома ирсол дошта, вуҷуди бемориҳои уфунӣ дар ин хаймаҳоро бесос шуморидааст.

Тавре ҳукумати Маскав рӯзи 9-уми август дар сомонаи худ мегӯяд, бар асоси муроҷиати даҳҳо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, вазъи беҳдоштӣ ва беҳдории хаймаҳоро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст, ки шароити зист дар ин хаймаҳо аз тарафи Раёсати «Роспотребнадзор», ва Департаменти тандурустии шаҳри Маскав назорат бурда мешавад: «Дар дохили хаймаҳо ду гурӯҳи пизишкон амал мекунад, ки ҳамарӯза вазъи беҳдоштиро бозрасӣ мекунанд ва барои муҳоҷирон дар инҷо се вақт бо хӯрданӣ таъмин шуда, шариоти риояи тозагии бадани онҳо фароҳам оварда шудааст».

Ҳукумати Маскав мегӯяд, ки то кунун дар ҳеҷ кадом аз хаймаҳои Гляново хуруҷи бемориҳои уфунию исҳолӣ ба мушоҳида нарасидааст. Дар ин нома ҳукумати шаҳри Маскав зикр кардааст, ки дар наздиктарин фурсат хаймаҳо ба ҷои дигар, ба як лагери тобистонаи кӯдакон интиқол дода хоҳанд шуд.

Амалиёти поккорӣ дар бозорҳои Маскав баъд он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл маъмури пулис Антон Кудряшов ҳангоми талоши боздошти як гумонбар дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо қарор гирифт. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд.

Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба пулис ҳамла карда, сари ӯро зада кафондаанд. Расулов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, кормандони пулисро авбошони мусаллаҳ гумон бурдааст. Бар пояи ду банди Қонуни ҷиноии Русия (317 ва 318) ҳуҷум ба ходими пулис ҷурми ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва муҷрим метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад.

Ба иттилои раёсати умури дохилаи Маскав, дар ҷараёни амалиёт дар бозорҳои пойтахт 1436 тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Беш аз 4,5 ҳазор муҳоҷир мавриди тафтиши кормандони полис қарор гирифтаанд. Фақат дар як амалиёт дар шарқи Маскав 1200 шаҳрванди Вйетнам дастгир шуданд, ки дар 20 коргоҳи ғайриқонунӣ ба тавлиди либосҳои тақаллубӣ машғул буданд. Аксари бошандагони қароргоҳи муҳоҷирон дар Маскав баъди ҳукми ниҳоии додгоҳ ба ватани худ истирдод мешаванд. Ингуна сарнавишт шаҳрвандони Тоҷикистонро низ интизор аст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG